Санаи 15 майи соли 2018 дар Қасри фарҳанги ноҳиявии «Зафар» дар арафаи моҳи шарифи Рамазон  раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода бо раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ, сархатибони масҷидҳои ҷомеа ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, кормандони соҳаи кишоварзӣ, аминони маҳаллаҳо, донишҷӯёни литсею коллеҷҳо  ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир намуд.

Раиси ноҳия оид ба муҳтавои асосии «Суханронии Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо намояндагони ҷомеи кишвар»  баромад намуд.

Баъди суханронии раиси ноҳия сардори шуъбаи дар Зафаробод будаи кумитаи амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Ф.Ш. оид ба мубориза ба зидди ҳаракатҳои террористӣ-кстремистӣ, муовини директори Маркази  пешгирӣ ва мубориза бар муқобили вируси норасоии масъунияти одам Содиқов О.Қ. оид ба ҳифзи солимии ҷомеа  ибрози ақида намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин чанд тан аз  зиёиён, ходимони дин, соҳибкорон аз  аз ҷумла  сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳия Нуриддин Насриддинов, соҳибкорон -Кенҷаева Шаҳло, Нормаматов Абдусмад, ҷонишини сарвари литсейи шаҳраки Меҳнатобод - Тошев А., собиқадори соҳаи маориф  Оча Зиёева, раиси хоҷагии деҳқонии «Угук» - Бегов Мирзо ва дигарон баромад карда, нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, дастгирии ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, иҷрои ҳатмии қонуну қарорҳои давлатӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ карданд.

Зимни баромади худ соҳибкорони ватандӯсти ноҳия асосан ташаббус пеш гирифтанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати неку ояндадори роҳбарияти давлату ҳукумат дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути таъмиру тармим ва сохтмони роҳҳо, мактабҳо, марказҳои тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти зарурӣ, фаъолона иштирок мекунанд.

Дар охир  раиси ноҳия бо итминон иброз дошт, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю кӯшиш хоҳад кард.