mt3.org

Инсон дар давоми зиндагонияш дар ин дунё бояд кӯшиш намояд, то мӯҷиби озори кас нагардад. Аз шахси мардумозор мардум ҳам безору Худо ҳам. Озору изои бандаи муъмин ҳаром дониста шудааст дар Ислом. Аммо  терроистон дар зери сояи дини поки Ислом худро “равандаи роҳи рост” пиндошта, ҳар амали носавобу номаҳмуди содирнамудаи хешро “дар роҳи ризоияти Худо” вонамуд месозанд.

Бароямон пӯшиде нест, ки  дар таърихи 24-уми августи соли 2004 террористон  дар вилоятҳои Тула ва Ростови  Россия   самолётҳои Ту-154 ва Ту-134-ро  дар осмон кафонданд, ки дар натиҷа  90  инсон ба халокат расид. Санаи 11-уми   сентябри соли 2001  дар ИМА террористон чаҳор самолётро ғасб карда, ба ду биноҳои клонтарини шаҳри Нью – Йорк  хамчун ракета равона сохтанд дар натиҷа 6000 хазор одам ба ҳалокат расид.

Баъдтар ҷустуҷӯҳо нишон доданд, ки он амалҳои террористон, ки дар боло зикрашон кардем аз ҷониби мардуми муқимии он ҷо ба амал бароварда шудааст. Дӯст доштани Ватан аз имон аст, мегӯянд дар халқ. Воқеан аламовараш он аст, ки ҳамватани худ ба самти муқобил гузашта сӯи Ватани худ санг занад. Оиди ин гуна шахсон шоири тавонои форсу тоҷик Бадриддини Ҳилолӣ чунин мегӯяд:

Чу нон бардоштӣ хонро маяндоз,

Намак хӯрдӣ намакдонро маяндоз

Ватан маскане, ки дар он мо чашм кушода оламрову одамро дида, бузург шудем. Ватан мактабест, ки дар он мо таҷрибаи зиндагӣ омӯхтему сараро аз носара ҷудо намудем. Ватан хонаест, ки мо бо аҳли оила як бурида нони онро тақсим намудему осуда хобидем. Он вожаест, ки ҳамроҳи модар ба забон гирифта Модар-Ватан меномем. Санге, ки сӯи Ватан мезананд он санг бегумон ба сӯи модар нигаронида шудааст. Он маскане, ки дар он мактабу хонаи мо ҷойгир аст, оё шоиста аст, ки вайрону валангораш кунем? На, баракс, он хонаву мактабе, ки дар он маскан фарсуда шудааст обод намоему дар оғӯши он дигар кӯдаконро парвариш созем.

Игамова Ирода омӯзгори Коллеҷи

омӯзгории н. Зафаробод

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд