mt3.org

 

 

Номаи табрикотии Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо самимият ва эҳтироми беандоза мардуми шарафманди ноҳияи Зафарободро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи башарият ливо, парчам, дирафш аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз пеш аз замони Сосониён, баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда, ба муқобили душманон хест, ба расмият ворид шуд. Дар ин бора дар асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист аз муборизаи Кова ба муқобили Заҳҳоки хунхор ҳикоя карда мешавад. Аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ байни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифтааст. Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри ҳамешасабзу ҷавон – Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он барои ҳар як сокини кишвар қарзу фарз аст.

Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо мебошад».

Боиси шарафмандии мо аст, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ  мекунад  ва  ин  барҳақ мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад. Бa хотири гиромидошти Парчами миллӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии насли навраси ҷавонон дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо ибтикор ва ташаббуси Президенти кишвар дар баландтарин поя насб шудани Парчами давлатии Тоҷикистон, ҳисси меҳанпарварӣ, худогоҳию хештаншиносии ҳар фарди ватандорро зиёда мекунад.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати мардуми кишвар ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демокративу  ҳуқуқбунёду  дунявист.

Ба шарофати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳаматарафаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мардуми меҳнатқарину ватандӯсти ноҳияи Зафаробод имрӯз бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва фазои орому осуда зери Парчами Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон бо меҳнати дастҷамъонаву самараовари  худ  ба  шукуфоии кишвар   ва   фардои   дурахшони  Ватани азизамон саҳмгузор          ҳастанд. Ин таҷассуми дастгирии сиёсати ояндасози давлату ҳукумат ва ғояҳои дурандешонаи Роҳбари давлат аз ҷониби кулли сокинони ноҳия мебошад.

Бори дигар Шумо, ҳамдиёрони азизро бо таҷлили Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод гуфта, бароятон тандурустиву хонаободӣ, осудагиву рӯзгори фаровон ва дар кори ободиву созандагии Ватани азизамон пешравию пирӯзиҳо орзумандам.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

 

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд