25 Сентябрь 2024
МУРОҶИАТНОМАИ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод
ба сокинони ноҳия
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2024 барои сокинони Ватани азизамон соли пурмаҳсул, соли ҷашнгирии чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯйдоди таърихӣ ва дастоварди бузурги мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, рост омадааст. Мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди ноҳияи Зафаробод дар қатори дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани сол аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.
Дар доираи омодагӣ ҷиҳати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди сазовор ҷашн гирифтани ин санаи муқаддасу бузурги миллиамон мо бояд корҳои зиёди бунёдгариро амалӣ намоем, тамоми захираву имкониятҳоро барои таъсиси корхонаҳои хурду бузург сафарбар намуда, баҳри муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ба ҳамватанонамон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқамон чораҳои заруриро роҳандозӣ намоем. Дар ин ҷода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боварӣ дорад, ки Шумо – сокинони бо нангу номуси ноҳия ба хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳои шаҳраку деҳот, назди идораҳои ташкилоту муассисаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, бо меҳнати дастҷамъона ба ноҳия ҳусни тоза зам менамоед. Мо боварӣ ва умед дорем, ки мардуми бомаърифати Зафаробод ба масъалаҳои рушди деҳот, бунёду таъмири роҳҳо, таъсиси корхонаҳои коркард ва махсусан зебо гардонидани маҳалли зист, гулгашту майдонҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Тозаву озода ва гулпӯшу ҳамешасабз нигоҳ доштани атрофи биноҳои баландошёна, бозору марказҳои савдо, роҳраву гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, майдону варзишгоҳҳои ноҳия, риояи талаботҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои ҳар яки мову шумо қарзи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, баёнгари фарҳанг ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин маврид вакилони халқ, роҳбарони ташкилоту муассиса, пирони рӯзгордида ва фаъолони маҳаллаҳо ҷиҳати ободониву созандагӣ, ташаккули маърифат ва риояи суннатҳои диёрдорӣ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2025 мову шумо 60 солагии таъсисёбии ноҳияамонро ҷашн мегирем. Барои бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни диёр мо бояд аз ҳозир ба корҳои ободониву созандагӣ шурӯ намоем. Имрӯз мо ба шаҳрвандонамон, ки берун аз марзи ноҳияву кишвар ва дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд низ муроҷиат намуда, даъват менамоем, ки дар ободонии ноҳия саҳми худро гузоранд. Барои вусъати амалҳои дастҷамъонаи ободонию созандагӣ, ба ин васила обод намудани шаҳрак, деҳа, маҳалла ва хонаи худ ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ барои фарзандон, падару модар ва наздиконашон даъват мекунем, ки дар ҳиссагузорӣ фаъолтар бошанд. Зеро ин ҳамдиёронамон низ дар ҳар ҷое, ки бошанд меҳру муҳаббати Ватан ва зодгоҳ дар қалбашон ҷӯш мезанад ва баҳри ободии Тоҷикистони азизамон бетараф нестанд.
Бо истифода аз фурсат ба соҳибкорони муваффақу саховатпеша ва олиҳиммат, ки бо дасту дили гарм ва ҳисси баланди ватандорӣ дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоем ва боварӣ дорем, ки дар ин ҷода минбаъд низ камари ҳиммат мебанданд.
Бо чунин ҳамдиливу дастҷамъӣ мо метавонем дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро саривақт ва босифат иҷро намуда, бо руҳияи созанда ва дастовардҳои назаррас ҷашнҳои 60-солагии таъсисёбии ноҳияи Зафаробод ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирем.
Баҳри иҷрои амалҳои неку бунёдкорона дар ободонии ноҳияамон бароятон муваффақиятҳои беназир таманно дорем.
Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон