mt3.org

Хабарҳо

 

Санаи 16-уми июли соли 2020 тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сардори Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд Ализода Аъзамҷон иштирок намуд.

Подробнее

 

Баъди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, Ҳукумати ҷумҳурӣ мавқеи занро дар ҷомеа ҳамчун як масъалаи ниҳоят муҳим ва ҳалталаб арзёбӣ намуд. Ба хотири баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, ба роҳ мондани баробарҳуқуқии марду зан як қатор чораҳои мушаххас андешида шуд ва барои ширкат варзидан дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар шароит фароҳам омад.

Подробнее

 

Санаи 9-уми июли соли 2020 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод ҷамъбасти шашмоҳа оид ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гузаронида шуд. Дар 5 Ҷамоати ноҳия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Ҷамоаҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия корро ба роҳ монда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» амал намуда, дар давоми шашмоҳи соли 2020 як қатор корҳоро ба сомон расониданд.

Дар ин муддат масъалаҳои фаъолияти хоҷагии манзилию комуналӣ, дар бораи рафти корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, омодагӣ ба гузаронидани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, иди Ғалаба, рӯзи Ваҳдати миллӣ, фаъолияти муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ ва муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоатҳо, дар бораи даъвати шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши тағйиру иловаҳо ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин мактубҳои аз мақомотҳои дигар воридгардида дида баромада, муҳокима гардиданд.

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баҳри пешбурди фаъолият ва некӯаҳволии шароити зисти аҳолӣ тамоми кӯшишу имкониятҳои худро роҳандозӣ менамояд ва баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар ҳаматарафа корбари намуда барои зиндагии шоистаи мардум хизмат мекунанд.

 

 

 

Футбол  яке аз намудҳои беҳтарин ва варзиши рақами яқ ҳисоб рафта, дар тамоми сайёра мухлисони худро дорад. Ин намуди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва ташаббусҳои созандаи Раиси Федератсияи футболи кишвар мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯ ба рушд овардааст.

Дар ноҳияи Зафаробод низ тайи чанд сол аст бо иқдоми ҷавони ташаббускору ватандӯст Хурсандмурод Ҷумаев дастаи футболи “Равшан” таъсис дода шуд. Дастаи мазкур дар натиҷаи тармимҳои пайваста ва дастоварҳои назаррас соли 2019 сазовори Ҷоми Раиси вилояти Суғд гардида, ба лигаи якуми мамлакат роҳ ёфт.

Варзишгарони ин даста дар мавсими имсола дар лигаи якум то имрӯз як чанд бозӣ баргузор намуда, маҳорати баланди худро муаррифӣ карданд. Чанде қабл дар майдони худ дастаи футболи  “Равшан”- Зафаробод бо “Моҳир”-и Ёвон бо ҳисоби 2-2 ва бо дастаи “Шоҳмансур”- ноҳияи Шоҳмансур бозӣ карда, бо ҳисоби 6 -1 ғалаба ба даст овард.

ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳия бо дастаи футболи “Равшан” ҳамкориро ба роҳ монда, барои ба даст овардани дастовардҳои навбатӣ ва дастгирии моддию маънавии варзишгарон мусоидат менамояд.

Маркази иттилоотии

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд