mt3.org

 

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори умум!

Ҳамаи кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои нави эҷодӣ таманно менамоям.

Бояд зикр намуд, ки Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994  инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман   ҷашн гирифта мешавад. Он ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 нашр гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 113 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола  ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма,  матбуот ва  табъу нашр таҷлил карда мешавад.

Боиси таъкид аст, ки матбуоти тоҷик бо гузашти солҳо ташаккул ёфта, бахусус дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди он таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Теъдоди рӯзномаву ҳафтанома, маҷаллаҳо, телевизиону радио бамаротиб афзоиш ёфта, талаботи рӯзафзун ба иттилоот нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа боз ҳам боло бурд. ​

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт”.

Воқеан, матбуот яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум мебошад. Дар замони муосир саҳми воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ назаррас буда, ин дастгоҳи тавонову муқтадири хабариву таҳлилӣ ҳодисаву воқеаҳоро бозтоб намуда, мардумро ба фардои дурахшон раҳнамун месозад.​

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳамкориро ба роҳ монда, дар ҳалли масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода мебарад.​ Бояд қайд намуд, ки имрӯз фазои иттилоотии ноҳияро рӯзномаи “Зарбдор”, сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва чандин саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии ташкилоту муассисаҳо пурра намуда, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва раванди корҳои созандагию бунёдкориро инъикос менамоянд.

Нақши воситаҳои ахбори омма ва кормандони соҳаи матбуот дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат, дастоварди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияамон назаррас буда, фаъолияти онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қадршиносӣ мегардад. Ҳамчунин метавон собиқадорони соҳа дар симои Ҷонмурод Муродбеков, Аббос Иброҳимов, Малика Қаюмова, Заҳриддин Рустамов, Саидаҳмад Ғаниев ва чандин нафарони дигарро хотиррасон кард, ки боиси ифтихори мо мебошанд.

Боварии комил дорам, ки кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма минбаъд низ барои инъикоси воқеии комёбиҳои замони соҳибистиқлӣ ва корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ба давлату миллат содиқона хизмат менамоянд.

Бори дигар кулли аҳли қалам - кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро бахшида ба Рӯзи матбуот табрик гуфта, хушиҳои рӯзгор, саломативу хотири ҷамъ ва илҳоми саршор таманно мекунам.

Ид муборак!

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар