mt3.org

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар филме бо номи «Решаҳои ноаён» ба намоиш гузошта шуд, ки намоишномаи мазкур фаъолияту кирдорҳои ғайриинсонона ва нақшаву ниятҳои ғаразонаи роҳбарону аъзоёни хизби мамнуъ эълоншудаи ТЭТ ҲНИТ-ро инъикос мекард. Баъди тамошои ин филм имрӯз бори дигар шоҳид гардидем, ки Кабирӣ ва дигар роҳбарону аъзоёни ТЭТ ҲНИТ дар асл  кӣ буданд ва аз Тоҷикистону мардуми кишвар чӣ мехостанд. Яъне онҳо аз баҳри сарвату боигарӣ Ватан, давлат, халку миллати хешро фурухта хоини миллат гардиданд.                                                                                                                               Инчунин аз филми мазкур ба хусола омадем, ки кишвари ба ном дӯсту бародар бо Тоҷикистони азизи мо  Ҷумҳурии исломии Эрон дар асл асосгузору поягузорӣ ТЭТ ҲНИТ ва тамоми бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандие, ки зиёда аз 200 ҳазор хуни ноҳак рехта шуду то ба имрӯз аз даму нафаси мардум нарафтааст, буда ҳамеша талош намудааст, ки бо воситаи роҳбарону аъзоёни ТЭТ ҲНИТ оромиву осудагии тоҷиконро халалдор сохта, мардуми кишварро ба шиагороӣ роҳнамоӣ созанд. Аз ин рафтори онҳо маълум мешавад, ки онҳо ҳоло ҳам аз паи пиёда намудани нақшаҳои худ буда бо воситаи ғуломони худ, Кабирӣ ва дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИТ  аз хориҷ истода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  ба сӯи Тоҷикистону мардуми кишвар санги маломат мепартоянд.                                                 Бо вуҷуди ин қадар хиёнатҳову амалҳои зиште, ки наҳзатиён дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ карданд, боз ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо онҳо созиш намуданд, сулҳ баста онҳоро ба Ватан баргардонданд. Имрӯз бошад ба ин ҳама ғамхориҳову дастгириҳои Пешвои муаззами миллат шукр накарда мисли кӯрнамак боз мехоҳанд, ки дар кишвар табаддулотро ба миён оранд.             Дар охир аз ҳамаи амалҳои Кабириву наҳзатиён хулоса карда гуфтан мумкин, ки ба онҳо бовар намудан хатост. Зеро онҳо ба ихтиёри худ нестанд, балки бозичаи дасти душманон ва бадхоҳони ин миллати тоҷик ва ин давлат ҳастанд ва намехоҳанд, ки ин миллат ва ин давлат рушд кунад ва тинҷу ором бошад.

 

Боймуродов Фирдавс,                                                                                                                     мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита                                                                                     бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод.

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд