01 Ноябрь 2024
НЕЪМАТИ АМН БЕҲТАРИН ДОРОӢ
Ватан хонаи умед, сарчашмаи ҳама хушбахтиҳо, ифтихору такягоҳи ҳар яки мо мебошад. Чун мо ҳамеша ифтихор аз Миллат, аз Ватан, ва Конститутсия мекунем, бояд донем, ки миллат дар таъбири имрўза воҳиди бузурги инсонӣ аст, ки ҷамоатҳо ва қавмҳои инсониро бо фарҳангу огоҳии муштарак ба ҳам пайванд медиҳад. Ҳар як инсон бояд аз Ватани худ ифтихор кунад. Ифтихори ватандорӣ аз донистани таъриху фарҳанги миллат сарчашма мегирад.
Тоҷикистон – Ватани азизу маҳбуби мост. Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, баҳри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ҷонфидоиҳои зиёд кардаанд ва ин намунаи олии ватандорист. Ватан-модарро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ватандӯст ва худогоҳу хештаншинос мебошад.
Дар таълимоти дини ислом низ Ватан модари дуюм арзёбӣ мегардад. Дӯст доштан ва ободу шукуфо гардонидани Ватан яке аз фармудаҳои дини мубини ислом мебошад ва қавли машҳури «Муҳаббат ба Ватан аз имон аст» далели ин гуфтаҳост.
Сулҳу салоҳ, амну суботи Ватан барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо саодатмандӣ наметавон гузаронид.
Касе дар кишвар ноили амн гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст. Зеро неъмати амн аз дунё ва тамоми дороии он беҳтар аст.
Паёмбар Муҳаммад (с) фармудаанд: “Касе аз шумо саҳар бархезад, дар худ амнро ҳис кунад ва дар бадан тансиҳатиро, дар назди ў қути ҳамонрўзааш бошад, чунон аст, ки барояш дунё ҷамъ оварда шудааст” (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа).
Аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати амнтарин эътироф гардидани Тоҷикистон боиси сарфарозии ҳар як ватандор гардидааст. Худоро шукр, мо имрӯз Ватани орому осуда дорем ва бояд сулҳу суботи онро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳтиёт кунем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “Тоҷикистон – ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред ва онро чун амонати аҷдодонамон ҳимоя намоед!”
Бо дарназардошти аҳаммияти ҷиддӣ доштани масъалаи дӯст доштани Ватан мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин - соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем ва барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем.
Алиҷон Саидзода– мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод