mt3.org

 

 

Деҳаи Бахти ҷамоати деҳоти Равшан яке аз минтақаҳои дурдасти ноҳияи Зафаробод маҳсуб ёфта, сокинонаш бо тафаккури созандаю иқдомоти бунёдкорона аз пайи зиндагӣ ва ободу зебо кардани деҳа мебошанд. Бо мақсади шиносоӣ ва бурдани корҳои тарғиботӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Зафаробод бо сокинони деҳаи Бахт мулоқот ташкил карда шуд. Мутриба Бобоҷонова-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Туйғун Шарифзода-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Назирҷон Муллоев-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод дар мулоқот иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз-таҷлили сазовори ҷашнҳои фархундаи миллӣ, омодагӣ ва маъракаи муҳими сиёсии Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон, пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нав сӯҳбати рӯ ба рӯ ташкил намуданд.

Мутриба Бобоҷонова-намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҷумла дар суханронии худ дастовардҳои назарраси заҳматкашони ноҳияро дар рушди соҳаҳо ёдрас намуда, таъкид дошт то ба мақсади расидан ба ҳадафҳои олию шоиста ва татбиқи барномаи ҲХДТ масъул, саҳмгузор ва дар заҳмати самаровар бошем.

Сокинони деҳа андешаҳои худро доир ба ин мулоқоти судманд баён намуда, иброз доштанд, ки ободу зебо ва сарзабзу хуррам намудани Тоҷикистони азиз вазифа ва масъулияи ҳар сокинои кишвар маҳсуб меёбад.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдураҳмон Қодиров ба муассисаи таълимии деҳа ҳароратсанҷи тиббӣ тақдим карда шуд.

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд