mt3.org

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рузгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Ҳамасола дар саросари кишвари соҳибистиқлоли мо иди саиди Қурбон чун иди аҷдодӣ ва садоқату меҳрубонӣ ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои башардўстонаи дини мубини Ислом таҷлил карда мешавад. Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ  мардум фаризаҳои асосии иди шарифи Курбонро озодона ва бемамоният адо менамоянд. Дар баробари  ба  ҷо овардани аҳкоми ид ба аёдату табрикоти пайвандону наздикон, беморону пиронсолон, зиёрати марқади гузаштагон рафтан, ба дардмандону ниёзмандон ашхоси камбизоат, ятимону маъюбон хайру эҳсон намуданд ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар ноҳияи Зафаробод низ иди саиди Қурбон бо риояи суннатҳои хоса  баргузор гардид. Сокинони ноҳия бо руҳияи баланд, шукргузорӣ аз ваҳдату суботи кишвар фаризаҳои идро ба ҷо оварданд. Бештар аз ҳамаи аёдати оилаҳои  ниёзманд, нафарони баруманд, ки дар рушди ноҳия саҳмгузоранд, афсарону сарбозони кисмҳои низомӣ, ки тибқи дастури Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  расми анъанаро касб кардааст, ба роҳ монда шуд.

Дар арафа ва рузи ид аз ҷониби  роҳбарият ва масъулони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  як гурўҳ оилаҳо ва нафарони алоҳида аёдат гардида ба онҳо табрикоти идона расонида шуд. Дар 7 дидбонгоҳи сарҳадии ноҳия дастурхони идона ва барномаи консертӣ ташкил карда шуд.

Сокинони ноҳия бо эҳсоси шодмонӣ аз икдоми саховатмандона миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки  ҳамаи ин кумаку дастгириҳо аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъво мегирад. Бинобар он ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки шукри ин ватани биҳиштосо, шукри ин мардуми сарбаланд ва шукронаи ин сарвари ғамхору раиятпарварро намуда барои рушду шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз заҳмат кашем.

Рузибой Ашуров - муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд