mt3.org

Хабарҳо

Миллати тоҷик аз қадимулайём бо маданияту фарҳанги волои хеш дар байни оламиён намунаи ибрат буд. Хушбахтона имрӯз таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик аз хатари нести наҷотёфта сазовори зингадии орому осуда гардид. Ин ҳама сулҳу суботи кишвар самараи Истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мебошанд.

Вақто, ки муҷориатҳои иғвоангезу фитнаангезӣ боз як хоини миллат Саидюнус Бурҳонов (бо тахаллуси Саидюнуси Истаравшанӣ)-ро бо воситаи шабакаҳои интернет хондам, ба хулоса омадам, ки  ин курнамак низ мисли дигар ҳамтабақонаш душмани миллати тоҷик буда, пешравию рушди Тоҷикистони азиз ва мардуми кишварро намехоҳад. Зеро сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ва сатҳи зиндагии мардуми кишварро дигар мамлакатҳои олам орзу мекунанд. Ин хоинони миллат худ медонанд, ки Тоҷикистони азизи имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад.  Бо ин амалҳои фитнаангези худ мехоҳад ба мардум нишон диҳанд, ки ғамхори миллатанд, баракс онҳо ҳама душмани миллатанд. Яъне он маблағҳое, ки то ба имрӯз бо мақсади пароканда намудани миллати тоҷик аз хоҷаёни хоричии худ ба даст оварданд бояд подошт намоянд. Маҳс ин сабаб имрӯзҳо тариқи шабакаҳои интернети бо ҳар гуна суханҳои иғроангез мехоҳад мардумро ба гумроҳи ҳидоят намоянд. Саидюнус Бурҳонов фаъолияти худро барои дастгири намудани тероризм ва экстремизм равона карда, мехоҳад дар ҳудуди Тоҷикистон тарафдорону пайравони худро пайдо намояд. Инчунин дар амалҳову кирдорҳои худ бо тахассуси Истаравшанӣ баромад намуда номи истаравшанро доғдор мекунад. Хуб мешуд, ки дар кишварҳои беруна  аз дастгири намудани Саидюнус Бурҳонов даст кашанд зеро ў шахсе мебошад, ки бо корҳои нопок дар гузашта машғул гардида, боиси хонавайрон шудани якчанд оилаҳо ва инчунин ба маҳбас гирифтор шудани бародарони худ гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар қайди ҳаёт будани ин тоифа инсонҳо мисли Саидюнус Бурҳонов на танҳо барои Тоҷикистон балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон  бо фаолияти нопоки худ муаммоҳои зиёдеро ба миён меоранд. Бояд ин тоифа инсонҳоро ки ба монанди Саидюнус Бурҳонов ки бо ҷиноятҳои ҳуқуқию ахлоқӣ гирифтор мебошанд барои амалҳои нопокашон сазовори ҷазо қатл намуд.

Имрӯз ҳамчун як фарди Ватандусту ватандор ман рафторҳои Саидюнус Бурҳоновро маҳкум намуда, мардуми кишварро ба он даъват менамоям, ки ба ҳаргуна баромадҳои иғвоангези ин тоифа инсонҳо  бовар накунанд, ки онҳо барои халалдор намудани фазои сулҳу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона карда шудаанд. Дар охир гуфтаниам, ки лаънат бар шахсони хиёнаткоре, ки бар обу хоки муқаддаси ватани хеш хиёнат мекунанд ва бар онҳое, ки чунин шахсонро дастгирӣ менамоянд.


Боймуродов Ф.

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия,                             аъзои гуруҳи «Созанда»

 

Инсон дар давоми зиндагонияш дар ин дунё бояд кӯшиш намояд, то мӯҷиби озори кас нагардад. Аз шахси мардумозор мардум ҳам безору Худо ҳам. Озору изои бандаи муъмин ҳаром дониста шудааст дар Ислом. Аммо  терроистон дар зери сояи дини поки Ислом худро “равандаи роҳи рост” пиндошта, ҳар амали носавобу номаҳмуди содирнамудаи хешро “дар роҳи ризоияти Худо” вонамуд месозанд.

Бароямон пӯшиде нест, ки  дар таърихи 24-уми августи соли 2004 террористон  дар вилоятҳои Тула ва Ростови  Россия   самолётҳои Ту-154 ва Ту-134-ро  дар осмон кафонданд, ки дар натиҷа  90  инсон ба халокат расид. Санаи 11-уми   сентябри соли 2001  дар ИМА террористон чаҳор самолётро ғасб карда, ба ду биноҳои клонтарини шаҳри Нью – Йорк  хамчун ракета равона сохтанд дар натиҷа 6000 хазор одам ба ҳалокат расид.

Баъдтар ҷустуҷӯҳо нишон доданд, ки он амалҳои террористон, ки дар боло зикрашон кардем аз ҷониби мардуми муқимии он ҷо ба амал бароварда шудааст. Дӯст доштани Ватан аз имон аст, мегӯянд дар халқ. Воқеан аламовараш он аст, ки ҳамватани худ ба самти муқобил гузашта сӯи Ватани худ санг занад. Оиди ин гуна шахсон шоири тавонои форсу тоҷик Бадриддини Ҳилолӣ чунин мегӯяд:

Чу нон бардоштӣ хонро маяндоз,

Намак хӯрдӣ намакдонро маяндоз

Ватан маскане, ки дар он мо чашм кушода оламрову одамро дида, бузург шудем. Ватан мактабест, ки дар он мо таҷрибаи зиндагӣ омӯхтему сараро аз носара ҷудо намудем. Ватан хонаест, ки мо бо аҳли оила як бурида нони онро тақсим намудему осуда хобидем. Он вожаест, ки ҳамроҳи модар ба забон гирифта Модар-Ватан меномем. Санге, ки сӯи Ватан мезананд он санг бегумон ба сӯи модар нигаронида шудааст. Он маскане, ки дар он мактабу хонаи мо ҷойгир аст, оё шоиста аст, ки вайрону валангораш кунем? На, баракс, он хонаву мактабе, ки дар он маскан фарсуда шудааст обод намоему дар оғӯши он дигар кӯдаконро парвариш созем.

Игамова Ирода омӯзгори Коллеҷи

омӯзгории н. Зафаробод

 

 

Санаи 27.06.2018 вохӯрии Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳия баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Пешвои муаззами миллат оид ба амалҳои нек аз қабили ободкориву созандагӣ суханрони намуда, таъкид карданд, ки имрӯз ҳар як фарди ватандӯсти кишвар метавонад, ободкор бошад ва баҳри таъмини шароити хуби зиндагӣ дар кишвар саҳми хешро гузорад.

Пайваста бо ин ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод низ тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди ноҳия вохӯриҳо доир намуда, муҳтавои суханронии Пешвои миллатро ба мардуми ноҳия расонида, онҳоро ба ободкорӣ ҳидоят намояд.

Дар оғози вохӯрӣ  раиси ноҳия муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки имрӯз ҳар сокини бонангу номус метавонад дар раванди ободкориву созандагии  ноҳия саҳмгузор бошад.

Сипас  таъкид гардид, ки дар ҳудуди Ҷамоат Маркази саломатӣ вуҷуд дошта, солҳои тулонӣ ба мардум хизмат менамояд. Маркази мазкур соли 1966 сохта шуда то ба ин дам боре аз таъмир кулл бароварда нашудааст. Яъне имрӯз мебояд, ки маркази мазкурро аз таъмири кулл баровард.

Раиси ноҳия сокинони Ҷамоатро ба обод намудани маркази саломатии мазкур даъват карданд. Ин ташаббуси ободкоронаи раиси ноҳияро сокинони Ҷамоат ба хуби пазируфтанд. Як нафар собиқадори меҳнат Турдиев Бозорбой, ки солҳои дароз дар Ҷамоати мазкур зиндагӣ мекунад, суханрони намуда қайд кард, ки мехост бо пасандози ҷамъ намудаи худ сафари ҳаҷ намояд, аммо баъди суханронии раиси ноҳия тасмим гирифтааст, ки маблағи ҷамъ намудаашро, ки ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ мебошад барои таъмири Маркази саломатии мазкур харҷ намояд. Инчунин дигар сокинони Ҷамоат низ суханрони намуда таъкид намуданд, ки саҳми хешро дар раванди таъмири Марказ мерасонанд. Дар охири вохӯрӣ раиси Ҷамоати Меҳнатобод Шукуров З. баромад намуд таъкид кард, ки якҷоя бо мардуми ободкори Ҷамоат Маркази саломатиро то ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз таъмири кулл мебароранд.

Чунин иқдоми нек дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шуда, сокинони ноҳия ба ободкориву созандагӣ ҷалб гардидаанд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия

Дар дунё ҳама чиз  дар асоси чизи дигар, барои мақсад ва вазифаҳои гуногун ва ё барои манфиати ин ё он офарида мешавад. Барои устувориву давомнокӣ аз чизҳои беруна маншаъ мегирад.  Чи қадаре ки сарчашма ғанӣ ва ё пурқудрат бошад он чиз то рафт инкишоф ёфта, шуқӯҳи бештар пайдо мекунад. Тайи чанд сол аст, ки мардуми тамоми дунё зидди террористону экстромистон мубориза шадид мебаранд, аммо то ҳол муовимату муқоибилиятро бапоён нарасонида истодаанд.  Дар натиља омилҳои пайдоиши ин ҳодисаро муайян намуданд, ки мо бояд ба муқоиби он сарчашмаҳо муқовимат нишон диҳем. Яке аз сабабҳо ин бо ҳам бархӯрдани манфиатҳои давлатҳои абарқудрат аст дар Осиёи Миёна. Ин давлатҳо барои манфиати хеш байни мардум ин балоро ангехтанд. Ба он гуна, ки дар Ҷумҳурии Афғонистон ин кишоф додани фаъолияти терроистии бо ном “Давлати исломӣ”, “Толибон”, “Иду” ба ин мисол шуда метавонад.

Зиёд гаштани шумораи љиноятҳои характери террористидошта дар минтақаҳои гуногуни як давлат низ боиси зуҳури љиноятҳои бузурги террористӣ мешавад. Боиси нигаронӣ ва тассуф аст, ки баъзе афроди кишвар дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Ироқу Сурия иштирок намуда, ваҳм бар қалби мардуми кишвар андохтанд, ки ин ҳодиса сарчашмаи муҳими имрӯзи шомилгардии  дигарон ба ин сафҳо гардидааст. Бекоргардӣ ва камсаводии љавонони муосир, аз фарҳанги миллӣ ва мазмуну муҳтавои мазҳаби ҳанафӣ (Абӯҳанифа) бехабар мондани онҳо шоҳроҳи асосиро ба гмруоҳӣ пайдо карда истодааст.

Агар тамоми мардум бо иттиҳод бар муқобили омилҳои дар боло зикргардида мубориза бурда тавонад, асолати миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллии хешро низ нигаҳ дошта метавонад. Метавонад худро бо тафохур шахси ватандору ба номус гуфта метавонад.

Игамова Ирода, омӯзгори Коллељи омӯзгории ноҳияи Зафаробод, аъзои гурӯҳи “Созанда”

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд