mt3.org

 

Ҳамдиёрони азиз!

 

Дар ҷаҳони муосир  нақши воситаҳои  ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, воситаи ахбори омма чун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати милл-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи  шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзу асолати тозагии он рисолати муҳими воситаҳои ахбор ба шумор меравад».

Бояд зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ шароитҳои беҳтарини фаъолият барои кормандони васоити ахбори омма муҳаё гардида, имрӯз кормандони ин соҳа -рӯзноманигорони касбӣ ва хабарнигорони ҷамоавӣ метавонанд озодона рисолати касбии хешро ба ҷой оваранд.

Имрӯз дар ноҳия рузномаи «Зарбдор» фаъолият менамояд, ки инъикосгарӣ набзи зиндагии сокинони ноҳия  мебошад. Чандин сол аст, ки ходимони рӯзномаи мазкур  ба мисоли  Аббос Иброҳимов, Малика Қаюмова, Ҷонмурод Муродбеков барин мутахассисон бо масъулияти баланд дар нашри рӯзнома саҳм мегузоранд. Истифода аз маҳорати касбӣ ва таҷрибаи соҳавӣ мактаби рӯзноманигории хешро ташкил кардаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб аҳли қаламкашону матбуотчиёни ноҳияро ба муносибати Рӯзи матбуот самимона табрик менамоям. Бароятон сарбаландӣ, саодати рӯзгор ва дар таҳкими сулҳу Ваҳдат ва  истиқлоли кишвар тавассути расонаҳои хабарӣ комёбиҳо таманно менамоям.

Иди касби муборак!

 

ДУШАНБЕ, 08.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақоми занони тоҷик маҳз бо талошу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа баланд гардида, мавқеи онҳоро Ҳукумати мамлакат дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат доимо дастгирӣ менамояд. Қабули якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имконияти васеъ фароҳам оварда шудаанд. Хусусан дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон дар рушди мақомоти судӣ нақши босазо гузоштаанд.

Подробнее

 

 

Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, Сарнозири шуъбаи муқовимат бо карупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо карупсия дар вилояти Суғд подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол, прокурори ноҳия Мадохирзода Шавкат мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва  раисони маҳаллаҳои аҳолинишин иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суханронӣ намуд.

Сипас Сарнозири шуъбаи муқовимат бо карупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо карупсия дар вилояти Суғд подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва  рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, ки аз 7-уми августи соли 2020 таҳти №1714 тасдиқ шудааст суханронӣ намуд.

Прокурори ноҳия Мадохирзода Шавкат оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2021 таҳти №113 тасдиқ шудаст баромад намуд.

Сокинони ноҳия дар имрӯза мулоқот оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,  рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” маълумоти пурра гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 08.03.2021 /НИАТ «Ховар»/. Законодательная инициатива, запрещающая скрывать лицо в общественных местах, получила одобрение граждан на состоявшемся в Швейцарии в воскресенье референдуме. Ее поддержали большинство жителей в 20 из 26 кантонов и полукантонов страны, сообщило швейцарское правительство передает НИАТ  «Ховар» со ссылкой на ТАСС.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар