mt3.org

Тахқиқгарон имрӯзхо шумораи умумии чангиёну мубалағон ва пешсафони гурӯҳҳои террористиро ҳатто камтар аз 400 ҳазор нафар тахмин мезананд. Аммо шумораи сокинони сайёра зиёда 8,5 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Пас, чаро 8,5 миллиард нафар дар мубориза бо 300 ё 400 ҳазор нафар пируз наояд? Посухи ин суол рушан буда, ин ҷо мушкилоти асли аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ манфиат ҷустани қувваҳоиву кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузу қудратманди сайёра мебошад. Ҳамин аст, ки аз сиёсатии дугона ё духураи бархе аз мамолики абарқудрат ва қудратталаб сиёсатмадорони баландпоя ва дар маҷмуъ ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар минбарҳои баланди ҷаҳони зимни таҳлилу баррасии масоили терроризму экстремизм аз тахдиду паёмадҳои ногувори он ба амнияти сайёра, ҳамзамон аз сиёсати духураи баъзе аз кишварҳо сухан меронанд. Чанде қабл дар шахри Риёзӣ Шоҳигарии Арабистони Сауди, ки Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломи ва Иёлоти Муттахидаи Амрико бо иштироки намояндагони зиёда аз 50 кишвари олам баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баромади пурмуҳтаво аз сиёсати дугонаи бархе аз мамолики олам дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм сухан изҳори нигарони карданд. Зимни баромади хеш Пешвои миллат аз ҷумла таъкид намуданд, ки: «Тайи 25 соли охир дар ин самт садҳо ҳамоиши минтақавию байналмилали баргузор гардида, эъломияҳои зиёде қабул гардиданд, қи то ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд. Ба назари мо, истифодаи сиёсати “меъёрҳои дугона” яке аз омилҳои ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда мебошад. Дар натиҷа терроризм ва ифротгарои ҷуғрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар васеъ кардаанд». Агар аз фаъолияти гуруҳу созмонҳои террористӣ баъзе ташкилотҳои бонуфузу кудратманди сайёра манфиатдор намебуданд, пас он ҳама лавозимоту аслиҳаи муосири ҷангӣ ва техникаву таҷҳизот аз қабили нактиёти низоми аз кучо ба дасти ҷанговарони созмонҳои террористӣ афтодааст? Агар баъзе аз кишвархои қудратманд хоҷагони пасипардагӣ ва сарпарасти ифротгароён набошанд, пас чунин гурӯҳҳо аз лиҳози иқтисодӣ чи гуна метавонанд мушкилоте надошта бошанд? Инҳо суолест, ки аз кудратмандон ва сиёсатмадорони ҷаҳон посух металабад. Маҳз ҳамин омилҳо, яъне ҷой доштани “меъёрҳои дугона” ва суистифода аз ҷангу ҷидолҳо, инчунин манфиатҷуи аз фаъолияти созмонҳои террористӣ сабаб гаштааст, ки зиёда аз 8,5 милиард нафар сокинони сайёра дар мубориза бо 300 ё 400 ҳазор нафар террорист оҷиз бошанд.

Аъзои гурӯҳи созанда                       Н.Муҳиддинов

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд