mt3.org

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  Қарори Маҷлиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.08.2018 сол, таҳти №06-ро ба маълумот гирифта санаи 21 августи соли ҷорӣ  Иди саиди Қурбонро дар шаш масҷиди ҳудуди ноҳия таҷлил намуд.

То оғози вақти намози Ид филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам»-ро ба намозгузорон намоиш дода, имомхатибони масҷидҳо оид ба Фазилати иди Қурбон мавъиза намуда баҳри иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва барҷомонда, таъмири мактабу боғчаҳо, бунгоҳи тиббию беморхонаҳо, китобхонаҳо ва роҳу пулҳо мардумро ҳидоят намуданд. Пас аз тамошои филм ва мавъиза, намозгузорон аз рафтору кирдор ва  мақсадҳои нопоки ТЭТ ҲНИ ба пуррагӣ маълумот гирифта рафтори хоинонаи онҳоро маҳкум карда, даъват ба амал оварданд, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода якҷоя баҳри ободонии ватан ва гирифтани пеши роҳи дасисабозон мубориза мебаранд.

Санаи 21 август дар  масҷиди ҷомеъи марказии ба номи Имом Бухории Ҷамоати шаҳраки Зафаробод, масҷиди ҷомеъи ба номи Эшони Абдурасули Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, масҷиди  ҷомеъи  ба номи Холид ибни Валиди Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳ. Алиев, масҷиди ҷомеъи ба номи Усмон ибни Афони Ҷамоати деҳоти Равшан, масҷиди панҷвақтаи ба номи Имоми Аъзам (р)-и Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ ва масҷиди панҷвақтаи ба номи Салмони Форси деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан намози Иди саиди Қурбон гузаронида шуд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ҳамаи масҷидҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрикоти идонаи Раиси ноҳияро ба саҳми намозгузорон расониданд. Дар баробари ин Раиси ноҳия Ашурзода Р.Р ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят,  сардори Раёсати  кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Икром Абдураҳмонӣ дар масҷиди ҷомеъи марказии ба номи Имом Бухорӣ табрикоти Раиси вилоят ва ноҳияро ба саҳми намозгузорон расонид.

Дар арафа ва рўзи иди саиди Қурбон  роҳбарон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти давлатии маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, деҳаҳо, имомхатибони масҷидҳо, соҳибкорон, аҳли ҷамоатчигии ноҳия тасмим гирифтанд, ки дар баробари кўмаку дастгирии эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбону ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, дар корҳои ободониву созандагии ҳудуди ноҳия низ саҳм гирифта суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо  намояндагони аҳли ҷомеа мамлакатро ҳамчун раҳнамо ба ояндаи дурахшон  қабул намуда  дар таъмири муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла мактабу беморхона, маркази саломативу бунгоҳи тиббӣ, роҳу кўчаҳои маҳаллаҳои аҳолинишин,  саҳми худро гузошта истодаанд. Сокинони ноҳия тасмим гирифтанд, ки аз ҳисоби садақаи Қурбон ва дастаҷамъона бо роҳи ҳашар манзили зист ва  қабристонҳоро ободу зебо мегардонанд ва ҷашнҳои дар пеш истодаро бо меҳнати садоқатмандона пешвоз мегиранд.

Айни замон таъмири куллии маркази саломатии деҳаҳои Ҳаёти нав, Гулистон, ва таваллудхонаи минтақавии деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан, беморхонаи минтақавӣ ва маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод аз ҳисоби соҳибкорон, ходимони дин ва аҳли ҷамоатчигӣ идома дорад. Сокинони деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан тасмим гирифтанд, ки бо роҳбарии сарвари МТМУ №12 Қодиров Абдураҳмон бинои идораи собиқ совхози Дўстиро дастаҷамъона таъмири куллӣ намуда барои фарзандони лаёқатманд муассисаи типи нав яъне гимназия кушояд. Ин иқдоми неки сокинонро раиси ноҳия Ашурзода Р.Р дастгирӣ намуда дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар арафа ва рўзи иди саиди Қурбон  аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорони саховатманд ва иттиҳодияҳои динӣ ба 73 нафар ятимон, 154 нафар маъюбон, 207 оилаи ниёзманд, 2 манзили истиқоматӣ, 3 мактабу 1 боғча, 7 адад бунгоҳи тиббӣ ва беморхона, таъмири роҳу кучаҳои 3 деҳа, ва дигар амалҳои хайриявӣ   ба маблағи умумии 78747 сомонӣ кўмаки моддӣ расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки рўзи иди саиди Қурбон 10588 сомонӣ маблағ аз ҳисоби намозгузорон ҷамъ гардид.  Аз ҳисоби маблағи ҷамъшуда  аёдати  маъюбон, шахсони яккаву танҳо,  ятимон, оилаҳои камбизоату  барҷомондаи ҳудуди ноҳия ба ҷой оварда шуда дар шаш қисми сарҳадии ҳудуди ноҳия дастархони идона барои сарҳадбонон ташкил карда шуд.

Намози Иди саиди Қурбон дар ҳамаи 4 масҷиди ҷомеъ ва 2 масҷиди панҷвақтаи ҳудуди ноҳия соати 6.30 дақиқаи  пагоҳӣ бо иштироки зиёда аз 6010 нафар намозгузорон, ки 2520 нафар  аз 18 сола то 30 сола ва 3490 нафар аз 30 сола боло мебошанд оғоз гардида дар фазои ором ва осоишта соати 6.55 дақиқа ба итмом расид.

Сокинони ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми чораву тадбирҳоро андешида корҳои ободонию созандагиро аз хонаю дар сар карда то куча, маҳалла, деҳа, ҷамоат ва ноҳия ба роҳ монданд.

Х.Шайдуллоев - мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд