mt3.org

Хабарҳо

 Субҳи имрӯз дар маркази ноҳия дар назди тарабхонаи «Шоҳон» Иди Сада таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Латифӣ  иштирок намуда табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳратам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба сокинони ноҳия расониданд. Ҳамзамон Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ сухан намуда мардуми ноҳияро бо ин ҷашни аҷдоди табрик намуданд. Қайд карда шуд, ки Сада дар оини меҳргароӣ  яъне (Митроӣ ) аз оинҳои Зардуштӣ  ба ҳисоб рафта, таърихи панҷҳазорсоларо дорост. Ҷашни Садаро ҷашни Оташ низ меноманд. Аҷдодони мо дар ин рӯз ҷамъ омада, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он хурсандӣ  мекарданд, ки нишонаи фаро расидани Сада буд.

 Инчунин бахшида ба ҷашни мазкур намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳо, донагиҳо ва маҳсули ҳунармандони ноҳия ташкил карда шуд.

Барномаи идонаи аҳли фарҳанги ноҳия бахшида ба ҷашни мазкур пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

        Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод

 Дар ноҳияи Зафаробод санаҳои 11-12 январи соли равон мулоқоту вохуриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов», №16 Акрамзода Баҳодур ва аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен», №25 Аҳматҷон Қобилов оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд.

Чунин як вохӯрии судбахш дар бинои Коллеҷи омӯзгории ноҳия бо кормандони соҳаи маориф бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Спитамен», №25 Аҳматҷон Қобилов доир гардид.

 Вакили Маҷлиси намояндагон диққату эътибори иштирокдоронро бештар ба масъалаҳои рушди маориф, тайёр намудани  кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани  савияи касбии устодон, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардидааст, ҷалб намуд.

Қобилов А. таъкид дошт, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ кормандони соҳаи маорифи кишварро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати боло бурдани  сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ чораю тадбирҳои амалӣ андешида, дар масъалаи баланд бардоштани  ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани  насли наврас диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар мулоқоте, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳматҷон Қобилов бо сокинони Ҷамоати деҳоти А.Ҷомии ноҳияи Зафаробод баргузор намуд, мазмуну моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро шарҳ дода, аз пешравиҳое, ки солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бадастомада ёдовар шуд. 

Инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов», №16 Акрамзода Баҳодур низ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки  ба номи Ҳамид Алиев ва Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод вохӯриву мулоқотҳо доир намуд.

Дастовардҳои соли 2018, ҳадафҳои  нави стратегии кишвар, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, мақсади эълон намудани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз масъалаҳои  асосии вохуриву мулоҚотҳо маҳсуб меёфтанд.

Дар хотимаи мулоқотҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои сокинони ноҳия ҷавоб дода, ба онҳо баҳри дар амал татбиқ нумудани нуқтаҳои Паёми Президенти кишвар барори кор хост

Вохӯриҳо бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Зафаробод дар руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ доир гардид.

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод

Бояд зикр намуд, ки  пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ анъанаву суннатҳои ниёгон ҳусни тоза гирифта, аз нав эҳё гардиданд.

Санаи 25 январи соли 2019  бо мақсади эҳё намудани таъомҳои миллӣ ва ба ин васила ҷалби шаҳрвандон  ба  сарфакории моҳирона дар вақти оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо, даври ноҳиявии «Озмуни дастархонороӣ» дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод дар тарабхонаи «Шоҳон»  гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз рӯи 5 шарт, яъне истифодаи сарфакории моҳирона дар вақти оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда, риояи анъанаҳои миллӣ дар дастархони оросташуда, мавҷудияти таъомҳои миллӣ дар дастархони оросташуда ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда қувваозмоӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо омодагии хуб дар озмун иштирок намуда, баробари пешниҳоди намудҳои гуногуни таъомҳои миллӣ аз қабили оши палов, қурутоб, шакароб, фатир,  чаботи, қалама, нони дегӣ, тунукча, мастоба, ҳалво, самбуса, манту, хӯришҳои гуногун инчунин аз фолклори минтақаҳои гуногуни кишвар суруд, саҳна ва дубайтиву мисраҳои халқиро пешкаши кумитаи тадорукот намуданд.

Дар ҷамъбасти озмун Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев сазовори  ҷойи аввал, Ҷамоати деҳоти Равшан сазовори ҷойи дуюм ва Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар охир ба ғолибони озмун Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод супорида шуданд.

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод

 

Пас аз шикасати пай дар пайи наҳзатиҳо ва амалҳои зиддимиллии онҳо дар соли 2018, ки яке аз асоситаринашон  созмон додани ба истилоҳ «Паймони зиддимиллӣ», аслан паймони наҳзатӣ буд, онҳо боз ҳам амалҳои душманонаашонро идома медиҳанд. Бо ин ташаккулаи дуруғин ва наҳзатмеҳварашон роҳбари наҳзатӣ мехост ба мисли хирс пусти хешро вобаста аз ҷави замон иваз намояд ва хешро ба ҳайси роҳбари ин паймон дар чеҳри дунявӣ  ба намоиш дароварад, ки дар он муваффақ нагардида, шармандаву беобрӯй гардид.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар