mt3.org

 

Мутаважжеҳи зиёд гаштаем, ки дар ҳар баромадашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон новобаста баромад дар кадом масъала ҳамеша дар бораи терроризму экстромизм сухан меронанд. Соли жорӣ зимни суханрониашон бахшида ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки дар шаҳри Конибодом баргузор гашт чунин тазаккур доданд : «Ҳеж вақт бо ҳизби терроситиву экстромистии наҳзат ягон ҳужжат имзо накардааст».

Қуръонро ба даст гирему оятҳои онро варақ зада мутолиа намоем шоҳиди он мегардем, ки хурофоти ифротиёнро инкор менамояд.

Масалан:

- "Бо аҳли китоб ба некӯтарин тарзе баҳс кунед. Ба жуз бо онҳо, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ бар шумо нозил шудааст, имон овардем. Ва Худои мову Худои шумо яктост ва мо дар баробари Ӯ гардан ниҳодаем" (Қуръон, 29:46).

- «Худо шуморо аз некӣ кардан ва адолат намудан бо онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, боз намедорад. Худо касонеро, ки ба адолат рафтор мекунанд, дӯст дорад. (Қуръон, сураи Мумтаҳана 60:8)

- «Мусалмонҳо бо ҳам бародаранд. Оштӣ андозед бародарони худро ва битарсед аз Худо, шояд шумо бахшида мешавед (Қуръон, сураи Ҳучурот” 49:10).


Худ ин чанд мисоли равшани аз Қуръон оварда, тамоми рафтору гуфтору кирдори террористону экстромистонро инкор намуда, чеҳраи воқеии онҳоро вонамуд месозад, ки мақсаду мароми онҳо савобу гуноҳ набуда, балки андеши манфиати касифи худ мебошад. Пайдост, ки аз ин пешаи интихобнамудаи хеш дер ё зуд пушаймон гардида, дар як хориву залилӣ ва хоинона аз байни љамъ кам мешаванд.

Ба шахсоне, ки худро дар Ислом балад медонанду ҳаргуна амалҳои носавобро фатво медиҳанд худ ин мисолҳо кифоя. Дар ягон жои Қуръон намомадааст, мардумозорӣ намову вайронкорӣ соз, баракс Қуръони китобест, ки инсонҳоро ба роҳи равшану пайдо ҳидоят намуда, сар то по ахлоқ аст.

Ирода Игамова омӯзгори Коллежи омӯзгории н. Зафаробод, аъзои гур=ьи «Созанда».

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд