mt3.org

 Санаи 6 феврали соли равон Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб  Рӯзӣ бо мақсади дида баромадани рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати дохилӣ, ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо муҳоҷирони ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Деваштиҷ, ки дар мавзеи  Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҷомӣ истиқомат мекунанд, вохӯрӣ доир намуд. Дар мулоқот бо муҳоҷирон мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони Ҷамоати деҳоти А.Ҷомӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои хизматрасон низ иштирок доштанд.

      Раиси ноҳия вохуриро ифтитоҳ намуда, оид ба диққату таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ сухан ронд.  Ашурзода Р.Р. пеш аз ҳама дар масъалаи таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони иншотҳои инфрасохтори деҳот эътибори зарурӣ дод. Амини маҳалла Акрамова У., муҳоҷирон Абдуллоева З, Холов Н., Шарифов М. доир ба муаммоҳои ҷойдошта, аз ҷумла таъмини оби нӯшокӣ, полезӣ,   сохтмони пулу купрукҳо, таъмири роҳҳо, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, дорухона ибрози ақида намуданд.

                                                                                                            

    Раиси ноҳия Ашурзода Р.Р. ба роҳбарони кумитаи замин Илҳомзода Х., сармеъмор Шодмонов И., идораи барқ Мавлонов Х., беҳдошти замин ва обёрӣ Мансуров И., маориф Ниёзқулова Д., тандурустӣ Сангинов З., баистифодадиҳии роҳҳо Шодмонов К., Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Турсунов И., Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ Абдураҳмонзода Н. оид ба ҳалли масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ, полезӣ,  ҷудо намудани замин барои кишти зироатҳои кишоварзӣ, таъмиру бунёди муассисаҳои таълимӣ, роҳҳо,  сохтмони пулу купрукҳо ва инфрасохтори деҳот аз болои сойи деҳа супоришу вазифагузориҳо намуд.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд