mt3.org

Умр барои инсон ҳадяи нотакрори илоҳист, ки арзиши онро ба ягон ганҷинаи олам муқоиса карда намешавад. Ин неъмати бебозгашт ба он хотир дода мешавад, ки дар ин муддати кутоҳ аз зебоиҳои олам баҳра бардорем, олами зиндагии худро бо зебоиҳо оро дихем, ба қадри ҳар як наздикони худ бирасему бо тафохур аз Ватани озоду маҳбуб зиндагонӣ намоем. Бо чашмони худ гувоҳем, ки Тоҷикистони маҳбуб дар замони Истиқлолият ба чӣ дастовардҳои беназир ноил гардиду сарвари он чӣ ҷонбозиҳоро аз сар гузаронид, то Ватан обод бошаду халқаш дилшод. Халқи тоҷик аз азал мардуми бо нангу баор ва дорои тамаддуни воло будааст. Аммо имрӯз чӣ шуд, ки он арзишҳои меънавии худро аз даст дода истодаем?! Тамоми бузургони ниёконамон таълимоти диниву дунявиро дар ҳадди воло аз худ карда буданду дар ин шоҳроҳ ба макони амн расида. Албатта буданд дар ҳар давру замон шахсиятҳои манқурти ҷомеа, ки оромии мардумро халалдор менамуданд, аммо на ба он ҳадде, ки имрӯз «фарзанди Ватан» зидди модар-ватани худ теғ кашида истодааст. Аз ҳисоби надоштани маълумоти кофӣ имрӯз фирефтаву бозичаи ифротгароёни хориҷа гаштаанд. Аламовар он аст, ки дини поки Исломро  ниқоб намуда, зери Ҳизби наҳзати Ислом амалҳои ифротӣ намуда истодаанд. Гӯё бо ин амали худ Ҷаннати охиратро ба даст меоварда бошанд. Кӣ кас бо вайрони кардани Ҷаннат (Тоҷикистони азиз) ҷаннати дигареро обод ва ё ба даст оварда бошад. Ҳол он ки чандин асрҳо пеш Ҳаким Умар Хайём гуфта буд:

Май бихӯр, мусҳаф бисӯз, оташ андар Каъба зан,

Сокини бутхона бошу мардумозорӣ накун.

Оё он ифротгароён андешае надоранд, ки бо ин амали мардумозоронаи худ чандин модаронро бефарзанд, бародарро бе бародар, фарзандро бе падар, чандин хонаи ободро валангор менамоянду боз ризояти Худоро ба даст меоранд. Ҳаргиз на!

Аъзои гурӯҳи «Созанда», омӯзгори Коллеҷи омӯзгории н. Зафаробод  Игамова Ирода

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд