Хабарҳо
05 Ноябрь 2018
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод чорабиниҳои тарғиботӣ ва як қатор мулоқоту сӯҳбатҳо бо сокинони ноҳия то арафаи чашн гузаронида шуд.
Санаи 5 ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ чамъомади тантанавии идонаи бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода баромад намуда, чорабинии идонаро ҳусни оғоз бахшида, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Икром Абдураҳмониро ба ҳозирин муаррифи намуд. Сухан ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Икром Абдураҳмонӣ барои қироат намудани табрикоти Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Икром Абдураҳмонӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми ҳозирин расонид.


Инчунин ёрдамчии Прокурори ноҳия Туйхонов Саидҷон баромад намуда, оид ба мӯҳтавои Конститутсия, ки бахтномаи миллат мебошад, маълумот муфассал дод. Омӯзгори коллеҷи омӯзгории ноҳия Игамова Ирода оид ба тағйиру иловаҳо, ки тариқи райпурсии умумихалқи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст маърӯза намуд.
Дар охир Раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ҳозирин ва кулли сокинони ноҳияро бо ин рӯзи муқаддас табрик намуда чорабиниро ҷамъбаст намуд.
Бояд зикр намуд, ки чорабинии мазкур дар як рӯҳияи баланди идона баргузор гардид.




Тибқи Нақша-чорабиниҳо ва Низомномаи Федератсияи Россияи Ҷумҳурии Татаристони шаҳри Қазан, ки санаҳои 25 то 28-уми октябри соли 2018 чемпионати Ҷаҳон оид ба намуди варзиши гуштини миллии камарбандӣ тарзи классикӣ ва озод байни мардон баргузор гардид. Дар ин чемпионати Ҷаҳон давлатҳои Шӯравӣ иштирок доштанд. Дар байни ин давлатҳо аз дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Дар байни 16 нафар варзишгари тоҷик 2 нафар варзишгари муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Зафаробод Рабиев Маҳмадрашид ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби медали бириҷӣ гардид ва варзишгар Тӯйчиев Тоҷиддин ҷойи панҷумро ишғол намуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Президенти байналмилалии Федератсияи гуштини камарбандӣ қадрдонӣ карда шуд. 


с саҳмгузор буда,
гардонем. 







