mt3.org

Хабарҳо

Ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории сироятии Covid-19 аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, Зулфиқорзода Заррина дар кӯчаву хиёбонҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, ба сокинон оид ба риояи қоидаҳои беҳдошт, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ҳангоми мулоқот ва тавсияи табибон таъкид гардида, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

Санаи 7 августи соли 2020 гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳайати кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва волонтиёрон аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷи тиббии ноҳия дар бозорҳои маркази ноҳия корҳои тарғиботӣ гузаронида, бо сокинони ноҳия варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд. Зимни сӯҳбат таъкид карда шуд, ки хавфи паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии нави коронавирус COVID-19, шаҳрвандонро мебояд ба қоидаҳои беҳдошт ва фосилаи иҷтимоӣ қатъиян риоя намоянд.


 

 

Санаи 6.08.2020 сол дар Қасри фарҳанги «Зафар»-и ноҳияи Зафаробод даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар озмун 42-нафар хоҳишмандон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз рӯйи номинатсиҳои гуногуни озмун иштирок намуданд.

Аз тарафи аъзои ҳакамони озмун туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ғолибони озмун супорида шуд.

 

 

Аёдату хабаргирии табақаи ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, ин иқдом пайваста роҳандозӣ мегардад. Аз ҷониби раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Наимов Ҷамшед сокинони Ҷамоати шаҳраки Зафаробод Туйматова Уғилой ва Раҳматова Анбарой аёдат гардида, ба Бобоев Турсунбой маъюби гурӯҳи дуюм аробача тақдим карда шуд.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд