mt3.org

Хабарҳо

 

Санаи 1-уми августи соли 2018 дар ьудуди ноьияи Зафаробод Р=зи ягонаи ахбор дар мавз=и «Мубориза бо падидаьои номатлуб кори дастажамъист» гузаронида шуд.

Мутобиыи наыша гур=ььои тарщиботии ноьия аз ьисоби кормандони маыомоти ижроияи маьаллии ьокимияти давлатии ноьия ва Жамоатьои шаьраку деьот таъсис ёфта, дар ьамаи Жамоатьои шаьраку деьот, мавзеъьои аьолинишин ва ташкилоту муассисаьо с=ьбату вох=риьо гузаронида шуд.

Дар Р=зи ягонаи ахбор гур=ьи тарщиботии вилоятц дар ьайати Зоидова Туьфа Махкамовна- устоди Донишгоьи давлатии Хуҷанд факултаи молия ва иытисод, Турдиев Фаррух Акбарович- устоди Донишгоьи давлатии тижорати Тожикистон ва Абдукаримов Жамолиддин - муовини декан оид ба корьои тарбиявии факултети таърих ва ьуыуыи Донишгоьи давлатии Хужанд ба номи академик Бобожон Щафуров ташриф оварда, дар толори маыомоти ижроияи ьокимияти давлатии ноьия бо сокинони ноьия с=ьбату вох=рц доир намуданд.

Аз жониби тарщиботчиён доир ба мавз=и пешниьодшуда, яъне «Мубориза бо падидаьои номатлуб кори дастажамъист» чунин ибрози андеша намуданд: Тероризм ва экстримизм яке аз проблемаи асосии имр=за буда, махсусан жавононро бо ьар гуна ваъдаьои бардур=щи динию дунявц жалб намуда, оньоро ба жараёньои террористц сафарбар менамоянд. Террористьо гур=ььои хурде буда, ба жомеаи имр=за бо ьар гуна роь зиён мерасонанд. Дар ьар як сомонаи сиёсц, ижтимоц, фарьангц ва щайра мавз=и асосц ба пайвастани шаьрвандон ба гур=ььои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии жомеаи имр=заи мо мебошад.

Р=зи ягонаи ахбор дар ьамаи Жамоатьои шаьраку деьот ва ташкилоту муассисаьои ноьия бо омодагии ьаматарафа дар сатьи баланди сиёсц г=заронида шуд.

 

 

Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ, ҳатман ба масъалаи ҷавонон истода гузашта, пайваста онҳоро ба огоҳиву ватандӯстӣ раҳнамун месозанд. Соли равон хуб медонем, ки мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар доир гардид. Дар он зикр намуданд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифродгарӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад».

Фоизи зиёди истифодакунандагони технологияҳои навтаринро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳар гоҳе ки тариқи расонаҳо ва ахбори умум дар бораи рафтори ношоями баъзе фардҳои ҷомеа мешунавему мушоҳида менамоем нафратамон зиёд мегардаду аз сарамон андешае мегузарад, ки чаро мардум ба қадри Ватан-модар, обуз амин ва неъматҳои бу ӯ додашуда намерасад. Ватани зебову обод, оромиву осоиштагӣ, серию пурӣ ва истиқлолияту озодӣ ба халқу кишвар муяссар намегардад. Ҳанӯз дар замони оини зардуштӣ инонҳо дар асоси шиори «Рафтори нек, пиндори нек, гуфтори нек» зиндагонии худро пеш мебурданд. Рафтори нек, нияти нек, андешаи нек, гуфтори нек ҳама вақт бартарияти худро дошту дорад. Бузурге дар як байте гуфтааст:

Сурати зебои зоҳирро чӣ суд?

Эй бародар, сирати зебо биёр.

Имрӯз аксар падару модарон тарбияи фарзандро дар хӯронидану пӯшонидан ва ба мактаб супоридан медонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар сафи бачагони душвортарбия зиёд гардида истодаанд. Барои душвортарбия нагаштани наврасон ба таълиму тарбияаш диққати ҷиддӣ дод. Падару модарон, омӯзгорон, шахсони мутасаддиро зарур аст, ки барои баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбияи насли наврас ва барои пешгирии мубориза ба алайҳи ҷиноятҳои терроризм ва экстромизм кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки дар ватани мо сулҳу ваҳдат ҳамешагӣ ҳукмфармо гардад. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстрамизм вазифаи асосии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҷамъиятӣ аст, аммо мусоидат кардан ва дастгирӣ кардани ҳар фарди ҷомеа барои пешгирии ҷиноятҳои террористиву экстромистӣ вазифаи ҷонии ҳар як фар даст. Барои аз байн бардоштани шомилгардии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бояд масъалаҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад. Ҳар фарди равшанзамиру бедордил ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризму эстромизм талқин намояд. Халқи тоҷик аз азал ҳиммати мардиву мардонагии қавиеро дар худ мепарварад. Имрӯз Тоҷикистонро тамоми дунё ҳамчун кишвари сулҳпарвар, озоду демократӣ мешиносад. Моро зарур аст, ки ҳама як ҷо муттаҳид шуда, ба миллату давлатамон софдилона хизмат намоем. Ин маскани ҷаннатсоро аз чашми баду дасти нохадафон нигоҳ дошта, онро ба наслҳои оянда бенуқсон расонем.

Ирода Игамова

 

 

Намояндагони ваҳҳобия, Салафия ва ТЭТ ҲНИ як мушт афроде ҳастед, ки барои манфиятҳои худ бузургтарин арзишҳоятонро мефурўшед. Аслан арзишҳо ба Шумо бегона аст. Касе, ки арзишро мешиносад пеш аз ҳама арзишҳои милливу давлати худро мешинохт. Шумо як гурўҳ намонядагони хурофотпарасту ҷоҳталаб бо ҳаргуна тасмимҳои ғаразмандона наметавонед, боварӣ ва эътимоди мардуми тоҷикро бишканед. Имрўз халқи тоҷик дуруст дарк карда, ки Шумо ягона душмани кишвар ҳастед ва аз паси Шумо рафтан хиёнати нобахшидани барои миллату давлат мебошад.

Муҳиддин Кабирӣ, ки бо сафсатаву ваъдаҳои дуруғ як гуруҳ одамони бесавод ва хурофотпарастро сарҷамъ намуда, хиёнати худро давом дода истодааст, дар таърихи навини тоҷик хиёнаткортарин тоҷик ҳаст. Кабирии хиёнаткор, ки таърих ёд надорад. Гурўҳҳои ифротии салафия, ваҳҳобия ва ТЭТ ҲНИ имрўз мехоҳанд ҷавононро бо ташвиқу талқин ба афкори диниву манфиятҷўёни худ ба корҳои бад сафарбр кунанд. Маълум мешавад, ки афроде берун аз кишвар кўшиш доранд бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора ноамон созанд. Дар асл метавон гуфт, ки ин гурўҳҳо мехоҳанд барои мардумро ба дину хурофотпарсатӣ талқин намоянд. Маълум аст, ки дар замони имрўз бо мафкураи динӣ наметавон пеш рафт ва ба муваффақият расид. Аҳли илму ҷаҳонӣ борҳо гуфтаанд, ки замони дину хурофот кайҳо гузаштааст. Намояндагони гурўҳҳои мазкур аксаран ба илмҳои муҳими замонавӣ огоҳи

надоранд. Як гурўҳҳои беилму хурофотзада, ки ба ҷуз суханони мутаасибони хоҷагони дигар ба хеҷ чиз бовар надоранд. Дар маҷмўъ метавон гуфт, ки гурўҳҳои мавриди назари мо наметавонанд, ки барои пешрфти соҳоти мухталифи ҷомеа нақши муассир гузоранд. Инҳо танҳо ҷавоноро ба нодониву ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ талқин намуда, кишварро аз пешрафт боз медоранд. Имрўз барои ҳар тоҷики бонангу номус зарур аст, ки андешае дар бораи амният ва ваҳдати миллии кишвари худ дошта бошад.

Аз ин рў, зарур аст, ки барои нигоҳ доштани ҳамин амният, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, ҳамеша омода ва ҷоннисор бошем. Барои ҳар инсон рисолати аслӣ ва инсонӣ ин аст, ки пеш аз ҳама ватани худро дўст дорад ва ҳама гуна манфиятҳоро аз манфияти ватан боло надонад. Боиси таассуф аст, ки намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ имрўз бо дастури ғаразмандонаи хоҷагони беруна кўшиш доранд, дар ҷангҳои ҷоҳталабони гурўҳҳои эктрамистиву терорристӣ, ки ба арзишҳои маънавию миллиамон бегонаанд, ҷони азизи худро аз даст диҳанд. Маълум аст, ки ин ҷоннисориҳои эшон ба ҷуз марги муфоҷо дигар ҷиз нест.

Ҳоло замонест, ки барои ватани худ хизмат кард ва барои халқу миллати худ номи неке аз худ боқи гузошт. Маълум аст, ки бархе аз давлатҳои исломӣ пешрафти кишвари моро комилан намехоҳанд. Аз ин рў, бо кўмак кардан ба ТЭТ ҲНИ мақсадҳои ноҷавонмардонаи худро амалӣ намудани ҳастанд. Марги бархе аз ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои имрўза хеле ташвишовар мебошад. Ташвишовар аз он аст, ки аз роҳи иштибоҳоту нодонӣ андеша ва ҳисси ватандўстии худро аз даст додаанд. Имрўзҳо бо номи дини мубини Ислом ҳаракатҳои ғаразмандонаи гурўҳҳои терористиву экстрамистӣ оромиву амнияти кишварҳоро халалдор кардаанд ва ҷони ҳазорон инсони бегунаҳро рехтаанд. Дар ин қатор Шумо намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ низ ҳастед, ки аз ҷониби Тоҷикистон муаррифӣ мегардед. Баъзе аз намояндагони давлати исломӣ дар мамлакатҳои исломӣ кўшиш менамоянд, ки ҷавонони ноогоҳро ба сўи ҷангу хунрезӣ хонанд.

Мо бо шумо намояндагони ТЭТ ҲНИ гуфтанием, ки ба кўшишҳои ноҷавонмардонаи бархе аз душманон ҳамроҳ нашавед. Шумо хуб медонед, ки ҳеҷ кас ба ҷуз худи мо ғами давлату миллати моро намехўрад. Давлатҳои ҷангзадаву харобгардида маҳз аз сабаби ҳамин гуна нофаҳмиҳо ба сари давлати худ чунин рўзи сиёҳро овардаанд. Шумо намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ барои халқи тоҷик бояд хизмат намоед ва он хатоии худро ислоҳ кунед. Замоне фаро расидааст, ки аз баҳри ТЭТ ҲНИ бароед ва тоҷик будани худро ҳаргиз фаромўш насозед.


Номвар Мухиддинов аъзои гурухи «Созанда»

 

СВАДЬБА, КОТОРАЯ ПРЕВРАТИЛАСЬ В ПОХОРОНЫ

Аз сулх нагуед дигар чониби чангед,
Паймони шумо зоеъаи когазу ранг аст.
Хам матлабу хам мазхабатон курсиву чох аст,
Бандед даханхо ба худо мояи нанг аст. Фаридун Рахнавард.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд