13 Декабрь 2024
МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ОИД БА ИНТИХОБОТ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мегардад. Дар машварати дастурдиҳӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки масъулин оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аъзоёни эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ баргузор шуд, Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон, коршиноси маҳаллии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Қурбон, котиби комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Азизов Назирҷон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод Розиқзода Фаррух ба ҳозирин мӯҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 “Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, дар маҷмӯъ низоми интихоботиро дар мамлакат, шарҳ доданд. Аз ҳозирин даъват шуд, ки барои тибқи муқаррароти қонунҳои ҷорӣ озоду демократӣ баргузор намудани ин маъраки муҳими ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона мусоидат намоянд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод