mt3.org

 

Санаи 27 феврали соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм бо ходимони дин ва масъулини соҳа баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин муовини раиси ноҳия – сарпарасти соҳа, сардори Шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм мулоқотро оғоз намуда, иброз дошт, ки яке аз нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва осоиштагии мардум маҳсуб ёфта, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза масъулияти давлат ва ҷомеаро дар ҳимояи манфиати миллӣ, фазои орому осоишта бештар мегардонад. Ходимони дин низ бояд дар ин ҷода бетараф набошанд. Гузашта аз он имомони масҷидҳо масъулияти бештар дошта, ҳамкориашон бо раисони маҳалла, нозирони минтаъқавӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бояд пайваста ва ҳамарӯза бошад. Ҳамзамон, пеш аз ҳама худи ходимони дин бо амалу рафтор ақидаю мавқеъ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ намунаи ибрат бошанд. Ҳамчунин ба масъули ва ходимони дин дастур дода шуд, ки дар моҳи шарифи рамазон бештар мардумро ба меҳру оқибат, хайру саховат ва росткориву ростқавлӣ даъват намуда, аз дурӯғгӯӣ, ҷаҳолат, сухани бад ва дигар амалҳои зишт дур буданро ҳидоят намоянд.

Муовини раиси ноҳия Шарифзода Туйғун оид ба фаъолияти соҳа ҳисобот дода иброз намуд, ки дар ҳудуди ноҳия як адад масҷиди ҷомеи марказӣ, се адад масҷиди ҷомеъ, 27 адад масҷидҳои панҷвақта амал менамоянд. Шумораи кормандони иттиҳодияҳои динӣ 82 нафар ва шумораи ҷои намоз 7680 адад мебошад. Барои бехатарии намозгузорон тамоми воситаҳои зарурӣ омода карда шудааст.

Сардори Шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд Умаров Давлатманд дар баромади худ бештар ба равандҳои номатлуб аз қабили ифротгароӣ, шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, моилӣ ба фарҳанги бегона сухан намуда, оид ба саҳми ходимони дин дар мубориза бо падидаҳои номатлуби номбаргардида андешаронӣ намуд.

Сардори ШВКД дар ноҳия Идизода Баҳодур зимни баромадаш қайд намуд, ки мақомотҳои қудратӣ дар ноҳия тамоми кӯшишу талошҳои худро баҳри пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва қонунвайронкуниҳо равона намудаанд. Ӯ вазъи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиро таҳлил намуда, таъкид намуд, ки дар пешгирии равандҳои номатлуб ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин муҳим мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот бурд ва камбудиҳои соҳа баррасӣ гардида, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар