Хабарҳо
25 Январь 2019
Дар ноҳияи Зафаробод санаҳои 11-12 январи соли равон мулоқоту вохуриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов», №16 Акрамзода Баҳодур ва аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен», №25 Аҳматҷон Қобилов оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд.
Чунин як вохӯрии судбахш дар бинои Коллеҷи омӯзгории ноҳия бо кормандони соҳаи маориф бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен», №25 Аҳматҷон Қобилов доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон диққату эътибори иштирокдоронро бештар ба масъалаҳои рушди маориф, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани савияи касбии устодон, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардидааст, ҷалб намуд.
Қобилов А. таъкид дошт, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ кормандони соҳаи маорифи кишварро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ чораю тадбирҳои амалӣ андешида, дар масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Дар мулоқоте, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳматҷон Қобилов бо сокинони Ҷамоати деҳоти А.Ҷомии ноҳияи Зафаробод баргузор намуд, мазмуну моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро шарҳ дода, аз пешравиҳое, ки солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бадастомада ёдовар шуд.
Инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов», №16 Акрамзода Баҳодур низ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев ва Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод вохӯриву мулоқотҳо доир намуд.
Дастовардҳои соли 2018, ҳадафҳои нави стратегии кишвар, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, мақсади эълон намудани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз масъалаҳои асосии вохуриву мулоҚотҳо маҳсуб меёфтанд.
Дар хотимаи мулоқотҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои сокинони ноҳия ҷавоб дода, ба онҳо баҳри дар амал татбиқ нумудани нуқтаҳои Паёми Президенти кишвар барори кор хост
Вохӯриҳо бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Зафаробод дар руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ доир гардид.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод