Санаи 27.06.2018 вохӯрии Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳия баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Пешвои муаззами миллат оид ба амалҳои нек аз қабили ободкориву созандагӣ суханрони намуда, таъкид карданд, ки имрӯз ҳар як фарди ватандӯсти кишвар метавонад, ободкор бошад ва баҳри таъмини шароити хуби зиндагӣ дар кишвар саҳми хешро гузорад.

Пайваста бо ин ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод низ тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди ноҳия вохӯриҳо доир намуда, муҳтавои суханронии Пешвои миллатро ба мардуми ноҳия расонида, онҳоро ба ободкорӣ ҳидоят намояд.

Дар оғози вохӯрӣ  раиси ноҳия муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки имрӯз ҳар сокини бонангу номус метавонад дар раванди ободкориву созандагии  ноҳия саҳмгузор бошад.

Сипас  таъкид гардид, ки дар ҳудуди Ҷамоат Маркази саломатӣ вуҷуд дошта, солҳои тулонӣ ба мардум хизмат менамояд. Маркази мазкур соли 1966 сохта шуда то ба ин дам боре аз таъмир кулл бароварда нашудааст. Яъне имрӯз мебояд, ки маркази мазкурро аз таъмири кулл баровард.

Раиси ноҳия сокинони Ҷамоатро ба обод намудани маркази саломатии мазкур даъват карданд. Ин ташаббуси ободкоронаи раиси ноҳияро сокинони Ҷамоат ба хуби пазируфтанд. Як нафар собиқадори меҳнат Турдиев Бозорбой, ки солҳои дароз дар Ҷамоати мазкур зиндагӣ мекунад, суханрони намуда қайд кард, ки мехост бо пасандози ҷамъ намудаи худ сафари ҳаҷ намояд, аммо баъди суханронии раиси ноҳия тасмим гирифтааст, ки маблағи ҷамъ намудаашро, ки ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ мебошад барои таъмири Маркази саломатии мазкур харҷ намояд. Инчунин дигар сокинони Ҷамоат низ суханрони намуда таъкид намуданд, ки саҳми хешро дар раванди таъмири Марказ мерасонанд. Дар охири вохӯрӣ раиси Ҷамоати Меҳнатобод Шукуров З. баромад намуд таъкид кард, ки якҷоя бо мардуми ободкори Ҷамоат Маркази саломатиро то ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз таъмири кулл мебароранд.

Чунин иқдоми нек дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шуда, сокинони ноҳия ба ободкориву созандагӣ ҷалб гардидаанд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия