mt3.org

Тероризм ва экстремизм – хатару таҳдид ба сулҳу амнияти кишвар

Барои бунёд кардани давлати мустақил ва сазовор шудан ба истиқлолият ҳар миллату халқият муборизаҳои шадид мебаранд. Мусаллам аст, ки миллати тоҷик баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои мустақилият ба даст овардан ҷанги таҳмилии шаҳвандиро, ки ҳазорҳо падару модарон бе фарзанд, ҳазорҳо фарзанд бе волидайн, ҳазорҳо зан бе шаҳвар ва ҳазорҳо шаҳрвандон бе хонаю дар монданд ва дар ин ҷо аъзо ва шарикони ТЭТ ҳизби наҳзат даст доштанд, аз сар гузаронд. Баъди ин вазниниҳои зиндагӣ ва бо ивази хуни ҷони ҳазорҳо ҷавонмардон ба миллати тоҷик муяссар шуд, ки хушбахтона, соҳиби давлати мустақил гардида, истиқлолияти худро ба даст оварад.
Чӣ тавре, ки мебинем, баъд аз талошҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ мубаддал гардида, дар ҳалли маъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир, норасоии оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳо бетараф набуда, пайваста дар ин роҳ ташаббусҳои назаррас нишон медиҳад. Аммо имрӯз, баъзе пайравону муридҳои гурӯҳҳо ва ташкилотҳое, ба монанди ТЭТ наҳзат, «Гурӯҳи24» ва ғайра дар давлатҳои Аврупо камин гирифтаанд, ки ҳамаи ин дастовардҳо ва пешравиҳои кишвари моро нодида гирифта, мехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосои моро боз ба ҳамон рӯзҳои шум ва    тирабар гардонанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоён ва худи ташкилотҳои экстремистиву террористии ҳизби наҳзату гурӯҳи бистучор дар як қатор кишварҳои дуру наздик манъ гардида, пайравону аъзоёнаш террорист эълон гардидаанд. Инчунин, ин ташкилотҳои террористӣ дар рӯйхати аксари созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун экстремисту террорист сабт шудаанд. Бояд гуфт, ки дар ин рӯйхати мазкур созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», “Толибон” ва ғайра низ ҳастанд.
Ин шабу рӯз наҳзатиҳо ва бистучориҳои фурухташудаи фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои Аврупо барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби ҷавонон тариқи ташвиқу тарғиб дар шабакаҳои интернет машғуланд. Ин фурухташудаҳои беҳувият барои гумроҳу дар ғафлат гузоштани мардуми тоҷик аз ҳама намуд дурӯғу ҳиллаҳо истифода менамоянд. Аслан ин фурухташудаҳо бо душманони миллату давлати тоҷик иртибот барқарор кардаанд ва ҳатто бо онҳо шартномаҳо имзо намудаанд, ки то суботу амнияти Тоҷикистонро барҳам зананд. Албатта, ба ивази ин миссияшон миллионҳо доллар ба даст меоранд.

Мувофиқи маълумотҳо дар давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ садҳо узви ТЭТ наҳзату бистучор барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ», «Гурӯҳи-24» ва ғайра боздошт гардидаанд. Инчунун, 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шуда буданд, 521 нафарашон аъзои ТЭТ наҳзат буданд.

Ёдоварӣ менамоем, ки роҳбари фирории ТЭТ наҳзатиҳо М.Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар Тоҷикистон аст. Имрӯзҳо дида мешавад, ки дар сомонаву шабакаҳои интернетӣ роҳбарон ва муриди “голубой”-и ин ташкилоти экстремистӣ-террористӣ М.Садриддин бешармона дар бораи ватан, миллат, адолат ва ғайраҳо гап мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Аммо халқи боҳуши Тоҷикистон хурду калон медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддас, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд. Аммо аз инҳо ҳам бадтар, роҳбарону пайравони ТЭТ наҳзатӣ на танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби шиаро қабул кардаанд. Таҳлилу баррасиҳо нишон медиҳанд, ки М.Кабирии фаришта эктремисту террористи оддӣ нест, балки ҳамчун роҳбари ТЭТ наҳзатиҳо барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ – яъне, ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо ҳамаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгаро, ташкилоту созмонҳои террористии кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бо «Ихвон-ул-муслимин», “Ансоруллоҳ”, “Толибон” ва ғайра робитаи бевосита дорад. Махсусан, таъкид менамоям, ки ҳадафи ниҳоии М.Кабирӣ, М.Садриддин ва дигар пайравони наҳзатӣ барҳам задани суботу оромӣ дар ҷомеа ва ба ин васила ҷорӣ намудани режими иртиҷоии толибонии асримиёнагӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки айнан ҳамин гуна мақсадро созмонҳои «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», ҳаракати «Толибон», гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», ҳаракатҳои ваҳҳобия, салафия ва ғайраҳо пеши худ доштанд ва доранд. Чӣ тавре, ки имрӯзҳо шоҳидем ҳаракати «Толибон» «намуна»-и давлатдории диниро ба ҷаҳониён нишон доданд. Ва ҳамарӯза дар шабакаҳои интернетӣ мебинем, ки гурӯҳи “Толибон” аз қатли саросарии мардумони бегуноҳ бо усулҳои ваҳшиёнаи замони асримиёнагӣ, аз ҷумла, даст буридан, шаллоқи оммавӣ, сангзанӣ, зинда ба зинда таги хок кардан ва инчунин ба хок яксон кардани осори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ, ҷорӣ кардани ғуломдорӣ, харидуфурӯши одамон, роҳандозӣ кардани истисмор ва таҷовузи занону духтарон, содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ғайраҳо.

Бинобар ин, таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат ва вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи зархаридони наҳзату бистучор нашавем. Хусусан, ҷавонони соҳибватани асил ва содиқ ба Ватану Президент барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ омода бошанд.

Мудири шуъбаи рушди итимоӣ ва

робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Шоназаров Ш.

Дар бораи муаллиф: Олга Евгенйевна Митрофаненкова - номзади илмҳои таърих, ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия. Мавод як қисме аз матни барои маҷмӯаи мақолаҳо омодашуда мебошад.

Бо вуҷуди он ки соли 2001 дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии «Озодии шикастнопазир» ҳаракати Толибон (мамнӯъ дар Россия) қариб пурра торумор шуда буд, вале моҳи августи соли 2021 онҳо тавонистанд дубора дар Афғонистон ба сари қудрат баргарданд. Албатта, дар бозгашташон сарчашмаҳои маблағгузорӣ нақши муҳим бозиданд ва ба онҳо на танҳо барои барқарор шудан, балки дубора ба даст овардани нуфуз ва назорати кишвар мусоидат карданд.

Подробнее

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад

(андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)

Муқаддима

Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат   мебошад.

Нуқтаи архимедӣ - такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст.

Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». –Душанбе. Дониш, 2023. – С. 23)

Подробнее

 

МАЪЛУМОТНОМА

*Саидзода Алиҷон

*аз моҳи майи соли 2023 дар мансаби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия кор мекунад

*Соли таваллуд 20 июни соли 1965

*Ҷойи таваллуд ноҳияи Деваштич

*Миллат тоҷик

*Тахсилот олӣ

*Соли 1990 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Гулистони Љумҳурии Узбекистон (рӯзона) хатм намудааст.

*Ихтисос: омӯзгори забон ва адабиёти рус,

*Унвони илмӣ надорад

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ӯзбекӣ

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не. ҳа

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не надорад

*Вазъи оилавӣ оиладор

*Суроға ноҳияи Зафаробод шаҳраки Зафаробод, кӯчаи Зафаробод 7/3

*Кор ва фаъолияти собиқа:

 

*Кор ва фаъолияти собиқа:

 

1990-1991-

Омўзгори мактаби миёнаи №1 ноњияи Зафаробод

1991-1995-

Љонишини директории мактаби миёнаи №1ноњияиЗафаробод

1995-1997-

Раиси Шўрои ноњиявии Иттифоќи љавонони  тоҷикистон

дар ноњияи Зафаробод

1997-1998-

Раиси кумитаи идоракунии амволи давлатии маќомоти

иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Зафаробод

1998-2001-

Директори маркази шуѓли ањолии ноњияи Зафаробод

2001-2006-

Роњбари дастгоњи раиси ноњияи Зафаробод

2006-2009-

Мудири шуъбаи маорифи ноњияи Зафаробод

2009-2011-

Раиси кумитаи иљроияи Њизби Халќи  Демократии

Тољикистон дар ноњияи Зафаробод

2011-2012-

Сардори шуъбаи Агентии давлатии њифзи иљтимої,

шуѓли ањолї ва муњољират дар ноњияи Зафаробод

2012-2019-

Роњбари дастгоњи раиси ноњияи Зафаробод

2019-2020-

Мудири шуъбаи ташкилц ва кор бо кадрьои дастгоьи Раиси  ноьияи Зафаробод

2020-2023-

Раиси Жамоати шаьраки Зафаробод  ноьияи Зафаробод


РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар