mt3.org

Хабарҳо

Кӯмаки хайриявии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ба беморхонаи марказии ноҳия ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Зафаробод.

 

 

Ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳаи кишоварзӣ аз нисф зиёди аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунад. Рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо ҷиҳатҳои иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, зеро 46 фоиз аҳолии (34879 нафар) қобили меҳнат дар деҳот зиндагӣ доранд.

Кишоварзони ноҳия ҳосили фаровони ғалладонаро аз фурсати муносиб аз боду ҳаво истифода карда, ҷамъоварӣ намуда истодаанд.

 

 

Зи ҷабру зулми Искандар, зи хунхории Чингизхон,

Низои дину мазҳабҳову бедоди ҷаҳонгирон,

Аз он савдогарони шаҳр – қаллобону ҳаннотон,

Аз он дуздони моли хешу ҳам мероси аҷдодон,

Зи дасти манғиту турку араб, аз ҷаҳли барбарҳо,

Зи андозу хироҷу боҷ, аз даргоҳи бедарҳо,

Зи чоҳу кундаву занҷир, аз зиндону завлона,

Зи минбарҳои бепоя, зи маснадҳои шоҳона,

Зи дасти сарнавишти хеш – аз тақдири пешонӣ

Паноҳ овардӣ дар куҳсор, эй марди куҳистонӣ.

Ин чанд байт аз эҷодиёти устоди ватансаро Лоиқи зиёдаёд моро водор сохт, ки ба саҳфҳаҳои таърих бори дигар варақ занем. Хуб медонем, ки мамлакате, ки аз ҳама ҷиҳат рушду нумуъ ёфтааст ва дар он ободиву сулҳу субот ҳукмфармост диққати кишварҳои дунёра ба худ ҷалб месозад. Табии буд, ки он давлатҳоро мехостанд сарони давлатҳои хориҷа ба даст оранд. Дар таърих ҳар амири шуҷоъ ё сарлашкари қудратманд пеш аз лашкаркашияш ибтидо нақшаи ҳуҷумро таҳия мекардааст. Он мамлакатро аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, сиёсати давлатдорӣ, манбаи даромад, истеҳсолот, ҷойгиршавии шаҳру деҳтҳо хуб меомӯхтааст. Барои маълумоти дилхоҳро пайдо кардан аз ҷосусҳои он кишвар истифода менамудаанд.

Дар натиҷаи тадқиқоти олимону муаррихони хориҷӣ муайян гардидааст, ки сарлашкари тавонову хунхор, сардори Империяи бузурги муғулҳо Чигинзхон (номи аслиаш Темучин), ки наздик нисфи дунёро мусаххар карда буд ва оид ба зулму кушторҳо, ғасби ваҳшиёнаи кишварҳо, бераҳмиву хунхориҳои ў маълумотҳо бо санадҳо исботи худро ёфтаанд. Бо вуҷуди доштани лашкари андак, забт намудани мамлакатҳои аз худ ду ё се баробар бузург чӣ тариқа муяссар гардидааст?

Мегӯянд, Чингизхон мамлакатҳоеро зери чашм мекард, ки аз ҷиҳати тамаддун, маданият, фарҳанг, иқтисодиёт, тиҷорат пешрафта буд. Ӯ ҳеҷ ҳароси мағлуб шуданро надошт, зеро ба њиллаи худ эътимоди зиёд дошт. Боре, барои мағлуби Империяи қудратманди Хоразмшоҳиён аз ҷосусони саводогари он мамлакат кишвар, махсусан аз хиёнати тољир Маҳмуди Ялвоч истифода намуда буд. Чингизхон бо ҳар гуна давлату мансаб ўро фиреб дода аз асрори давлати Хоразмиён огоњ гардид ва ба осонї онро забт намуд. Шояд ин гуфтаҳои Лоиқ далолати ин суханҳобошанд:

