22 Октябрь 2024
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ОМИЛИ МУҲИМИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ
Зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, ин доштани дониши ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Аз давраи қадим халқӣ тоҷик дорои фарҳанг, урфу одат ва маърифати баланди ахлоқӣ ва ҳуқуқиро доро мебошанд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат, маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун дар соли 2024, ки 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва минбаъда сафарбар намоянд. Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Бо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон имрӯз сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ҳукумрон аст.
Дар моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: "Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад".
Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба василаи қонунҳои мавҷуда ва дигар санадҳои меъёрӣ метавонад ҳифз намояд. Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ пешоҳанг бошем. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон муаян карда шудааст.
Дар робита ба ин Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё сохта шавад.
Мусалам аст, ки рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайри имкон аст. Дар баробари ин барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд боло бурд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба рушди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз тарафи давлат чунин тадбирҳо анҷом дода шудааст:
-Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва ғайраҳо;
-Қабули Консепсияҳо ва Барномаҳои давлатӣ вобаста ба ислоҳоти ҳуқуқӣ;
- Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Ташкили конференсияҳои байналмилали ва ҷумҳуриявӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гузаронида шудааст;
-Аз ҷониби Пешвои миллат, соли 2024 эълон шудани соли маърифати ҳуқуқӣ;
Риояи ва эҳтироми қонунҳои Тоҷикистон бо он муайян мешавад, ки, қонунҳо санади мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикисон Маҷлиси Олӣ мебошанд, ки дар натиҷаи амалӣ гаштани шакли олии бевоситаи ҳокимияти халқ-интихобот ташкил мешавад. Дар ин замина қонунҳо нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии зериқонунӣ эътибори баланди ҳуқуқӣ доранд.
Вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо мебошад. Риояи конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо ва пардохтҳо ва ғайра сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи ҷамъиятии ӯро устувор мегардонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ "Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат" қайд менамояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад.
Ҳамин аст, ки дар таърихи навини халқи тоҷик ба шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ташаккулу таҳаввул ёфтани давлатдории миллӣ, эҳёи дубораи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофарамон, ки яке аз пурарзиштарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мегардад ва дар даврони истиқлолияти кишвари азизамон низоми ҳуқуқии миллӣ марҳила ба марҳила дар ҳолати рушд қарор дорад. Дар ин давраҳо чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқи аз қабули Конститутсия, қонунҳои конститутсиони, қонунҳо, қодексҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ қабул шудаанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти давлат ҳифзи арзишҳои миллӣ хизмат менамоянд.
Бояд тазакур дод, ки соли 1994 ҳангоми таҳияи матни Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи "давлати дунявӣ" бори дигар дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамчун яке аз муҳимтарин аслҳои давлатдории муосири тоҷикон ба матни Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
Ҳамин тавр низоми ҳуқуқи кишвар падидаи васеъ ва фарох буда, дар худ манбаъҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, раванди ҳуқуқтатбиқкунӣ ва ҳатто сатҳи шуури ҳуқуқию маданияти ҳуқуқиро фаро мерирад.
АБДУСАЛОМЗОДА МАЛОҲАТ АБДУСАТТОР
– муовини раиси ноҳияи Зафаробод