Санаи 23 феврали соли 2018 дар ноҳия ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.

Дар Қасри фарҳанги «Зафар» маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, кормандони комиссариати ҳарбӣ, афсарону хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳҳои сарҳадии дар ҳудуди ноҳия ҷойгирбуда, ҷанговарони байналмилал, сохти конститутсионӣ ва фаъолони ноҳия баргузор гардид. Иштирокчиёни ҷамъомадро раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати иди Артиши Миллӣ самимона табрику шодбош намуданд.

Дар ҷамъомад ба як гурӯҳ афсарону хизматчиёни ҳарбӣ, ҷанговарони байналмилал, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва фаъолон ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Барои иштирокчиёни тантанҳои ҷашнӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ дар ҳамаи дидбонгоҳҳои сарҳадии дар ҳудуди ноҳия ҷойдошта аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастархони идона ва барномаҳои варзишию фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба ду нафар собиқадор Эрбеков Тошпӯлот - иштирокчии ҷанги Венгрия ва Зарипов Неъмат-иштирокчии барқароркунии сохти констутсионӣ туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд супорида шуд.

Таҷлили 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод бо омодагии ҳаматарафа ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаронида шуд.