mt3.org

 

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ПЕШГИРИИ ОН

Терроризм ва экстремизм дар миқёси умумиҷаҳонӣ хеле паҳн гардида, хатари калони иҷтимоӣ дорад. Он ба кишвари мо, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, низ таҳдид менамояд. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ қайд менамоянд: “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Ин гуфтаҳо гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб ба ягон дин ё миллат дахл надорад.

Шомил гардидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз он далолат медиҳад, ки мардум аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ дур буда, бехабар аз таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Инчунин нодуруст истифода бурдани воситаҳои муосири техникӣ ва хусусан телефонӣ мобилӣ мебошад. Барои бартараф намудани чунин камбудиҳо кишвари мо саъю кӯшиш менамояд. Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар кишвар муассисаҳои нав ба нав, корхонаҳо, заводу фабрикаҳо сохта ба истифода дода шуда, аҳолии кишвар бо кор таъмин гардида истодааст. Дар муассисаҳо барои таҳсили хонандагон шароитҳои хеле хуб фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷода вазифаи падарону модарон ва омӯзгорон ин аст, ки фарзандонро таҳти назорат қарор дода, истифода бурдани телефонӣ мобилиро маҳдуд кунем. Боз як муаммои дигаре ба вуҷуд омадааст, ки аксарияти волидон барои манфиати худ фарзанди худро аз хониш дур мононда онҳоро ба хориҷ бурда истодаанд. Аксарияти он хонандагоне, ки аз дигар кишвар бармегарданд, соҳиби дониши паст, фикрронии ғалат буда, рафтору кирдорашон фарқ мекунад ва нисбати хониш хунукназарона нигоҳ менамоянд. Бесавод шудани насли ояндаи миллат ин рӯ ба таназзул ниҳодани давлат мебошад.

Бояд дар ҳамбастагӣ осоиши халқамонро нигоҳ дорем, бетараф набошем, то ин ки ҳар як фард дар Ватани азизи хеш - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ доранд, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатарҳои терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ мубориза баранд.

Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳамчун шаҳрванди ҳамин кишвари ободу ором дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои тарбияи насли наврас дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Гавҳар Бобозода -

директори МТМУ №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод

 

МУРОҶИАТНОМАИ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ба кули мардуми ноҳия
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳашарчиёни боҳиммат!
Пахтакорони шӯҳратманди ноҳия!
Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи асосии хоҷагии халқи ноҳияи моро пахтакорӣ ташкил медиҳад. Деҳқонони асили ноҳия бо мақсади баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ноҳия хаста нашуда меҳнат мекунанд. Соли 2024 низ чун дигар солҳо деҳқонони меҳнатқарин ва заҳматписанди ноҳия бо азму матонати зиёд ҳосили фаровон рӯёниданд. Имрӯз дар аксарияти хоҷагиҳо саҳмдорон, аҳолӣ ва ҳашарчиёни ҳимматбаланди шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳар як лаҳзаи рӯзҳои офтобии тирамоҳ истифода бурда, баҳри саривақт ҷамъоварӣ намудани ин ганҷи бебаҳо намунаи меҳнати ватандӯстона ва садоқат нишон медиҳанд.
Ҳоло рафти маъракаи ҳосилғундорӣ торафт суръат гирифта, аҳли заҳмати чандин хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбати ҳарсола беҳтар меҳнат намуда, хеле барвақт аз иҷрои дурнамои сол муҷда расониданд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар айни авҷи корҳои ҳосилғундорӣ боришоти зиёд ва сардиҳо ба амал омада, ба пурра ҷамъ овардани ҳосил халал мерасонад. Аз ин хотир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри муташаккилона ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ва мусоиди обу ҳаво то пағаи охирин ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо душвориҳо рӯёнидашуда ба Шумо мардуми шӯҳратманд, саҳмдорон, ҳашарчиёни боҳиммат ва кулли пахтакорони ноҳия муроҷиат менамояд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Биёед ҳамагон ба саҳрои аз заҳмати деҳқон чаманистонгашта бароем, маҳсули ранҷи деҳқонро дастҷамъона ҷамъоварӣ намоем ва барои рушд додани корҳои созандагиву ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Пахта дар саҳро шукуфта интизори чидан аст,
Ғайрат эй ёрон, ки ҳимматро дами санҷидан аст!
Ҳама ба саҳро, ба ҳашари умумихалқӣ!

 

МУБОРИЗАИ ДАСТҶАМЪОНА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРОМИЗМ - ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Ҳамчун вабои аср экстремизм ва терроризм ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари бениҳояд калон ба миён овардааст. Дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кушишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд”.

Таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-июни соли 2021 №187 ба тасвиб расид, муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.

Боиси афсӯс аст, ки зумрае аз ҷавонони мо таҳсил намекунанду ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва баъзеи онҳо ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид гардида, ҳар гуна видеоҳо ва тасвирҳои гурӯҳҳои ифротгароиро тамошо мекунанду пайравӣ ба онҳо менамоянд. Агар сатҳи дониши сиёсии ҷавонон баланд ва меҳру муҳаббаташон нисбат ба модар – ватани худ зиёдтар бошад, ҳеҷгоҳ аъзои ин гурӯҳҳо намегардад ва бар зидди миллати ҳуд дар даст аслиҳа намегирад.

Бояд мо ба қадру манзалати ин сарзамин расем.

Сарвари давлатамон барои аз илму дониши замони хеш барҳурдор гардидани ҷавонон тамоми шароити муосидро фароҳам овардаанд ва бояд ҳар як ҷавони кишвар аз ин фурсати муосид истифода бурда хонанд ва барои ояндаи дурахшони ватани маҳбуби худ саҳми хешро гузоранд.

Алиҷон Саидзода – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод

 

 

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

ТАҲДИД БА АМНИЯТИ САЙЁРА

Имрӯзҳо тамоми сайёраро проблемаҳои мухталиф, аз қабили тағирёбии иқлим, мушкилоти об, паҳншавии терроризму экстремизм ва таъсири манфии ҷаҳонишавӣ фаро гирифтааст. Дар ин раванд моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, оромию ваҳдат ва болотар аз ҳама Истиқлоли давлатии худро ба ҳар қимате набошад, ҳифз намоем.

Мушкилие, ки имрӯз на танҳо мо, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошад. Ин ду хатар метавонанд сулҳу суботи мамлакатҳоро зери хатару таҳдид гузорад. Мо бо ин ду мафҳум шиносем, чун ҳар рӯз тариқи воситаҳои ахбори омма доир ба терроризм ва экстремизм хабарҳои нав ба навро мешунавем. Террор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дӯзд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст. Ҳамчунин, бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи “терроризм” аз калимаи лотинии terror гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳм аст. Маънои аслии экстремизм бошад аз калимаи франсавии extremism” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.

Гуруҳҳои муташаккили террористӣ зери ливои дин баромад менамоянд, вале чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш таъкид месозанд, террористон миллат, дин, мазҳаб ва давлат надоранд. Террористон мехоҳанд бо истифода аз номи дин бо зулму ситам ва зуроварӣ ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Рӯз то рӯз шумораи гуруҳҳои муташаккили террористиву ифротгароӣ меафзоянд ва бояд зикр кард, ки ҳангоми шунидани ин мафҳумҳо халқи осоишта безобита мегарданд ва ин масъала боиси нигаронӣ мебошад.

Мутахассисону коршиносон бар он назаранд, ки ҳангоми истифодаи шумораи зиёди инсонҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва нодуруст дарк намудани баъзе хусусиятҳои он хатари паҳншавии терроризму экстремизм ба маротиб меафзояд. Гуруҳҳои террористию экстремистӣ ҷалби ҷавононро аз дохили шабакаҳои интернетӣ кори осон медонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бисёртар ҷавонон шомили ин гуруҳҳо мегарданд. Азбаски ҷавонон қишри осебпазири аҳолӣ буда, иваз намудани фикру ақида ва хоҳишҳои онҳо басо осон аст, маҳз эшон нишони рақами яки гуруҳҳои ифротиву террористӣ мегарданд. Ба хотири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо зарур аст, ки ҷавонон имрӯз бештар ба илмомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Бояд дар ҳар қадам ба ҷавонон ёдрас намоем, ки онҳоро ояндаи дурахшону муваффақиятҳои беназир дар пеш аст. Агар ояндаи Тоҷикистони азизро обод, зебо, гулафшон дидан хоҳем, пас мо, сокинон бояд аз имрӯз нақшаи фардои дурахшонро дар замири худ бунёд созем.

Ба ақидаи мо Тоҷикистон як киштиест дар баҳри ҷаҳонӣ ва мо, занон мавҷҳои пуртуғёне ҳастем, ки ин киштиро ба пеш хоҳем бурд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мо, занон боварии калон доранд, пас мо низ кӯшишҳои ин абармардро пеши назар оварда, дар мафкураи хеш ба ҷуз талошу кӯшиш баҳри ободии диёр дигар чизеро ҷой надиҳем. Бояд суханҳои Пешвои миллатро мо, занон ба худ сармашқи кор донем ва дар пайравӣ ба ин фарзонафарзанди миллат Тоҷикистонро обод созем. Бигзор кӯдакон хушбахт бошанду ҷавонон лабханд бизананд, Ватан обод гардад ва кабутари сулҳ андар самои озодӣ барои ҳамеша парвози баланд дошта бошад.

Абдусаломзода Малоҳат - муовини раиси ноҳия Зафаробод

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар