mt3.org

Хабарҳо

 

Санаи 18 марти соли 2021 интихоботи миёнадаврии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, номзадҳое, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  пешбарӣ гардидаанд, бо сокинон вохӯриҳо ташкил менамоянд.   Як  чанд Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод ба ҳудуди ҳавзаи интихоботии “Ҷаббор Расулов №16” шомил гардида, дар участкаҳои интихоботӣ омодагиҳо худ ҷараён доранд.

Санаи 6 апрели соли 2021 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Ҷаббор Расулов №16” Файзулло Қосимӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ аз участкаҳои интихоботии ноҳияи Зафаробод дидан намуда бо интихобкунандагон мулоқоти пешазинтихоботӣ барпо намуднд. Интихобкунандагон бо шукргузорӣ аз фазои осудаи кишвар ва сулҳу ваҳдатӣ сартосарӣ бо ифтихори ватандорӣ ба дарки масъулияти шаҳрванди ба интихоботи қарибулвуқуъ омода будани худро иброз доштанд. Дар мулоқот интихобкунандагон бо номзад таклифу дар хостҳои худро бюа манфиати рушди ҷомеа иброз намуданд.   

 

Санаи 3-апрели соли 2021 тахти сарварии раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ як гурӯҳ сокинони ноҳияи Зафаробод дар ҳайати собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кишоварзон, соҳибкорон, табибон, омӯзгорон, вакилони халқ, аъзоёни ҲХДТ ва намояндагони касбу кори гуногун чиҳати боздид аз раванди корҳои ободонӣ ва мулоқот бо сокинони сарбаланди Ворухзамин ба ин минтақаи биҳиштосои Тоҷикистон омаданд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба хотири таҷлили шукӯҳманди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома ёфта, аз ҷониби сохтмончиён ва сокинони бунёдкори ин диёр биноҳои муассисаи таълимӣ, қасри фарҳанг, маҷмааи варзишӣ, майдони парчам ва даҳҳо иншооти муҳим бунёд ёфта, роҳҳо обод мешаванд. Дар хоҷагиҳо корҳои кишоварзӣ хуб ба роҳ монда шуда, боғҳои нав бунёд мегарданд. Сокинон руҳияи идона доранд.

Намояндагони ноҳияи зафарманди Зафаробод аз ҳар як иншоот ва раванди муваффақонаи корҳои ободонӣ шинос шуда, бо сокинони ватандӯст ва бонанги Ворухи бостон мулоқоти хотирмон анҷом доданд.

Дар сӯҳбатҳо қайд гардид , ки Ворух сарзамини аҷдодии тоҷикон маҳсуб ёфта, дорои таърихи қадим ва бо фарзандони далеру барӯмандаш ифтихори Тоҷикистон мебошад.

Гурӯҳи намояндагии ноҳияи Зафаробод аз номи тамоми мардуми заҳматқарини ноҳия ворухиёнро таъкид доштанд, ки зафарободиён ҳамеша дар паҳлӯи онҳоянд ва медонанд, ки Ворух пораи хоки Ватан ва гӯшаи ҷудонопазири Тоҷикистон мебошад.

 

Имрӯз дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии ноҳияи Зафаробод маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида.

Дар маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ Роҳбарияти ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, коммиссари ҳарбии ноҳия Усмонзода Илҳом, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои  ноҳия ва волидони даъватшавандагон ширкат намуданд.

Дар маросими гусели аввалин гуруҳи ихтиёрии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ суханронӣ намуда, иброз дошт: “ Боиси ифтихору қаноатмандист, ки аксар ҷавонони ноҳияи мо дар қатори ҳазорон ҷавонони кишвар ҳар сол ба хизмати Ватан-Модар ихтиёрӣ сафарбар шуда, барои пойдории сулҳу ваҳдат, тинҷию осудагии Тоҷикистони маҳбуб    саҳмгузорӣ мекунанд. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Зафаробод бо интизоми хубу хизмати софдилона дар ҳамаи гӯшаю канори ватани азизамон дифои қарзи шаҳрвандӣ намуда, обрӯю эътибори ноҳияро  баланд мебардоранд. Боварии комил дорам, ки имрӯз ҳар яке аз наваскарони ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбаршаванда бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан хизмат менамоянд”.

Навдаъватшаванда Махкамов Эҳром  баромад намуда, қайд кард, ки мо ҷавонон барои ҳимояи Ватан-Модар хамавақт тайёр мебошем.

Зимнан, дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия ба  20 нафар навдаъватшавандагон шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ки аз тарафи Кумитаи ноҳиявии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омода гардида буд, тақдим карда шуд.


Тантанаҳои ҷашни Наврӯзи оламафрӯз  ба  кишвари азизамон фаро расида, ин ҷашни  фархундаи миллиро ҳар як сокини мамлакат  бо сарфарозӣ истиқбол мегирад.

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар комендатури сарҳадии Зафаробод ҷашни Наврӯз ташкил карда шуда, ба сарбозону марзбонони шуҷоъи Ватан дастурхони наврӯзӣ ташкил карда шуд. Дар маросими тантанавии ҷашнӣ табрикоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҷониби намояндаи КИ ҲХДТ дар вилоят Зоҳидов Фаррух ба хизматчиёни ҳарбӣ расонида шуд. Ҳамчунин раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Шарифзода Туйғун, раиси шурои собиқадорни ҷангу меҳнат Рустамов Заҳриддин , вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдураҳмонзода Малоҳат сарҳадбонони диловари марзи кишварро ба  фарорасиии Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош намуданд. Барномаи омоданамудани ТИ “бахши фарҳанги ноҳия” ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшид. Аз чониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба китобхонаи комендатура китобҳои тозанашр тақдим карда шуд.

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд