mt3.org

 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ

НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲоИ ХОЛИИ МАЪМУРии хизмати давлатӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Воҳидҳои сохтории мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

1. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218,00 сомонӣ;

2. Сармутахассиси бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ 1902,40 сомонӣ;

3. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ;

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия

4. Мутахассиси пешбар - андозчии Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ1554,40 сомонӣ;

5. Сармутахассис – сармухосиб-оморчии Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ1902,40 сомонӣ;

6. Мутахассис (оид ба корҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа) Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218,00 сомонӣ;

7. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Равшан -1 ҷой, маоши мансабӣ 1902,4 сомонӣ;

8. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Равшан -1 ҷой, маоши мансабӣ 1902,40 сомонӣ;

9. Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Зафаробод 1 ҷой, маоши мансабӣ1902,40 сомонӣ;

10. Мутахассиси Ҷамоати шаҳраки Зафаробод 1 ҷой, маоши мансабӣ1218,00 сомонӣ;

11. Мутахассиси пешбар (оид ба корҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа) Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳ.Алиев -1 ҷой, маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ;

12. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбӣ Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳ.Алиев -1 ҷой, маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ва ё миёнаи касбӣ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1

пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд);

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

ноҳияи Зафаробод, кўчаи Исмоили Сомонӣ №37, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, телефон:  (8-34-52) 5-21-98, 92 874-36-01

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

 

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Конститутсия зербино ва аркони давлатдорист, зеро он қонуни асосии ҳар давлат буда, тамоми санадҳои қонунгузории дигар дар асоси он таҳия, қабул ва амалӣ мегарданд. Бар ин маъно, асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷикон, бавижа шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ва муҳимтар аз ҳама, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим ба вуҷуд омаданд. Мусаллам аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) Конститутсия қабул гардидааст. Агар чор Конститутсияи аввал дар замони шӯравӣ ва аз ҷониби мақомоти намояндагӣ қабул шуда бошанд, Конститутсияи охирон замони истиқлол ва тариқи раъйпурсии умуммихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқиест, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро бевосита ифода мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки кори таҳияи Конститутсияи мазкур ҳанӯз дар замони Шӯравӣ аз соли 1989 ва махсусан, пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон то соли 1994 идома дошт, вале танҳо дар давраи Сарвари давлат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси ӯ қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шуд. Маҳз ҳамин давлатмард тавонист дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ, вазъияти муташанниҷи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва баргузории маъракаи раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияро таъмин созад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши худ дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи кулли СММ аз 30-юми сентябри соли 1993 иброз дошта буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад ва дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад.

Ба буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар нигоҳ накарда, бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи калони мутахассисону коршиносон дар моҳҳои сентябр-октябри соли 1993 ба кишварҳои хориҷа, аз қабили Шветсария, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои омӯзиши таҷрибаи конститутсионӣ фиристода шуданд. Аз ин сабаб бо вуҷуди дар давраи ҷанги шадиди шаҳрвандӣ таҳия гаштани Конститутсия, аъзои гурӯҳи корӣ тавонистанд, ки дар он беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитриро инъикос намоянд ва дар натиҷа Конститутсияи мазкур аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътирофу ворид гашт. Бо назардошти ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузор кардани маъракаи раъйпурсӣ дар соли 1994 яке аз намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва маҳорати баланди сиёсӣ доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Бешубҳа, метавон таъкид намуд, ки бо азму иродаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабули ҳамин ҳуҷҷати муҳим - Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар як давраи аз нигоҳи амниятӣ ва сиёсӣ ниҳоят ҳассос тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар меҳвари он иродаи бузургу ҷасуронаи Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз ҳамин санади тақдирсоз тавонист заминаи мустаҳками ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам оварад, ки ба сиёсати дурбинона ва санҷидашудаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.

Тавре зикр кардем, Конститутсияи амалкунанда дар тафовут аз қонунҳои асосии пешинаи Тоҷикистон нахустин конститутсияест, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, яъне дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба ҳамраъйии миллат роҷеъ ба масоили асосҳои сохтори конститутсионӣ – хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон, иттиҳодияҳои онҳо, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати хориҷии он, инчунин ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамин санад ифода гардид. Бо қабули Конститутсия ҳамраъйии аксари аҳолии тамоми маҳаллу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маълум гардида, заминаи ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Ин ҷо бояд махсус таъқид сохт, ки мардуми тамоми маҳалҳои Тоҷикистон, дар он рӯзҳо шояд аксарият мазмуну моҳияти муқаррароту арзишҳои дар Конститутсия ифодаёфтаро дуруст дарк карда наметавонистанд, вале фикр мекунам, онҳо хеле хуб дарк карда буданд, ки қабули Конститутсия дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва побарҷоии давлати соҳибихтиёри тоҷикон заминаи устувор хоҳад гузошт. Ғайр аз ин, Конститутсияро ҷонибдорӣ кардани аксари кулли мардуми кишвар ифодагари боварию эътимоди онҳо ба Сарвари давлат ва сиёсати пешгирифтаи ӯ буд.

Лозим ба ёдоварист, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар як вақт бо қабули Конститутсия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор бевосита аз ҷониби халқ ҳамчун Президенти кишвар – сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) интихоб гардид ва бо ин интихоби тақдирсоз роҳи дурахшон ва ваҳдату якдилии миллат муайян карда шуд. Тавре равиши минбаъдаи воқеияти таърихӣ нишод дод маҳз ҳамин интихоб сабабгори пойдору побарҷо мондани давлати тоҷикон ва ваҳдати миллат гашт. Миллати тоҷик маҳорати роҳбарӣ ва кордонию сиёсатмадории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ду соли Раиси Шӯрои Олӣ буданаш эҳсос намуда, ӯро Президенти кишвар интихоб кард ва Пешвои худро дар ин рӯз бевосита ва бехато дарёфт намуд.  Яъне маҳз ҳамон насли тоҷик, ки Конститутсияро қабул карда буд, нахустин маротиба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби президентӣ интихоб намуд. Маҳз ҳамин насли халқи тоҷик худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъулу вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуданд ва Конститутсияро қабулу эълон доштанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванде, ки дар интихобот ва раъйпурсии 6-уми ноябри соли 1994 иштирок намудааст, ба андешаи мо, дар кори пойдории давлати тоҷикон нақши муҳим гузошта, барои наслҳои минбаъда бояд шоистаи арҷгузориву қадршиносӣ бошад.

Қадршиносии кори ин нафарон ва муқаддас донистани Конститутсия аз ҷониби мо ва наслҳои оянда, пеш аз ҳама, дар риояю иҷрои бемайлони меъёрҳои қонуни асосӣ ифода мегардад. Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо насли имрӯзу оянда ва махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар кору пайкори ҳаррӯзаашон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзанд.

Ҳасанова З.М. -муаллими калони кафедраи эпидемиологияи ДТТ

 

 

 

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: “Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин, забон ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад”.

Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин,аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиёт ва амсоли инҳо дониста мешавад.

Экстремизм бошад, хислати чудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин хулоса намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд. Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёсӣ олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вучуд меоранд.

Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро бояд ҳифз кард. Таҷриба исбот кардааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чи қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр кард, ки падидаҳои мазкур асоси ҳамагуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар давлате ки оромиву, сулҳу субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Чун раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбии онро азхуд кунему муттаҳидтар бошем, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем.

Муноҷот Акрамова -

омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, ноҳияи Зафаробод

 

 

ГАР, ВАТАН, ДИЛРО ТУ МЕХОҲӢ, ФИДО СОЗАМ БА ҶОН!

“Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

Ҳарчанд ки то даврони истиқлолият, бахусус, дар даҳсолаи охири мавҷудияти давлати шуравӣ, яъне дар солҳои 80-уми асри ХХ, шоирону нависандагони тоҷик бо эҳсоси баланду завқи махсус оид ба мавзӯҳои алоқаманд ба миллату худшиносии миллӣ ва хештандориву ватандорӣ, эҳтиром аз таърихи гузаштаи миллат асарҳое хубе рӯйи саҳфа оварда буданд, аммо ин мавзӯъ дар даврони пас аз истиқлолият ба нуқтаи баландтарин такмили худ расид. Барои он ки ҳисси ватандӯстиву ватанпарвариро тасаввур кунем, аз ватанпарварони музаффаре чун Темурмалик ва Ҳабиб Юсуфии ёдовар мешавем. Дар таърих сабт шудааст, ки вақте ҷасади қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро пайдо мекунанд, аз бари ӯ як каф хок ва қоғазпорае меёбанд. Дар он чунин мисраҳо сабт будаанд: “Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу, во ҳасрато, ки орзу мебарам ба хок”. Чунин рафтору кирдори қаҳрамони Ватан метавонад боз садҳо нафаронро ҳамчун ҳимоятгару дӯстдори Ватан тарбия кунад. Шоири оташнафас ва таронасарои Ватан Ҳабиб Юсуфӣ бо шеърҳои пурманзум меҳри ватандӯстиро исбот кардааст.

Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,

Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон.

Меҳри Ватан, албатта, барои ҳар инсони соҳибдиле аз ишқи зодгоҳ ва муҳаббат бар он сарзамине, ки дар он ҷо ҷашм ба олами ҳастӣ овардааст, оғоз меёбад. Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодат мебошад. Бинобар ин, мо бояд дар замири ҷавонон ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи ватанро парвариш намоем.

Гар дар ин дунё нишоти зиндагӣ қимати умр аст,

Қимати ман бе Ватан беқимат аст.

Ҷонсупорӣ баҳри тақдири азал гар ҳиммат аст,

Ҳиммати ман бе Ватан беҳиммат аст,

Ҳиммати беҳимматӣ бар одаме гар ҳикмат аст,

Ҳикмати ман бе Ватан беҳикмат аст.

Яъне қадру қиммату баҳову хубии умр агар шодиву сурур бошад, бе Ватан умри мо қимат надорад, шодиву сурур ва ҳузур надорад.

Хулоса, аксар шоирони муосири мо шукронаи замон ва Ватан намуда, мекӯшанд, ки бо тасвир ва навоварӣ зебоиву гувороӣ ва муқаддасу азиз будани Ватанро тараннум намоянд. Агар ба байтҳои боло эътибор диҳем, дар ҳамааш моҳияти якранг чун фарзанди содиқи кишвар барои Ватан ҷон фидо кардан, Ватанро азиз донистан шиори мо ҷавонон ҳаст.

Фирӯз АРАБЗОДА, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз саҳифаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар facebook

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд