mt3.org

 Санаи  30 январи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Зафаробод нишасти матбуотии  Раиси ноҳияи Зафаробод  Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо намояндагони    ВАО-и ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия баргузор гардид. Инчунин дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят Валиев Аъзамҷон иштирок намуд.    

Нахуст, ширкаткунандагон баромади мухтасари Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзиро оид ба ҷамъбасти  соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2018 шуниданд.

Сипас, рӯзноманигорон ба суолҳои худ посух гирифтанд. Инак, фишурдаи пурсишу посухи нишаст:

Қобилбеков Ином  хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”:

Савол: —Имсол нақшаи кишти пахта дар ноҳия зиёд мешавад ё на?

Ҷавоб: —Соли 2018  кишоварзони ноҳия дар майдони 14 ҳазор 56 гектар пахта кишт намуда, зиёда аз 28 ҳазору 500 тонна пахта ҷамъовари намуданд. Дар соли 2019 низ мо тасмим гирифтаем, ки майдони кишти пахтаро зиёд намуда, ҳосилнокиро баланд бардорем.

Қаюмова Малика  хабарнигори рӯзномаи  “Зарбдор”-и ноҳияи Зафаробод:

Савол: —Баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чи корҳои ободонц ва бунёдкорц  ба нақша гирифта шудааст?

Ҷавоб: —Бояд зикр намуд, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри раиси ноҳия аз 18 июни соли 2018, таҳти №23 ба тавсиб расида нақша чорабиниҳо дар ҳаҷми 343 банд корьои ободонию бунёдкорц бо маблағи 82 миллиону 780 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 791 ҷойи корӣ тасдиқ карда шудааст.

Иброҳимов Аббос сармуҳаррири  ҳафтаномаи ноҳиявии «Зарбдор»

Савол: — Маълум аст, ки пешрафти соҳаи кишоварзӣ ба таъмини оби полезӣ вобаста мебошад. Омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншоотҳои обрасонӣ дар кадом вазъ қарор дорад?

 

Ҷавоб: — Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар соли 2018 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 млн 59 ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 29,9 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, барои таъмири 28 адад дастгоҳҳои пойгоҳҳои обкашӣ сарф карда шуд. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизматрасонии оби полезӣ 3 млн 570 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардида, 27 ҳазор метри мукааб заҳбуру заҳкашҳо ва 25 ҳазор метри мукааб хати шабакаҳои обёрӣ тоза карда шуда, 14 чоҳи амудии мелиоративӣ барқарор ва ҳолати мелиоративии 215 га заминҳо беҳтар гардид. Корҳо дар ин самт идома доранд.  

Шарипов Туйғун хабарнигори рӯзномаи  “Минбари Халқ”:

Савол: —Ҷиҳати таъмири роҳҳои маҳалли  чӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст?

 Ҷавоб:-  Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 396,5 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он 7 км роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ дошта, 34,2 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва 355,3 км аҳамияти маҳаллӣ дошта ташкил медиҳад. Дар ин давра 2 км аз таъмири асосӣ, 59,5 км таъмири ҷорӣ ва 44 км шағалпўш ба маблағи умуми 2 млн 558,1 ҳазор сомонӣ бароварда шуд. Дар соли 2019 низ корҳо идома дода мешаванд.

 

         Ҳамчунин бобати эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ибрози андеша сурат гирифт.

                                                                                            

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод

 

Давлат падидаи ҷамъиятӣ аст. Он дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар давраи муайяни таърихӣ арзи ҳастӣ кардааст. Аз нигоҳи онтологӣ, давлат дар марҳилаҳои пайдоиш ва ташаккули хеш зинаҳои ниҳоят мушкил ва пуртазоди таърихиро аз сар гузаронидааст.

Подробнее

Маҷӯ Бедил, илоҷи сарнавишт аз гиряи ӽасрат,

Ба мавҷи бода натвон шуст, ӽаргиз хатти соғарӽо.

Дирӯз маолае ба дастам расид бо номи “Бо як арори миллӣ, тамоми урбониӽои замони тоталитарӣ сафед карда шаванд”, ки ба алами раиси ПМТ М. Кабирӣ мансуб аст. Маоларо чанд маротиба такрор ба такрор хондам, аз ӽама тааҷубовар барои ман ин буд, ки ин суханӽоро кӣ мегӯяд. Бале, нафаре ки худ ба Давлат ва миллати худ хиёнат намуда, аз ҷавобгарӣ дар назди онуни ҶТ ва мардуми тоҷик саркашӣ кард ва фирор намуд, чи гуна ва бо кадом рӯй ин суханӽоро мегуфта бошад? Боз таозо дорад, суханони ӯро мардуми тоҷик гӯш кунад ва аидаӽояш пуштибон ёбанд, аҷабо боз чӣ мехоста бошад ин оғо.

Подробнее

 

Мусалламан, инсони солимфикр ва соҳибназар ҳамеша пухтакор аст. Зеро ӯ ҳар суханашро мулоҳиза мекунад ва оқибати ҳар амалашро андеша мекунаду сипас, сухан мегӯяд ё ба иҷроиши амал даст мезанад. Шояд ҳамин тарзи суханронӣ ва амалкардаш бошад, ки атрофиён нисбат ба чунин одамон эҳтироми хосае доранд. Инсонҳои бохирад ва бофазл аслан дилсоф ва хоксор буда, ба зуди ба дилу дидаи мардум ҷой мегиранд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Бедили бузургвор аст, ки мегӯяд:

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар