Хабарҳо
02 Июль 2018
Инсон дар давоми зиндагонияш дар ин дунё бояд кӯшиш намояд, то мӯҷиби озори кас нагардад. Аз шахси мардумозор мардум ҳам безору Худо ҳам. Озору изои бандаи муъмин ҳаром дониста шудааст дар Ислом. Аммо терроистон дар зери сояи дини поки Ислом худро “равандаи роҳи рост” пиндошта, ҳар амали носавобу номаҳмуди содирнамудаи хешро “дар роҳи ризоияти Худо” вонамуд месозанд.
Бароямон пӯшиде нест, ки дар таърихи 24-уми августи соли 2004 террористон дар вилоятҳои Тула ва Ростови Россия самолётҳои Ту-154 ва Ту-134-ро дар осмон кафонданд, ки дар натиҷа 90 инсон ба халокат расид. Санаи 11-уми сентябри соли 2001 дар ИМА террористон чаҳор самолётро ғасб карда, ба ду биноҳои клонтарини шаҳри Нью – Йорк хамчун ракета равона сохтанд дар натиҷа 6000 хазор одам ба ҳалокат расид.
Баъдтар ҷустуҷӯҳо нишон доданд, ки он амалҳои террористон, ки дар боло зикрашон кардем аз ҷониби мардуми муқимии он ҷо ба амал бароварда шудааст. Дӯст доштани Ватан аз имон аст, мегӯянд дар халқ. Воқеан аламовараш он аст, ки ҳамватани худ ба самти муқобил гузашта сӯи Ватани худ санг занад. Оиди ин гуна шахсон шоири тавонои форсу тоҷик Бадриддини Ҳилолӣ чунин мегӯяд:
Чу нон бардоштӣ хонро маяндоз,
Намак хӯрдӣ намакдонро маяндоз
Ватан маскане, ки дар он мо чашм кушода оламрову одамро дида, бузург шудем. Ватан мактабест, ки дар он мо таҷрибаи зиндагӣ омӯхтему сараро аз носара ҷудо намудем. Ватан хонаест, ки мо бо аҳли оила як бурида нони онро тақсим намудему осуда хобидем. Он вожаест, ки ҳамроҳи модар ба забон гирифта Модар-Ватан меномем. Санге, ки сӯи Ватан мезананд он санг бегумон ба сӯи модар нигаронида шудааст. Он маскане, ки дар он мактабу хонаи мо ҷойгир аст, оё шоиста аст, ки вайрону валангораш кунем? На, баракс, он хонаву мактабе, ки дар он маскан фарсуда шудааст обод намоему дар оғӯши он дигар кӯдаконро парвариш созем.
Игамова Ирода омӯзгори Коллеҷи
омӯзгории н. Зафаробод




Раиси ноҳия сокинони Ҷамоатро ба обод намудани маркази саломатии мазкур даъват карданд. Ин ташаббуси ободкоронаи раиси ноҳияро сокинони Ҷамоат ба хуби пазируфтанд. Як нафар собиқадори меҳнат Турдиев Бозорбой, ки солҳои дароз дар Ҷамоати мазкур зиндагӣ мекунад, суханрони намуда қайд кард, ки мехост бо пасандози ҷамъ намудаи худ сафари ҳаҷ намояд, аммо баъди суханронии раиси ноҳия тасмим гирифтааст, ки маблағи ҷамъ намудаашро, ки ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ мебошад барои таъмири Маркази саломатии мазкур харҷ намояд. Инчунин дигар сокинони Ҷамоат низ суханрони намуда таъкид намуданд, ки саҳми хешро дар раванди таъмири Марказ мерасонанд. Дар охири вохӯрӣ раиси Ҷамоати Меҳнатобод Шукуров З. баромад намуд таъкид кард, ки якҷоя бо мардуми ободкори Ҷамоат Маркази саломатиро то ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз таъмири кулл мебароранд. 


