31 Декабрь 2024
Паёми табрикии
Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати Фарорасии Соли нави 2025
Ҳамдиёрони азиз!
Мову Шумо дар остонаи Соли нави мелодии 2025 қарор дорем. Ба ин муносибат тамоми сокинони ноҳияи шарафманди Зафарободро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.
Соле, ки сипарӣ гардида истодааст, барои мардуми шарафманди тоҷик, аз ҷумла, сокинони бонангу номуси ноҳия соли дастоварду муваффақият, комёбиву созандагӣ ва бунёдкориҳо буд. Дар соли 2024 ҳамчун соли хотирмон ва таърихӣ, дар кишварамон тадбирҳои муҳим – 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи умумиҷаҳонӣ, 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва даҳҳо чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардиданд. Ин рӯйдодҳои муҳим бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони кишвар доир гардида, ба таҳкими минбаъдаи давлатдорӣ ва ба тақвияти нуфузу обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азизамон мусоидат карданд. Соли 2024 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи арзандаи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб намуда, мардуми сарбаланди кишвар ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар як вақти дигар заҳмат кашиданд. Ҳамзамон соҳаҳои истеҳсолӣ низ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, саноатчиёну сохтмончиён ва тамоми мардуми кишвар хеле назаррас мебошад. Онҳо бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату ҳукумат ҷиҳати муҳаё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ, ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузоштанд. Дар соҳаи иҷтимоӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расида, садҳо муассисаҳои нави таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуданд. Барои кишвари мо соли 2024 дар самти сиёсати хориҷӣ низ соли бобарор ва соли таҳкиму тақвияти нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буд. Зеро дар ин сол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор иқдому ташаббусҳои мамлакат дастгирӣ ёфта, варзишгарон, донишҷӯён ва ҳунармандони кишвар, ки дар мусобиқа ва озмунҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок доштанд, сазовори ҷойҳои намоён шуданд ва парчами Тоҷикистон парафшон шуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ гашт. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Воқеан, тамоми дастовардҳое, ки то имрӯз давлат ва мардуми тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд”.
Сокинони ноҳияи Зафаробод низ дар радифи намояндагони дигар манотиқи кишвар дар соли 2024 ғайратмандона меҳнат намуда, дар татбиқи сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собитқадамона саҳми арзишманди худро дар рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли худ гузоштанд. Соли сипаригардидаистода барои мардуми ноҳияи мо соли хотирмон ва соли муваффақиятҳо мебошад. Дар ин сол доир ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллат – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардиданд. Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонӣ, роҳсозӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ густариш ёфта, тибқи нақша ва нақшаҳои иловагӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ватандӯст ҷараён дорад.
Ҳамдиёрони азиз!
Санаи 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуданд. Роҳбари давлат возеҳ ва бо мисолҳои мушаххас дар бораи пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва давлатдории миллӣ ҳарф заданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум меҳвари асосии сиёсати дохилӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода дар соли 2024 боз як қадами устувор гузошта шуда, ин раванд дар соли 2025 таҳким дода мешавад. Дар самти идома додани ғамхории давлату ҳукумат ба мардуми кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём супориш доданд, ки шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқарар карда мешавад. Дар баробари ин тибқи супориши Пешвои миллат аз 1 сенятбри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо, андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад. Дар ин давра афзоиши маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд мегарданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат хоҳад кард.
Воқеан Паём санади раҳнамо дар татбиқи ҳадафҳои шоистаи давлатдорӣ маҳсуб ёфта, ҳар шаҳрванди мамлакатро дар иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мегардонад. Итминнони комил дорам, ки мо - Зафарободиён бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи худ ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар соли нави 2025 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ намуда, пояҳои истиқлоли давлатиямонро таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавиирода ва заҳматқарину ватандӯсти ноҳияи Зафарободро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии пурнишот ва ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Соли нав муборак бошад!