mt3.org

Санаи 27.06.2018 вохӯрии Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳия баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Пешвои муаззами миллат оид ба амалҳои нек аз қабили ободкориву созандагӣ суханрони намуда, таъкид карданд, ки имрӯз ҳар як фарди ватандӯсти кишвар метавонад, ободкор бошад ва баҳри таъмини шароити хуби зиндагӣ дар кишвар саҳми хешро гузорад.

Пайваста бо ин ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод низ тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди ноҳия вохӯриҳо доир намуда, муҳтавои суханронии Пешвои миллатро ба мардуми ноҳия расонида, онҳоро ба ободкорӣ ҳидоят намояд.

Дар оғози вохӯрӣ  раиси ноҳия муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки имрӯз ҳар сокини бонангу номус метавонад дар раванди ободкориву созандагии  ноҳия саҳмгузор бошад.

Сипас  таъкид гардид, ки дар ҳудуди Ҷамоат Маркази саломатӣ вуҷуд дошта, солҳои тулонӣ ба мардум хизмат менамояд. Маркази мазкур соли 1966 сохта шуда то ба ин дам боре аз таъмир кулл бароварда нашудааст. Яъне имрӯз мебояд, ки маркази мазкурро аз таъмири кулл баровард.

Раиси ноҳия сокинони Ҷамоатро ба обод намудани маркази саломатии мазкур даъват карданд. Ин ташаббуси ободкоронаи раиси ноҳияро сокинони Ҷамоат ба хуби пазируфтанд. Як нафар собиқадори меҳнат Турдиев Бозорбой, ки солҳои дароз дар Ҷамоати мазкур зиндагӣ мекунад, суханрони намуда қайд кард, ки мехост бо пасандози ҷамъ намудаи худ сафари ҳаҷ намояд, аммо баъди суханронии раиси ноҳия тасмим гирифтааст, ки маблағи ҷамъ намудаашро, ки ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ мебошад барои таъмири Маркази саломатии мазкур харҷ намояд. Инчунин дигар сокинони Ҷамоат низ суханрони намуда таъкид намуданд, ки саҳми хешро дар раванди таъмири Марказ мерасонанд. Дар охири вохӯрӣ раиси Ҷамоати Меҳнатобод Шукуров З. баромад намуд таъкид кард, ки якҷоя бо мардуми ободкори Ҷамоат Маркази саломатиро то ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз таъмири кулл мебароранд.

Чунин иқдоми нек дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шуда, сокинони ноҳия ба ободкориву созандагӣ ҷалб гардидаанд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия

Дар дунё ҳама чиз  дар асоси чизи дигар, барои мақсад ва вазифаҳои гуногун ва ё барои манфиати ин ё он офарида мешавад. Барои устувориву давомнокӣ аз чизҳои беруна маншаъ мегирад.  Чи қадаре ки сарчашма ғанӣ ва ё пурқудрат бошад он чиз то рафт инкишоф ёфта, шуқӯҳи бештар пайдо мекунад. Тайи чанд сол аст, ки мардуми тамоми дунё зидди террористону экстромистон мубориза шадид мебаранд, аммо то ҳол муовимату муқоибилиятро бапоён нарасонида истодаанд.  Дар натиља омилҳои пайдоиши ин ҳодисаро муайян намуданд, ки мо бояд ба муқоиби он сарчашмаҳо муқовимат нишон диҳем. Яке аз сабабҳо ин бо ҳам бархӯрдани манфиатҳои давлатҳои абарқудрат аст дар Осиёи Миёна. Ин давлатҳо барои манфиати хеш байни мардум ин балоро ангехтанд. Ба он гуна, ки дар Ҷумҳурии Афғонистон ин кишоф додани фаъолияти терроистии бо ном “Давлати исломӣ”, “Толибон”, “Иду” ба ин мисол шуда метавонад.

Зиёд гаштани шумораи љиноятҳои характери террористидошта дар минтақаҳои гуногуни як давлат низ боиси зуҳури љиноятҳои бузурги террористӣ мешавад. Боиси нигаронӣ ва тассуф аст, ки баъзе афроди кишвар дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Ироқу Сурия иштирок намуда, ваҳм бар қалби мардуми кишвар андохтанд, ки ин ҳодиса сарчашмаи муҳими имрӯзи шомилгардии  дигарон ба ин сафҳо гардидааст. Бекоргардӣ ва камсаводии љавонони муосир, аз фарҳанги миллӣ ва мазмуну муҳтавои мазҳаби ҳанафӣ (Абӯҳанифа) бехабар мондани онҳо шоҳроҳи асосиро ба гмруоҳӣ пайдо карда истодааст.

Агар тамоми мардум бо иттиҳод бар муқобили омилҳои дар боло зикргардида мубориза бурда тавонад, асолати миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллии хешро низ нигаҳ дошта метавонад. Метавонад худро бо тафохур шахси ватандору ба номус гуфта метавонад.

Игамова Ирода, омӯзгори Коллељи омӯзгории ноҳияи Зафаробод, аъзои гурӯҳи “Созанда”

Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву руйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дурру наздик нишон медиҳад, ки ТЭТ ҲНИТ ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ мебошад. Ҳеҷ гоҳ бо ин роҳи интихобкардааш ба мақсад намерасад. Сокинони Тоҷикистон имрӯз сиёҳро аз сафед ба пуррагӣ фарқ мекунанд ва дигар бозичаи дасти ТЭТ ҲНИТ намешаванд.

Шукри Худованди мутаъол, ки имрӯз ватани  азиз ва биҳиштосоямон Точикистон, бо рохбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваьдати миллӣ, соҳиби хиради худодод Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, рӯз то рӯз ба худ симои нав гирифта, мардумаш дар фазои озоду ором зиндагӣ карда истодаанд.  Пайравони дини мубини ислом озодона тоату ибодат ва тавбаю надомати худро ба ҷой оварда истодаанд.

Бадхоьони миллат ТЭТ ҲНИТ ва раису аъзоёни курнамаки он имрӯз барои ба ҳадафьои нопоки худ расидан бо ҳар баҳона мехоҳанд Сарвари оқилу хирадманди кишвар, Кумитаю масҷиду имомхатибонро  дар назди халқу ватан сиёҳ карда худро сафед кунанд. Ин амали хоинон амали ноҷавонмардона аст. Як маротиба солҳои навадум масҷидҳои кишварро ба қассобхонаи одамкушц табдил додед бас набуд, ки боз овоз баланд карда Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаро дар мақола танқид намуда мавъизаҳоро сиёсӣ ҳисоб намудед. Гӯё интихоби имомхатибон ва таъин намудан ба кор нарх дошта бошад, ин нодуруст аст барои ин гуна дуруғҳои бофта номаъқул кардед.

Дигар барои он муллоҳои ватанфурӯшу дину мазҳабфурӯше, ки ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИТ ва хизматгорони хоҷаҳои хориҷӣ буда виҷдон, орӯ номӯс, ватану модару хоҳари худро бо бо пул мефурӯшанд дар кишвари мо ҷой нест. Онҳо дигар пешвои дину мазҳаби миллати мо шуда наметавонанд. Шахсе, ки барои дину мазҳаб, барои халқу миллат арзанда ҳаст мардум худаш пешниҳод мекунад ва интихоб мекунад.

Сокинони кишвари азиз дигар ба буҳтону дуррӯғи шумо бовар надоранд беҳуда бо суханҳои бардурущи худ рӯзномаву маҷаллаҳои кишварро олуда накунед. Он далелҳое, ки дар мақола овардед ҳамааш дуруғи маҳз аст. Боз мехоҳед, ки бо ҳамин роҳ он муллоҳои ифлосу нопоки худро дар масҷидҳо ҷой карда ҳадафҳои нопоки худро ба воситаи онҳо амалӣ созед. Номаъқул кардед, хоинони Ватан танфурӯшу миллатфурӯш, модару хоҳарфурӯш бас будагист. То ба кай ба ин роҳ меравед ва дину мазҳаби худро мефурушед!

Шӯрои уламои дини ноҳияи Зафаробод.

...Эй ки берун меравӣ, ин остонро гум макун. (Лоиқ)

Барои зери тасаллути худ даровардани як мамлакат, барои маҳрум сохтан аз ганчинаи маънавӣ ва асолати миллӣ Чингизхон мардумро фикран вайрон менамуд ва ҳатто чунин андеша вучуд дорад, ки ӯ лашкарони ҳарбии худро аз махзани хотироташ маҳрум месохт, то ки барояш вафодору хидматгузор бимонад.. Бо гузашти садсолаҳо ин вайронсозии фикриро дар асри XXI баъзе ашхози иртичоии хорича амалӣ намуда истодаанд. Имрӯзҳо мафҳумҳои «Терроризм» ва«Экстромизм» даҳшат бар мардуми дунё ангехтааст. Ҳангоми фаҳмидани ин мафҳум аксари мардум ларза бар вучуд пайдо мекунанд. Аммо ҳастанд баъзе нафарони хоини Ватан, ки зери ин мафҳуми ғализ барои худ олмаи  дигар кашф намуда, худро бар «Олами улвӣ» пайваста истодаанд.

Пештар барои  мардуми дунё ин вожаҳо тамоман бегона буданд. Имрӯзҳои нафреро пайдо карда наметавонем, ки зери ин калимаҳо даҳшатафканиҳоро нафаҳмад. Ташкилотҳои терротистону экстромистон то рафт аз ҳисоби нафарони дорои маънавиёти заифу руҳан тобеъшаванда афзуда истодаанд.

Ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки бо мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи  терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии  аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи  он фаъолияти  террористиро анҷом медиҳад;

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ.

Гумроҳони ба ин ташкилот шомилгашта, афусӯсу надомати зиёди чонкоҳеро мекашанд, аммо метавониста бошанд аз ин ботлоқи бадбӯй начот ёбанд?

Игамова Ирода, омӯзгори Коллечи омӯзгории н. Зафаробод, аъзои гурухи "Созанда"

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд