mt3.org

Хабарҳо

 

Санаи 1-уми июли соли 2020 дар бозори Бадахшони ноҳия аз тарафи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азизова Р. ва мудири маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Холбекова М. оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ба аҳолии ноҳия оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус «COVID-19» аз он ҷумла, назорати риояи бечунучарои қоидаҳои беҳдоштӣ, худдорӣ кардан аз мулоқоти наздик ва тамоси бевосита, бахусус дар миёни занон, инчунин тозагию озодагиро дар ҷомеа ба роҳ мондан фаҳмонида дода шуд.

 

 

Санаи 31-уми июни соли 2020 аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” тариқи радиои маҳаллии ноҳия

 

Санаи 30-юми июни соли 2020 дар Комендатураи сарҳадии Зафаробод бо иштироки сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муллоев Н., мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азизова Р. ва мудири маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Холбекова М.  оид ба пешгирии пайдоиши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Аз рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мудири Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ба афсарону сарбозон 40 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва 2 литр антисептик такдим карда шуд.

 


 

 

«Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ мебошад. Мову шумо бояд бо меҳнати ҳалол, ақлу хиради солим, донишу таҷрибаи пешрафта душвориҳои имрӯзаро паси сар намоем ва Тоҷикистони азизи худро ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи олам расонем».

Эмомалӣ Раҳмон

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд