mt3.org

Ифротгароӣ ва терроризм дин мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифода аз Ислом ба чунин мақсадҳои зист роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон, дар назди қонун ҷавоб гӯянд…                     Эмомалӣ Раҳмон

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Бале, ислом дар зоти худ гуноҳе надорад, ҳар он айбе ки ҳаст аз сатҳи пасти маърифат ва ҷоҳилии инсоният, ки дар саргоҳи он қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон дар мулоқоти худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12 майи соли 2018, дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки «Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад».

Имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз лиҳоз, имрӯз тадбирҳои муҳими ҳамаи давлатҳо барои мубориза ба зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ равона гардидаанд.

Ташкилоти  экстремистии ҲНИТ аз ҷумлаи онҳост, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуд ва барои муваффақ шудан ба мақсадҳои ғаразнокаш ҳатто ҷанги шаҳрвандиро ташкил кард. Бо амалҳои ношоистаи назҳатиҳо шумораи зибди мардуми бегуноҳ кушта шуданд, оқибат чанд сол пешравию инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиёти Ватани азизамон боздошт гардид.

Аммо ба шармандаю бадном шудан нигоҳ накарда, назҳатиҳо имрӯз бо сардории роҳбари фирориашон,ки мисли саги дайду кишвар ба кишвар овора аст, аз ҳар фурсади барои худ муносиб истифода карда, санги маломат ва нафрату бадбинӣ бар сари давлату мардуми Тоҷикистон мезанад, Магар кӯрнамаки Муҳиддин Кабириро модари тоҷик назадааст, ки хиёнат ба Ватан мекунад. Дар аврупо бо пулҳои аз хоҷагони хориҷиаш талабида, ки дар дини Ислом талабидан худ харом аст, сомонаи интернетӣ сохта, дар  он бо дурӯғу туҳмат ва сиёҳкунии Ҳукумати Тоҷикистон машғул шудааст. Мутаассифона, дар даврони мо ҳам, ҷоҳидони худпараст, муллоҳои дуруғини  пайравони Кабирии беватан ҳастанд, ки аз номи Ислом истифода мекунанд ва ҳастӣ ва дору надори мардуми тоҷикро ғорат карда, хуни миллатро мемаканд. Бархе гумроҳон ҳам аз номи Ислом истифода карда ҷавонони тоҷикро ба гурӯҳҳои ифротӣ ва терористӣ даъват мекунанд. Ҳофизи Шерозӣ яке аз барҷастатарин шоирони классиси форсу тоҷик бар ҳақ гуфтааст, ки;

Мабӯс ҷуз лаби соқию ҷоми май ҳофиз

Ки дасти зуҳдфурӯшон хатост бӯсидан.

Аз ин ҷост, ки ТТЭ ҲНИТ дигар дар Тоҷикистони азизи мо  ягон ҷойгоҳ надорад, заифунотавон аст ва пурра нест шудани он ногузир аст. Моро мебояд, ки тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода, идеяҳои нафратангези  онҳоро рад намуда, дар мубориза бо онҳо дар фазои орому озоишта зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Ниёзқулова Д.  - мудири маорифи нохияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд