mt3.org

Вобаста ба расонидани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 кормандон ва гурӯҳҳои волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ВНМО-БПНМ, мубориза бо ифродгароиву тундгароӣ ва даҳшатафканӣ, инчунин таҳдидҳои замони муосир дар байни наврасону ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод аз санаҳои 16-17 июни соли равон мулоқоту вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуд.

Турдиев Икромҷон Абдураҳмонович аз соли 2009 мунтазам ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, тахминан моҳи августи соли 2015 дар шаҳраки Серпухов, шаҳри Юхнов бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ экстремистии  Давлати исломӣ, яъне бародараш Турдиев Илҳомҷон Абдураҳмонович ва шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон Баҳодур ном шахс робита пайдо намуда, оид ба мақсаду мароми иттиҳоди ҷиноятии Давлати исломӣ, ки бо роҳи ҷиҳод, яъне зўроварӣ ва содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, таҷйир додани сохти конститутсионии тамоми давлатҳо аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина барпо намудани давлати исломии умумиҷаҳонии «Хилофати бузург»-ро дорад маълумот гирифта,  ақидаҳои ифротгароёнаи худро давом дода, омодагии худро барои иштирок дар ҳайати ин иттиҳоди ҷиноятӣ ва задухўрдҳои мусалаҳона дар қаламрави Ҷумҳурии арабии Сурия арзёби мекунад. Сипас Турдиев Икромҷон Абдураҳмонович бо даъвати Баҳодур ном шахс, ба ҳайати аъзои гуруҳи ифротгарои террористӣ-экстремистии ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом), ки бо ҳалномаи суди Олии ҳумҳурии Тоҳикистон аз 14 апрели соли 2015 ташкилоти Давлати исломӣ (Давлатии исломии Ироқу Шом) ташкилотҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, ҳамроҳ гардида ва ақидаи ифротгароёнаи худро мустаҳкам намуда, дар назди аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ қасам «байат» намудааст, ки ба роҳбар ва пешвои ташкилоти террористӣ Абубакри Баҷдоди хизмат карда дар ҳамаи муҳорибаҳо бар зидди кофирон ҷонашро дареҷ намедорад. Дар ин замина барои пешбурдани фаъолияти ДИИШ  саъю кўшиш хоҳад кард.

Ба қарибӣ суди ноҳия аъмоли ношоями шаҳрванд Турдиев Икромҷон Абдураҳмоновичро дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 307/3  қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста.  ба ў бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзўр таъин кард.

М.ДЎСТЗОДА, судяи Суди ноҳияи Зафаробод

Ҳамовозӣ

Ҳамоиши мардумон рӯзи 21-уми май назди Бинои Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе зери шиорҳои  «Гумном бод Кабирӣ!», «Фарзандони моро баргардонед!», «Ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат накунед!» ва ғайраҳоро баргузор гардид, хусусияти иҷтимоӣ дошта ниҳоят дилтангии мардум назди сиёсати дугона ва ихтилофандозандаи баъзе сарони роҳбарияти Ҷумҳурии Исломи Эрон буд. Аммо ҳеч яке аз намояндагони сафоратхона берун наомада вокунише нишон надод. Оё сукут аломати ризоист, ё хайр? Ин саволи матраҳ аст!

Мо тоҷикон, порсҳои Эрон дариҳои Афғонистон наберагони Ҷамшеду Фаридунем, ки таърих гувоҳ асту Яздон чунон офарида.Лек заҳҳоки морон бо ҷодӯӣ ва ғасби бадавиёни тозӣ зери шиори дин ин фарзандони як модарро зи ҳам бипароканда. Ҳануз ихтилофоти мазҳабии шиаву суннӣ замони Сафавиёну Шайбониён миёни ин миллати ориёӣ бишкаставу тухми нифоқу душманӣ афканда, сипас силсилаи авлодони турку қочор, манғиту озарӣ ин ҷудоиро жарфтару, девори душмани байни ин фарзандони як модарро зиёда намудаанд.

Замони шӯравӣ робитаҳои мо таввасути сурудаҳои Аҳмад Зоҳиру Гугуш, Одина Ҳошим, осори Нимо, Нодири Нодирпур, Фуғуғ, Халилулоҳ Халилӣ, Айниву Турсунзода, Лоиқу Бозор, Фарзона ва чанд саршиноси дигар чун Аллома Ғафуров Осимӣ, Олимпур, Саид нафисӣ, Баҳор, Фурузонфар ва бузургони дигар буд, ки пайванди адабӣ, пайванди забонӣ, пайванди руҳу равонӣ дошт. Лек кафи сад афсус, ки ифрити арабпараст, туркгаро чӣ дар Эрон, чӣ дар Афғонистон, чӣ дар Тоҷикистон зери ниҳоби дин боз қавли ҳакими зиндасозандаи Аҷам ва бедорсозандаи ақвоми ориёӣ Фирдавсии бузург:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андар оранд пеш.

Албатта, мардуми шарифи Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон инҷо гуноҳе надоранд, инҷо якчанд ифритҳое ҳастанд, аз пайванди ин пораҳои бишкаста метарсанд,чӣ дар минтақа чӣ дар қитъа инчунин дар миқиёси ҷаҳон. Ҳоло сухан сари душманони сарсахти дохилӣ, мухолифони сиёсӣ, динӣ, мазхабӣ ва иқтисодиву манфиатҷӯӣ, ишғолгару сарватҷӯи бисёр аст.

Ҳушёрии сиёсӣ зарур аст!

Мулоҳиза намоед, вақте истиқлолиятро Яздон  ба Тоҷикистон дод, душманон якум шуда  он тоҷикони бедорро терор карданд, ки аъзои ҷамъияти «Пайванд» буданду пайванди ақвоми ориёро мехостанд. Аз Осимӣ сар карда то  Муҳидин  Олимпур аз Искандари Хатлонӣ то нафарони дигар.

Тоҷикистонро ба ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ кашида пора-пора кардани шуданд. Тоҷикистонро симхорпеч карда ба муҳосираи иқтисодӣ, бероҳӣ, бебаркӣ кашиданд. Лек тоҷик ақли солимро пеша намуду  Ҳурмузди некӣ пуруз шуд  ва пешвое аз байни тоҷикони асили хоки кухани Хатлон бо қомати Рустамона бархест ва миллатро сарҷамъ сохту ҳамаи мушкилотро барҳам зад. Вақте соли 2006 аз тарафи Пешвои ориётоҷикони ҷаҳон Эмомали Раҳмон Соли тамаддуни ориёӣ эълон шуд талхаи душманони ақвоми ориёӣ кафид. Замони оғози НОБ-и Роғун боз душманон аз чор тараф бо танку тӯп ба сарҳад омаданд. Лек иродаи қавии халқ бо ваҳдати миллӣ пируз шуд. Пешвои миллат ба гӯши ҷаҳониён масъалаи об ва муаммои обиро расонида қадри сарвати миллии тоҷикон обро муайян намуд. Барои миллати зери ҷанги беш аз 40- солаи абарқудратҳо мондаи Афғонистон зиёда аз ҳафт пули иртиботӣ кушода дар тамоми минбарҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ  масъалаи сулҳи деринтизори ин диёри  ранҷкашидаро баррасӣ менамояд. Бо хайрхоҳӣ ин марди шариф рахна бар симхори бегонагӣ зада тоҷикони Бухорову Самарқанд, Суху Фарғона, Андиҷон ва садҳо деҳу рустои тоҷикнишинро бо навои шеъри дарии Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофизу Хайём ва муосирон пайғом дода ба сайру саёҳат, шиносоӣ даъват намуда торҳои кандашудаи ин рағзаи зебои ориёнаро пайванди ҷовидонагӣ дод. Мо устодону донишҷуён ва аҳли фарҳангу донандагони таърихи куҳану муосири тоҷик дар ноҳияи Зафаробод ин ҳамоишро дастгирӣ намуда хостори онем, ки  эй масъулини як вазифаи бузург, эй намояндагони миллати фарҳангӣ ва тамаддуни қадимадоштаи Ҷумҳурии исломии Эрон ин матлабро бар гӯши сиёсатмадорони бедор ва ориёнажод, на аз табори озарию курдасл, турку арабпараст бирасонед, ки аз паси дасисаҳои мазҳабӣ нарафта пайвандҳои таърихиро, ки дар ин куҳандарахти ориёӣ дар сабзишанд, нашкананд. Бо қавли Мавлонои Балхӣ пуштибонии Шумо аз нохалафе чун Муҳиддин Кабирӣ ва чанд думрави он масали «Баҳри кайке навгилеме сухтан…»-ро мемонад, ки айб аст. Охир кайк кайк аст, моро газид, шуморо ҳам мегазад. Пас месазад ин ҳашароти  заҳрогинро аз ҳоки муққадаси ниёгон дур намоед. Умед бар ақли солим дурандешӣ ва тапиши хуни ориёӣ дар тани Шумо ва шоҳраги миллати шарифи Эронро дорем.

Аминҷон Зарифӣ- Аълочии Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.Сардори шӯъбаи таълими Коллеҷи политехникии нохияи Зафаробод.

 

Зимни боздошт қочоқбарони афғон муқовимати мусалалҳона нишон доданд

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд