11 Октябрь 2024
ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ПЕШГИРИИ ОН
Терроризм ва экстремизм дар миқёси умумиҷаҳонӣ хеле паҳн гардида, хатари калони иҷтимоӣ дорад. Он ба кишвари мо, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, низ таҳдид менамояд. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ қайд менамоянд: “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Ин гуфтаҳо гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб ба ягон дин ё миллат дахл надорад.
Шомил гардидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз он далолат медиҳад, ки мардум аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ дур буда, бехабар аз таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Инчунин нодуруст истифода бурдани воситаҳои муосири техникӣ ва хусусан телефонӣ мобилӣ мебошад. Барои бартараф намудани чунин камбудиҳо кишвари мо саъю кӯшиш менамояд. Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар кишвар муассисаҳои нав ба нав, корхонаҳо, заводу фабрикаҳо сохта ба истифода дода шуда, аҳолии кишвар бо кор таъмин гардида истодааст. Дар муассисаҳо барои таҳсили хонандагон шароитҳои хеле хуб фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷода вазифаи падарону модарон ва омӯзгорон ин аст, ки фарзандонро таҳти назорат қарор дода, истифода бурдани телефонӣ мобилиро маҳдуд кунем. Боз як муаммои дигаре ба вуҷуд омадааст, ки аксарияти волидон барои манфиати худ фарзанди худро аз хониш дур мононда онҳоро ба хориҷ бурда истодаанд. Аксарияти он хонандагоне, ки аз дигар кишвар бармегарданд, соҳиби дониши паст, фикрронии ғалат буда, рафтору кирдорашон фарқ мекунад ва нисбати хониш хунукназарона нигоҳ менамоянд. Бесавод шудани насли ояндаи миллат ин рӯ ба таназзул ниҳодани давлат мебошад.
Бояд дар ҳамбастагӣ осоиши халқамонро нигоҳ дорем, бетараф набошем, то ин ки ҳар як фард дар Ватани азизи хеш - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ доранд, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатарҳои терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ мубориза баранд.
Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳамчун шаҳрванди ҳамин кишвари ободу ором дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои тарбияи насли наврас дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Гавҳар Бобозода -
директори МТМУ №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод