mt3.org

 

Устодони азиз!

Ҳозирини муҳтарам!

                                                                                  Машварати августии имсолаи ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидои касбии вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод дар чунин даврае гузашта истодааст, ки тамоми  сокинони кишвари азизамон  ба таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа дида, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои  асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда  истодаанд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи иштироккунандагони машварати августии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони кормандони муассисаҳои давлатии соҳаи таҳсилоти ибтидои касбии вилояти Суғдро ба ноҳияи Зафаробод хайрамақдам мегўям.

Мақому мартабаи устодони муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар назди ҷомеа ҳамеша баланд буд. Ва ҳеҷ касро бештару хубтар аз устодон гиромӣ намедоштанд ва устодон низ илмро афзалтар аз моли ҷаҳон медонистанд.

Дар ҳақиқат омўзгор-муаллим, устод, тарбиятгар буда, раҳнамои зиндагонӣ, равшанкунандаи қалбҳои пиру барно аст. Омўзгор ба мисли  машъали фурўзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад, инсонро рўҳан тарбия намуда, барои ишғол кардани мавқеи муайяни ҳар як фард дар ҷомеа нақши муҳим мебозад. Бе омўзгор, бе раҳнамо ягон роҳ тай намешавад ва ба манзили мақсад касе нахоҳад расид.

Ниёгони мо ҳамеша ба таъкид мегуфтанд, ки ҷабри устод беҳ аз меҳри падар аст. Ва дар ин ҷода, яке аз маорифпарварони бузург Аҳмади Дониш фармудааст: Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар.

Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи омўзгор гуфтааст: «Муаллим ақл, шарафи виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад».

Дар ҳақиқат омўзгор баҳри таълиму тарбияи шогирдон ҳамеша ранҷи бисёре мекашад ва худ дар ин роҳ як умр месўзаду оламро мунаввар мегардонад.

Рушди тараққиёти мамлакат бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор алоқаманд аст. Бинобар ин агар ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи миллату Ватани хеш имрўз бо масъулият муносибат накунем, ифтихору ғурури миллии мо гирифтори  зоҳирпарастӣ шуда, дар доираи  ному дастовардҳои  бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба устодон ва кормандони муассисаи таълимии давлатии Литсейи саноати кишоварзии ноҳия  ҳамарўза таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва ғамхорӣ нисбати онҳо ба хотири рушду такомули ин соҳа, боло бурдани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони асил барои ҷомеа мебошад.

Бояд зикр намоям, ки  баҳри ҳарчи бештар фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба шуғли доимӣ ва баланд бардоштани дараҷаи касбомўзӣ дар ноҳия фаъолияти литсей басо арзанда мебошад. Дар оянда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки баҳри пешрафти тарбияи насли навраси ноҳия дар муассисаи таълимии давлатии Литсейи саноати кишоварзии ноҳия  тамоми чораҳоро андешад.

Дар баробари фаъолияти муассисаи таълимии давлатии Литсейи саноати кишоварзии ноҳия бо ифтихор номи якчанд омўзгоронро қайд намудан ба маврид аст, ки эътибору шарафи касбии хешро бо тарзи таълими сифатан баланд ва тайёр намудани шогирдони болаёкат баланд бардоштаанд.

Муассисаи мазкур дар пешрафти таълиму тарбия корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, дар давоми фаъолияти тулонии худ, ки 36 сол мебошад, зиёда аз 15 ҳазор ҷавонписарону духтаронро тарбия намуда, бо соҳиб гардонидани касбу кори гуногун ва ба шоҳроҳи ҳаёт расонидани онҳо ва дар пешрафти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, вилоят, ноҳия ва берун аз он саҳми босазое расонидаанд.

Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Зафарободро зарур аст, ки баҳри  ҷо ба ҷогузории кадрҳои ҷавон эътибори ҷиддӣ дода, барои омўзиши барномаҳои такмилдодашуда,  онҳоро  ба  курсҳои бозомўзӣ ҷалб  намояд.

Ҳамаи Шумо устодони азиз бояд аз он ифтихор намоед, ки соҳиби касби пуршарафи омўзгорӣ ҳастед. Имрўз ва фардои кишвар дар дасти шумост. Зеро маҳз Шумо устодони мўҳтарам, метавонед бо ғояҳои ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ҳисси бунёдкориву созандагӣ шогирдонро тарбия намоед.

Дар охир ҳамаи  шуморо, ба фарорасии соли нави таҳсил ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона муборакбод намуда, бароятон тани сиҳат, саодати рўзгор ва комёбиву барори кор орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!


РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд