mt3.org

При задержании сотрудникам ГКНБ пришлось вступить в перестрелку с афганскими контрабандистами

Подробнее

Тахқиқгарон имрӯзхо шумораи умумии чангиёну мубалағон ва пешсафони гурӯҳҳои террористиро ҳатто камтар аз 400 ҳазор нафар тахмин мезананд. Аммо шумораи сокинони сайёра зиёда 8,5 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Пас, чаро 8,5 миллиард нафар дар мубориза бо 300 ё 400 ҳазор нафар пируз наояд? Посухи ин суол рушан буда, ин ҷо мушкилоти асли аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ манфиат ҷустани қувваҳоиву кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузу қудратманди сайёра мебошад. Ҳамин аст, ки аз сиёсатии дугона ё духураи бархе аз мамолики абарқудрат ва қудратталаб сиёсатмадорони баландпоя ва дар маҷмуъ ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар минбарҳои баланди ҷаҳони зимни таҳлилу баррасии масоили терроризму экстремизм аз тахдиду паёмадҳои ногувори он ба амнияти сайёра, ҳамзамон аз сиёсати духураи баъзе аз кишварҳо сухан меронанд. Чанде қабл дар шахри Риёзӣ Шоҳигарии Арабистони Сауди, ки Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломи ва Иёлоти Муттахидаи Амрико бо иштироки намояндагони зиёда аз 50 кишвари олам баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баромади пурмуҳтаво аз сиёсати дугонаи бархе аз мамолики олам дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм сухан изҳори нигарони карданд. Зимни баромади хеш Пешвои миллат аз ҷумла таъкид намуданд, ки: «Тайи 25 соли охир дар ин самт садҳо ҳамоиши минтақавию байналмилали баргузор гардида, эъломияҳои зиёде қабул гардиданд, қи то ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд. Ба назари мо, истифодаи сиёсати “меъёрҳои дугона” яке аз омилҳои ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда мебошад. Дар натиҷа терроризм ва ифротгарои ҷуғрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар васеъ кардаанд». Агар аз фаъолияти гуруҳу созмонҳои террористӣ баъзе ташкилотҳои бонуфузу кудратманди сайёра манфиатдор намебуданд, пас он ҳама лавозимоту аслиҳаи муосири ҷангӣ ва техникаву таҷҳизот аз қабили нактиёти низоми аз кучо ба дасти ҷанговарони созмонҳои террористӣ афтодааст? Агар баъзе аз кишвархои қудратманд хоҷагони пасипардагӣ ва сарпарасти ифротгароён набошанд, пас чунин гурӯҳҳо аз лиҳози иқтисодӣ чи гуна метавонанд мушкилоте надошта бошанд? Инҳо суолест, ки аз кудратмандон ва сиёсатмадорони ҷаҳон посух металабад. Маҳз ҳамин омилҳо, яъне ҷой доштани “меъёрҳои дугона” ва суистифода аз ҷангу ҷидолҳо, инчунин манфиатҷуи аз фаъолияти созмонҳои террористӣ сабаб гаштааст, ки зиёда аз 8,5 милиард нафар сокинони сайёра дар мубориза бо 300 ё 400 ҳазор нафар террорист оҷиз бошанд.

Аъзои гурӯҳи созанда                       Н.Муҳиддинов

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат намуда, қайд менамоянд, ки нақши кормандони амнияти миллӣ ва ниҳодҳои қудратии мамлакат дар таъмини сулҳу суббот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ назаррас, буда онҳо фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми мамлакат мебошанд ва барои иҷрои хизматҳои шоистаашон изҳори миннатдори баён бояд намуд.

Сарвари давлат аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористи дар аксар давлатҳои ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки аз ҳар як хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, хушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад то ҳар як шаҳрванди мамлакат осоиштаву осуда зиндагонӣ кунад.

Ба андешаи Пешвои миллат, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар истодааст, ин пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонони ноогоҳ баҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро мебошад.

Дар иртибот ба ин роҳбари давлат қайд намуда, хотирнишон месозанд, ки ҳар яки мо барои боз ҳам мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои он, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ кӯшиши бештар ба харҷ диҳем, бо дарки рисолати олии ватандорӣ содиқона заҳмат кашем, тамоми нерувӯ имконият ва донишу таҷрибаи худро ба ободии сарзамини муқаддасамон равона бояд созем.

Хусусан дар айёме, ки манфиатҷӯиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии қудратҳои ҷаҳонӣ торафт шиддат пайдо карда, дар натиҷа вазъи сиёсиро рӯз ба рӯз мураккабу буҳронӣ намуда истодаанд. Ҳаммаи мо вазифадорем, ки барои ҳимояи истиқлолияту озодӣ, яъне неъмати бузургтарини зиндагиамон ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонунияту тартибот, омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва ободонии сарзамини аҷдодӣ тарбия кунем.

Бояд дар хотир дошта бошем, ки мо фарзандони худ, яъне ояндагони ин сарзамини аҷдодиро аз хатару таҳдидҳо ки «Терроризм», «Экстримизм» ва шомилшавии онҳоро ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб эмин нигоҳ дошта, аз усулҳои муоссири тарбия кор барем.

Бо назардошти ҳамин нуқта, соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баъди ҳамавозии аҳли ҷомеа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон ба имзо расид, ки ин омил далели восеҳи таваҷҷуҳи махсуси давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба тақдири имрӯзу фардои насли наврас аст.

Сарвари давлат борҳо ҷавонону наврасони саодатмандро «Ояндаи миллат» хонда онҳоро ба интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ, илмомӯзӣ, омухтани забонҳои хориҷӣ ва дигар пайкори таҷассумгари накутарин хислатҳои инсонӣ роҳнамоӣ кардаанд.

Роҳбари давлат ба нақши махсуси модарон дар тарбия фарзандон борҳо таъқид кардаанд. Махсусан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, - Пешвои мазами миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон ибтидои моҳи марти соли 2015-ро «Рӯзи модар» эълон намуданд.

Масъалаи тарбия ва таълими сазовори ҷавонону наврасон аз дидгоҳи шариати поки исломӣ  низ дур намонда, дини мубини ислом ҳамеша омӯзиши илм ва таълим додани он ва дигаронро талқин менамояд.

Дар таълимоти дини мубини ислом ашхоси донишманд дорои мақому мартабаи хосанд ва дар ин пайроҳи бузурги нақши зан, модар хело баланд мебошад.

Аз нуқтаи боло ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки агар то дар пайравӣ ба исломи мубин ба омӯзиши илм машщул гардидаву онро ба фарзандону назикони худ низ сидқан талқин намоем, бо итминон метавон гуфт, ки дар ҷодаҳои гуногуни ҳаёт ба саодату муваффақият хоҳем расид.

Агар ба фарзандони худ асос ва моҳияти дини мубини ислом ва таълимоти поки онро биомӯзонем, аминем, ки ҳеҷ як гурӯҳу фирқаи иртиҷоие наметавонад эшонро ба қави мащзшӯӣ кардаву ба сафи худ ҷалб намояд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рӯ оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, ищво, гурӯҳбозӣ, паймоншиканӣ рехтани хуни ноҳак ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад.

Пешвои муаззами миллат Э.Раҳмон бамаврид гуфтаанд, ки бемаҳзабӣ замина ба сӯи ифратгароист. Ва мо дар ин роҳ бояд пайрави устувори Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва хоҳем буд.

Аъзои гурӯҳи созанда, мудири шуъбаи маориф                        Д. Ниёзқулова

*ВАХДАТ МАРОМИ МОСТ* Ситоди навбатии раиси нохияи Зафаробод Ашурзода Рачаб Рузи бо иштироки рохбарони ташкилоту муассисахо ва масъулини баргузории чашн бо максади дар сатхи баланду хотирмон тачлил намудани чашни Вахдати милли дар идгох баргузор гардид....


РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд