mt3.org

Сомонаи ифротии “Ахборком”, ки бо пахши маводҳои иғвобарангезонааш маълум аст, рӯзҳои охир ба мавзӯи ошуби маҳбусони зиндони Хуҷанд часпидааст ва мисли ин ки дар ин маврид бо наҳзатиҳо ҳаммаслаку ҳамақидааст. Зеро дар инъикоси ин ҳодиса айнан мисли террористони наҳзатӣ аз ҷинояткорон пуштибонӣ мекунад.

Аз ҷумла, амалиёти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро бар зидди ҷинояткорон “бераҳмона” меҳисобад. Вале амалиёт бар зидди ҷинояткороне ки мусаллаҳ ва хеле хатарноканду кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо ваҳшоният мекушанд, чӣ гуна бораҳмона буда метавонад?

Подробнее

Ифротгароӣ, палидӣ ва нобакории наҳзатиҳо то ба ҷойе расидааст, ки ҳатто аз бадбахтиҳо ва маргу мурдаи инсонҳо ҳам ба манфиати худ истифода мекунанд. Масалан, имрӯз роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ тамоми неруи аҳримании худро ба кор андохта, дар атрофи ошуби дар зиндони Хуҷанд ба амал омада афсонабофӣ мекунанду ба Ҳукумати кишвар туҳмат мезананд.

Подробнее

Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, бо ҳукми додгоҳ ба зиндон кашидашудаанд, доду бедодро роҳандозӣ намуда, вобаста аз тавсияҳое, ки СММ дар бобати парвандаҳои мазкур пешниҳод намудааст, онҳоро ба ҳайси амри ногузир аз мақомот талаб доранд. Тайи се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо тамоми тавони хеш кўшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҳукми ҷазои барои аъмоли зиддимиллӣ ва зидиинсонии содирнамуда гирифтаашон озод кунанд.  

Подробнее

Созмони номафҳуми КШНГЗТ, ки шартан онро АБВГДейка меномем, хилофи имлои забони тоҷикӣ иншо шудааст ва касе намедонад ин чӣ мафҳум аст, хостори таъсиси комиссия барои таҳқиқи куштори маҳбусон дар зиндон шуд. Ин хабарро сомонаи оппозитсияи фирорӣ, ифротӣ ва зиддимиллӣ payom.net нашр кардааст.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд