06 Март 2025
Модарони мушфиқ, бонувони гиромӣ ва хоҳарону духтарони азиз!
Таҷлили Рӯзи модар дар кишвари мо ҳамасола аввали фасли баҳор ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан-Модар арзёбӣ мегардад.
Агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан-модар рамзи покӣ, озодагию назокат ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин айём таҷлили Рӯзи модар неку хуҷаста аст, зеро модар оғозгари зиндагӣ, бахшандаи ҳаёт ва ибтидои нияту иқдоми тоза мебошад.
Аз ин рӯ, бо эҳтиром ва самимият фарорасии фасли зебои сол – баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба тамоми занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубони ноҳияамон табрик гуфта, саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор таманно менамоям.
Зан пеш аз ҳама модар, хоҳар, ҳамсар ва дӯсти наздик ба ҳисоб меравад. Зан зеботарин офарандаи ҳастии рӯи замин аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.
Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ, дӯстдорӣ, ғамхорӣ ва эҳтиром мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, иброз дошта буданд, ки: «Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон, иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Ман мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занони ноҳияи Зафаробод дар қатори бонувони кишвар бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти диёр саҳми беандоза доранд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушду нумӯи ноҳияамон саъю талош мекунанд.
Имрӯз дар соаҳои мухталиф, аз ҷумла дар хизмати давлатӣ даҳҳо нафар занону бонувони ноҳия фаъолияти пурсамар доранд. Боиси қаноатмандист, ки санаи 2 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи овоздиҳӣ дар интихоботи баргузоргардида 41 нафар бонувони ноҳия ба боварии мардум сазовор гардида, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, ноҳия ва ҷамоат интихоб гардиданд.
Имрӯз бонувони ноҳия бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи соҳибкорӣ низ муваффақ бошанд. Саҳми занону бонувони соҳибкор дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри ҳамаҷониба амалӣ гардидани тадбирҳоеро, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, чораҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.
Итминон дорем, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси ноҳия бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасоз саъю талоши бештар мекунанд.
Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азизро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик мегӯям.
Идатон муборак бод модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ ва хоҳарони арҷманд!