mt3.org

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 январи соли 2024 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Подробнее

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /НИАТ «Ховар»/. 12 января 2024 года в городе Баткене Баткенской области Кыргызской Республики состоялась встреча сопредседателей правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы — Саймумина Ятимова и Камчыбека Ташиева. Об этом НИАТ «Ховар» сообщили в Государственном комитете национальной безопасности Республики Таджикистан.

Подробнее

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Подробнее

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ аз пайравони гуруҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида онҳо бо ин амали нангини фарзандашон миёни хешу табор ва аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзанди онҳо ҳам ба Ватан – модар ва ҳам мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.

Одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳни ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазир буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» тозаю покиза аст, ифроту хурофот пур карда мешавад. Азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон шефтаю мутамоили ақидаи бебунёд мешаванд.

Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гуруҳҳои ифроти ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст, яъне у бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душман ба миллати худ қарор мегирад. Мутаасифона аксари ҷавононе, ки ба гуруҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гуруҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки «мо бояд ба ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем,  ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба инҳо нафрат доранд. Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро масъалаи доғи рӯз аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал мубориза барем.

 

Муовини раиси ноҳия

Абдусаломзода М.А.

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд