mt3.org

Одат шудааст, ки мисли  чағораи сари роҳ, таъсисёбиву изҳоротпарешии ғуломбачаҳои озодандеши ҳарамхонаҳои Ғарб бо раҳбарии шахси беурзаву нишони инсонӣ Алимҷуни Шерзамун, гоҳ ногоҳ фазои маҷозиро махлут мекунад.  Ин дафъа ҳам мисле ки аз марги Воҳидова Файзинисо байрақ сохтанду  бо иттиҳому гуноҳҳои беасосу поя мардумро ҷанг андохтанӣ шуданд, боз часпиданд ба пойи сарбози шодравон Исафандиёр Мирзоҳасанов. Бо тафовут аз шумо разилоне ки на хизмати аскарӣ кардеду на ҳимояи Ватанро медонед, Исфандиёр бо сари баланду  виқори воло дар хизмати Ватан буд. Бо ҳар сабабе ки бошад, ба ҳақ пайваст.

Подробнее

Ин тeррористони бадхоҳ кӯшиш карданд, ки муҳоҷирони тоҷикистонии муқими кишвари Аврупоро бо таблиғоти ифротиашон гумроҳ карда, ба сафи худ ҷалб намоянд. Бо ин роҳ мехостанд худро ҳамчун як нерӯи мухолифи бузург намоиш диҳанду таваҷҷӯҳи созмонҳо ва доираҳои манфиатдори хориҷиро ҷалб созанд, то пули бедардимиён ба даст оранду сукунати худро дар Аврупо идома диҳанд. Бо ин мақсад сентябри соли ҷоӣ якчанд нафар хоину ҷинояткории ифротӣ дар Варшава ҷамъ омада, созмони нав ташкил доданд. Ва ба хотири воҳимаю таблиғи бештари амалҳои тахрибкоронаашон онро эътилофи «Паймони миллии Тоҷикистон» номиданд, ки дар асл ин Паймони зидди миллати Тоҷикистон аст.

Таҳлили раванди воқеаҳо нишон медиҳад, ки ташкили ин эътилоф як амали дурӯғи наст ва оянда надорад. Зеро созмонҳое ки ба ин иттиҳод гӯё шомил гардиданд, дар асл ҳар сеашон пештар аз тарафи террористони наҳзатӣ барои фиреби назар сохта шуда буданд. Террористони мазкур бо ин амалашон нишон доданӣ буданд, ки гӯё бо неруҳои дигари муҳоҷирони тоҷикистонӣ эътилоф кардаанд. Аммо дар асл, ин эътилофи наҳзатиҳо бо худашон аст.

Роҳбари ин ташкилоти террористӣ, ки аз ҳисоби пули хоҷагони хориҷиаш солҳои зиёд сарват ба даст овардааст ва ҳатто баъди фирор дар Аврупо ҳам ба ивази ватанфурӯшию амалҳои зиддимиллиаш ба ҷамъоварии пулу мол машғул аст. Шарм надошта аз демократия, ҳуқуқи инсон ва озодӣ сухан мегӯяд, аммо аз амалҳои даҳшатноки ба сари мардуми тоҷик овардаи ташкилоти худаш ёдовар намешавад. Солҳои нақвадуми асри гузашта масъулону ҷангиёни ин ташкилоти хунхор дар кишварамон ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд, онҳоеро ки мухолифи ақидаҳои ифротиашон буданд, қатлу ғорат карданд. Солҳои баъди истиқрори сулҳ низ бо вуҷуди авф гардидан ин гурӯҳи хиёнаткор террору ҷинояткориашонро идома доданд. Ҳатто дар соли 2015 даст ба табаддулоти давлатӣ зада, бо роҳи зӯрӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб кардан мехостанд.

Имрӯз низ ҷинояткорони мазкур душманию таҳрибкории худро бар зидди ватану миллат идома медиҳанд, вале ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд, зеро мақсаду ҳадафи нопок доранд. Мардуми Тоҷикистон ва муҳоҷирон ҳам дигар огоҳ шудаанд ва аз паси ин палидони нохалаф намераванд.

Баъди дар соли 2015 мамнуъ эълон гардидани ташкилоти террористонии наҳзатӣ ва ба хориҷа фирор кардани роҳбарону масъулони боқимондааш, дар Тоҷикистон фазои амну суботи комил барқарор шуда, шароити хубе барои рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёту иқтисод фароҳам овард. Мардуми кишварамон имрӯз бемамоният барои пешрафти ватани азизамон ва беҳбудии зиндагӣ софдилона меҳнат мекунанд.

Аммо  масъулони ин ташкилоти террористӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурданд, бо вуҷуди заифу нотавон буданашон то ҳанӯз аз роҳи зуроварию тундгароӣ ва мақсадҳои разилонаашон барнагаштаанд. Ин гуруҳи аҳреманӣ ба щуломи душманони берунаи Тоҷикистон табдил ёфта, супоришу дастурҳои ононро иҷро мекунанд ва ба хотири манфиати молӣ ба ватану миллат ва дину мазҳаби худ хиёнат кардаанд. Амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, онҳо дар расонаҳои хабарӣ ба дурӯщпароканию ищвогарии зиддимиллӣ машщуланд. Аз хабару навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ифротӣ маълум мешавад, ки ин бадхоҳони миллату Ватан барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали нангине худдорӣ намекунанд. 

Ҳар гуна эътилофу ҳамкорӣ бо ин душманони миллат         ҷиноят аст ва ҷавобгарӣ дар назди қонун дорад. Ҳамкорӣ бо ин хиёнаткорони Ватан хиёнат ба ватану миллат аст.

      Мо, ахли раёсат ва устодону хонандагони муассисахои тахсилоти умумии нохияи Зафаробод РПМТ-ро, ки шоми 18 январи соли 2019 дар сомонаи  интернети намоиш гардид, махкум менамоем.

      Рузхои охир баробари хотима ёфтани амалхои терористи дар кишвари Сурия баъзе харакату чунбишхои террористи аз нав бо ташкили намудани хамоишу семинархои пуровоза аз пайи аз нав афрухтани оташи чанги хонумонсузро дар кишвархои амну осуда тархрези карда истодаанд. Хадафи асосии ин гуна чамъомадхои сиёсии созмонхои байналмилали ба чомеаи чахони аз мавчудияти гуруххои носолем ва чангхох хабар дода, дар руйи замин оташи хашму газабро афрухтан мебошад.

Дар назар аввал мавзуи баромади Кабириро хамчун шахси гунахгор ва аз кардаи хеш пушаймон гашта хисобидем, вале чун ба намоиш назар кардем,  мавзуи гузоришхои гаразноки иштирокчиён огох мешавед, маълум мегардад, ки хадаф аз баргузории ин гуна чорабинихо аз нав дар минтакахои Осиёи Миёна оташи чангу хунрези ва норозигии мардумро ба вучуд овардан мебошад.

Яке аз иштирокчиёни фаъоли ин чорабини РПМТ Мухиддин Кабири мебошад. Аввалан кайд кардан чоиз аст, ки ин шахсият аз солхои 90-уми карни XX то ба имруз бо “икдом”-хои ночавонмардона ва чангчуёнаи худ ба чомеаи чахони ва мардуми шарифи Точикистон нишон дод, ки онхо бо чамъи чонибдоронаш чуз чангу хунрези ва хизмат ба “хочагон”-и хоричии худ дигар хеч гох дар гами миллати точик нестанд. Хамин боис гардид, ки ХНИ-ро Хукумати Чумхурии Точикистон хамчун гурухи террористи эълон намуд, зеро хайати ин хизб дар иддае аз чиноятхои вазнин ва нихоят вазнин даст дошта, дар кудатои сиёсии мохи сентябри соли 2015, ки боиси кушта шудани иддае аз шахрвандони кишвар гардид, даст доранд. Мухиддин Кабири бо хайати худ баъд аз чунин чиноятхою хиёнатхо дар минбархои баланди семинару хамоишхо иштирок намуда, гуё ба мухочирини мехнати нишон медихад, ки “мо” хамеша дар сари кисмати Шумо чонбози”-хо менамоем. Чунин “икдом”-хои чаноби Кабириро пеши назар меорему сухани шоири бузурге ба ёд меояд, ки гуфтааст:

Бирав, ин дом бар мурги дигар нех,

Ки анкоро баланд аст, ошёна.

Мардуми шарифи Точикистон кайхост, ки ба нияту хадафхои ин гурухи фирори аз Ватан огох мебошанд ва медонанд, ки баромади Кабири дар ин чода амали “гаразнок” ва гайримунсифона аст.

Дар холате ки Кабири дар тули фаъолияти хеш мачмуи чиноятхои сангинеро аз кабили террор, дахшатафкани, куштори дастачамъона ва амсоли ин анчом додааст, ки барои мардуми Точикистон бенихоят зарари маънави, иктисоди ва ичтимоиро дар пай доштааст.

 Суоле ба миён меояд, ки Кабири солхои зиёд чун намояндаи мардуми дар парлумони Точикистон фаъолият намуда, боре хам икдоме бахри ободии ин кишвар накардаат, имруз дар Аврупо истода, бахри манфиати шахсии худ “мушкилоти мухочирин”-ро василаи шинохт ва нуфузи худ итифода менамояд. Аз ин “икдом”-и Кабири ва мукаррибонааш бармеояд, ки у Точикистон ва мардуми онро барои расидан хадафхои сиёсию гаразнок истифода бурдан мехохад.

Муаассифона, кишвархои Аврупо вобаста аз бархурди манфиатхо мушкилоти яксонро ба тарикахои гуногун барраси менамоянд ва хар кадоме як масъаларо аз дидгохи манфиатхои милли худ мавриди барраси карор медихад.

Айни замон рушди бемайлони муносибатхои байналмиллалию минтакави, такозо дорад, ки хамкории созмонхои алохидаи байналмилали бо гуруххои терррористию экстремисти бояд дар макомоти махсуси чахони барраси ва мавриди мухокимаи чидди карордода гирад.

Имрузхои робита ва муносибатхои духура ва шинохту арзёбии падидахои сиёси боиси он гардидааст, ки мардумони сайёра дар хама гушаву канори замин ба сиёсатхои чахони шубхаву нобоварии зиёд карда истодаанд. Зеро ин гуна сиёсатхои носолим боис гардидааст, ки мардуми сайёра хамчун бозичаи сиёсии як гурухи манфиатхох гашта, аз зиндагии осудаю амни худ махрум мондааст. Аз таърихи давлатдори ва давлатсозихои чахони маълум аст, ки хамеша дар муносибатхои сиёсию иктисоди самимият, содикият ва бовари хеле мухим ва вокеи ба хисоб гирифта мешуд. Мутаассифона, дар чахони муосир, дар муносибатхои байналмилали баъзе шевахои хатарноку таъсиррасони сиёсатмадорон боиси мушкилоти минтакахо гардида истодааст. Чунин тарзи муносибат дар робита ба экстремизму терроризм ва чинояти муташаккили фаромили робитаю муносибати кишвархоро тира намуда, суботи чахони ва амнияти инсониятро дар хатар карор медихад.

Ахли маорифи нохияи Зафаробод хамеша аз акли солим ва пирузии адолат чонибдори намуда, аз хамаи кишвархо ва созмонхои чахони даъват ба амал меорад, ки дар мубориза бар алайхи терроризм ва экстремизм, ки ба сари мардуми сайёра бадбахтию хунрезихоро оварда истодаанд, якдилона мубориза баранд.

                                                                                         Изхоротчи Номвар Мухиддинов

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар