mt3.org

 

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Конститутсия зербино ва аркони давлатдорист, зеро он қонуни асосии ҳар давлат буда, тамоми санадҳои қонунгузории дигар дар асоси он таҳия, қабул ва амалӣ мегарданд. Бар ин маъно, асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷикон, бавижа шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ва муҳимтар аз ҳама, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим ба вуҷуд омаданд. Мусаллам аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) Конститутсия қабул гардидааст. Агар чор Конститутсияи аввал дар замони шӯравӣ ва аз ҷониби мақомоти намояндагӣ қабул шуда бошанд, Конститутсияи охирон замони истиқлол ва тариқи раъйпурсии умуммихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқиест, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро бевосита ифода мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки кори таҳияи Конститутсияи мазкур ҳанӯз дар замони Шӯравӣ аз соли 1989 ва махсусан, пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон то соли 1994 идома дошт, вале танҳо дар давраи Сарвари давлат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси ӯ қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шуд. Маҳз ҳамин давлатмард тавонист дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ, вазъияти муташанниҷи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва баргузории маъракаи раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияро таъмин созад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши худ дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи кулли СММ аз 30-юми сентябри соли 1993 иброз дошта буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад ва дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад.

Ба буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар нигоҳ накарда, бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи калони мутахассисону коршиносон дар моҳҳои сентябр-октябри соли 1993 ба кишварҳои хориҷа, аз қабили Шветсария, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои омӯзиши таҷрибаи конститутсионӣ фиристода шуданд. Аз ин сабаб бо вуҷуди дар давраи ҷанги шадиди шаҳрвандӣ таҳия гаштани Конститутсия, аъзои гурӯҳи корӣ тавонистанд, ки дар он беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитриро инъикос намоянд ва дар натиҷа Конститутсияи мазкур аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътирофу ворид гашт. Бо назардошти ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузор кардани маъракаи раъйпурсӣ дар соли 1994 яке аз намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва маҳорати баланди сиёсӣ доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Бешубҳа, метавон таъкид намуд, ки бо азму иродаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабули ҳамин ҳуҷҷати муҳим - Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар як давраи аз нигоҳи амниятӣ ва сиёсӣ ниҳоят ҳассос тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар меҳвари он иродаи бузургу ҷасуронаи Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз ҳамин санади тақдирсоз тавонист заминаи мустаҳками ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам оварад, ки ба сиёсати дурбинона ва санҷидашудаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.

Тавре зикр кардем, Конститутсияи амалкунанда дар тафовут аз қонунҳои асосии пешинаи Тоҷикистон нахустин конститутсияест, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, яъне дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба ҳамраъйии миллат роҷеъ ба масоили асосҳои сохтори конститутсионӣ – хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон, иттиҳодияҳои онҳо, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати хориҷии он, инчунин ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамин санад ифода гардид. Бо қабули Конститутсия ҳамраъйии аксари аҳолии тамоми маҳаллу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маълум гардида, заминаи ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Ин ҷо бояд махсус таъқид сохт, ки мардуми тамоми маҳалҳои Тоҷикистон, дар он рӯзҳо шояд аксарият мазмуну моҳияти муқаррароту арзишҳои дар Конститутсия ифодаёфтаро дуруст дарк карда наметавонистанд, вале фикр мекунам, онҳо хеле хуб дарк карда буданд, ки қабули Конститутсия дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва побарҷоии давлати соҳибихтиёри тоҷикон заминаи устувор хоҳад гузошт. Ғайр аз ин, Конститутсияро ҷонибдорӣ кардани аксари кулли мардуми кишвар ифодагари боварию эътимоди онҳо ба Сарвари давлат ва сиёсати пешгирифтаи ӯ буд.

Лозим ба ёдоварист, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар як вақт бо қабули Конститутсия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор бевосита аз ҷониби халқ ҳамчун Президенти кишвар – сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) интихоб гардид ва бо ин интихоби тақдирсоз роҳи дурахшон ва ваҳдату якдилии миллат муайян карда шуд. Тавре равиши минбаъдаи воқеияти таърихӣ нишод дод маҳз ҳамин интихоб сабабгори пойдору побарҷо мондани давлати тоҷикон ва ваҳдати миллат гашт. Миллати тоҷик маҳорати роҳбарӣ ва кордонию сиёсатмадории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ду соли Раиси Шӯрои Олӣ буданаш эҳсос намуда, ӯро Президенти кишвар интихоб кард ва Пешвои худро дар ин рӯз бевосита ва бехато дарёфт намуд.  Яъне маҳз ҳамон насли тоҷик, ки Конститутсияро қабул карда буд, нахустин маротиба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби президентӣ интихоб намуд. Маҳз ҳамин насли халқи тоҷик худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъулу вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуданд ва Конститутсияро қабулу эълон доштанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванде, ки дар интихобот ва раъйпурсии 6-уми ноябри соли 1994 иштирок намудааст, ба андешаи мо, дар кори пойдории давлати тоҷикон нақши муҳим гузошта, барои наслҳои минбаъда бояд шоистаи арҷгузориву қадршиносӣ бошад.

Қадршиносии кори ин нафарон ва муқаддас донистани Конститутсия аз ҷониби мо ва наслҳои оянда, пеш аз ҳама, дар риояю иҷрои бемайлони меъёрҳои қонуни асосӣ ифода мегардад. Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо насли имрӯзу оянда ва махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар кору пайкори ҳаррӯзаашон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзанд.

Ҳасанова З.М. -муаллими калони кафедраи эпидемиологияи ДТТ

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар