28 Январь 2019
Дар бахши англисии Радиои Озодӣ мусоҳибаи роҳбари фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нашр гардидааст, ки аз фаъолияти иғвоангезона ва ғаразноки ин расонаи хабарӣ шаҳодат медиҳад ва ин амали журналистони мазкурро як навъ ҳамдастӣ бо терроризм ҳисобидан мумкин аст. Ғайр аз ин дар аввали мусоҳиба оид ба масъалаи мазкур қасдан маълумоти хато оварда шудааст. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсии рондашуда унвон шудааст ва гӯё ҳукуматҳои кишварҳои дигар ва созмонҳои байналхалқӣ онро террористӣ эътироф накарда бошанд.







