06 Март 2019
Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зафаробод оид ба ташкили вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, масъулияти ватандорӣ ва меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динии экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои байналхалқии террористӣ санаи 5-уми матри соли равон дар қасри фарҳанги ноҳия вохӯрӣ бо хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Боймуродов Ф. - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия баромад намуда, қайд намуд, ки падидаҳои номатлуб-терроризм ва экстремизм дар аксар давлатҳо ба монанди Сурия, Ироқ ва Авғонистон ҳамчун вобаи аср доман паҳн карда ба ҷомеаи ҷаҳони хатари ҷиддиро ба миён овардааст. Таъкид гардид, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав тавонистаанд, ки чандин нафар ҷавононро фирефтаи доми хеш намуда бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Қайд карда шуд ки сабаби асосии шомилшавии ин тоифа ҷавонон ин бинобар сабаби паст будани донишҳои динӣ сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки террроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир буда, хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор овардааст. Имрӯз ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро мебояд дар пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир саҳми худро гузорад. Зеро бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавон муборизаи беамон бурд.
Инчунни дар назди иштирокчиёни вохӯрӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Авезов Б., мушовири шуъбаи мориф Сафарова Ф. ва директори Литсейи №1-и ноҳия Муллоев Н., баромад намуда, зикр намуданд, ки ҷавонон бояд бо эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва ҳисси миллӣ талаботи волоияти қонунро муқаддас шуморида, дар мубориза бо тундгароӣ ва ифротгароӣ ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод Гадоев У.