Зи ҷабру зулми Искандар, зи хунхории Чингизхон,

Низои дину мазҳабҳову бедоди ҷаҳонгирон,

Аз он савдогарони шаҳр – қаллобону ҳаннотон,

Аз он дуздони моли хешу ҳам мероси аҷдодон,

Пас аз муваффақияти лашкаркашияш ҳеҷ раҳме ба он хоинон намекард. Маълумоте мавҷуд аст, ки ғаниматҳои ҷангиро, ки тиллову нуқраву ашёҳои гаронарзиши хеле зиёд буданд ба акчанд лашкар супориш медод, ки дар фалон ҷо чоҳ кананд ва дар он пинҳон намоянд. Баъди анҷоми кор онҳоро ба қатл мерасонид ва ҳатто он ҷаллодоне, ки онҳоро ҷатл карда буданд, онҳоро низ нест мекард. Бо ҳамин роҳ амнояти худ ва молашро таъмин мекард, яъне фақат дар сар андешаи худро дошт, на каси дигарро!

Аз замони Чингизхон даҳ ҳазор сол гузашта бошад ҳам номи ӯ дар таърих монд, аммо он хоинон то охират бори лаънатро бар худ гирифтанд. Имрӯзҳо низ ҳастанд Чингизоне, ки бар Тоҷикистон нодири мо, ки дар асоси кашмакашиҳои сиёсии душманони ватаниву хориҷӣ истиҷлолияти худро ба даст оварда, айни замон озодона дар асоси неъматҳои бофароғат мардуми он зиндагӣ доранд.

Тоҷикистон дар қуллае қарор дорад, ки зиндагиро зери айнаки сулҳу дӯстӣ назора дорад. Буданд хоинони ватанфурӯши кӯрнамак, ки аз марзи ватан берун истода, ба чашми модар найза рост мекарданд. Яке аз чунин нафарон дар замони муосир собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони гумроҳашанд, ки шармандавор дар байни мамолики хориҷӣ миллати тоҷикро мазаммат карда, асолати худро ба андак ваъдаҳои хоҷагони хориҷияш фурӯхта истодаанд. Дар ягон китобҳои исломӣ, дар ягон ҳадис, дар ягон оятҳои қуръонӣ намодааст, ки дар рӯи замин фасод кунед, иғво андозед, ғайбат кунед, нисбати Ватан хоинона сар бардоред, чашми бадбин дошта бошед, туҳмати ноҳақ нисбати бародари муслим дошта бошед. Баракс Ислом моро ҳамеша ба некандешиву некӯсуханӣ ва ба роҳи рост раҳнамоӣ месозад. Дӯст доштани Ватанро аз имон медонанд ва шоҳро сояи Худо дар замин меандешанд. Агар шоҳ дар замин ноадолативу зулм кунад қазоваташ дар дасти Худо на ин ки дар дасти фуқаро.

Мардони баномуси тоҷик аз даврони пайдоиш бо меҳнати ҳалолу рӯзии дарёфтнамудаашон ҷаноат мекарданд. Агар норозигие дшта бошанд рӯи рост муроҷиат мекарданд ва талаби адолатро озодона мекарданд. На ин ки дур аз Ватан рафта бо иғво саргарм мешуданд.

Нафароне ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҷавле “тарсончакона” зери як сақф ҷамъ омада, кӯшиш доранд, ки ба руҳияи мардуми тоҷик халал расонанду зеҳни онҳоро заҳролуд созанд. Аммо онҳо огоҳ нестанд, ки мардуми тоҷик дигар ба ин фитнаҳову шӯру мағалҳои онҳо бовар намекунанд, дигар миллати тоҷик тобеи фикри ҳеҷ кас нест, худ хулоса мебароранд ва хайрро аз шар ҷудо карда метавонанд. Баракс аз болои онҳо механданд, ки қадар шармандаву нокас ҳастанд. Аз вуҷуди онҳо нафақат халқи тоҷик, балки падару модароне, ки онҳоро ба дунё оварданд нафрат доранд. Онҳо кӯрнамакони беватан ҳастанд. Оқибати кори онҳо марги сарсонӣ ҳаст.

Аз рӯи пайнавиштҳо, вокунишҳо ва ҷавобияҳои матнҳои гузошта ба сомонаи ISLOH.net маълум мегардад, ки мардум нисбати онҳо чӣ ҷадар нафрату бадбинӣ доранд.

Мо имрӯз як иттиҳоди бузургем, ки наметавонад суботи моро ягон ағёр халалдор созад. Мо аз тоҷик будану тоҷикистонӣ будани худ ифтихор дорем, мо пайравони Пешвои миллатем!!!

Ирода Игамова -узви фаъоли ҲХДТ, номзади илмҳои филологӣ

 

 

 

Тоҷикистон кишварест, ки бемайлон рушд мекунад. Албатта ин пешравиҳо ба манфиати душманони миллат ва хосатан ташкилоти террористиву Паймони миллӣ нест ва сад дар сад хилоф аст. Аз ин рӯ ин хоинон бо сафсатагӯйи ва гуфтаҳои беасос ва бебунёд мехоҳанд, ки мардумро ҳамеша дар рӯҳияи ноумедӣ ва тарс нигоҳ дошта бошанд. Ин гурӯҳҳо тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, дигар иқтидор надоранд ва ба мардум таъсире ҳам расонида наметавонанд. Аммо сухан дар он меравад, ки хоҷагонашон ин лӯхтакҳоро дар саҳна бо нақши сиёҳ бозӣ медоранд ва ба манфиати шахсӣ ва гурӯҳии худро тавассути ин гарангону сустиродагон истифода мекунанд. Аксарият бинобар сабаби кам будани вақт ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ фирефта мегарданд ва бештар ҳамин ҳолат сабаби бой додани мустақилияти инсонҳо мегардад. Як сабаби аслии гумроҳ шудани ҷавонон ҳам маҳз ҳамин аст, ки аз саросемагӣ ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ онҳо наметавонанд, мавқеъгирӣ намоянд. Аслан дар ҳолати ноумедӣ қарор доштани инсонҳоро гурӯҳҳои ифротӣ зиёд истифода намуда, дар наздиктарин фурсат инсонро гумроҳ менамоянд.

Саркардагону роҳбарони ТЭТ ҲНИ аз ин раванд истифода намуда, тариқи паҳн намудани ахбори бардурӯғ, овардани далелҳои нодурусту бепоя, танқиди шахсиятҳо ва ворид шудан ба ҳарами шахсӣ ба боварии мардум медароянд ва дигаронро гумроҳ сохт. Чизи дигаре, ки Кабирӣ ва дигар хоинон истифода менамуданд, ин фанатизми динӣ мебошад, ки садҳо ҷавон ба ҳамин роҳ қурбон шуданд. Акнун ҳамаи ин нағмаву формулаҳои Кабирӣ ошкор гардид ва ҷавонон дигар бо дурӯғу афсонаҳояш бовар намекунанд ва ин ба он боис гардид, ки палидони наҳзати бо номи нав худро муаррифӣ созанд.

Як нишони бесоҳибиву бемантиқии кори Кабириву ҳаммаслакони террористиаш ҳамин мебошад. Акнун биёед як андеша кунем,ки чи тавр инҳо метавонанд сиёсатмадор бошанд??? Албатта чунин андешидан ҳам аблаҳии маҳз аст. Зеро террорист ҳаргиз ба манфиату халқу давлат кор намекунад.

Тарафдорони ТЭТ ҲНИ, ки ҳамагӣ чанд нафар боқӣ мондаанду халос имрӯз низ бо гуфтаҳои бедалел ва бардурӯғ боз мехоҳанд ҷавононро гумроҳ созанд. Кабирии хоин дигар тарафдор надорад ва мавқеашро аз даст додааст. Симои разилаш имрӯз барои миллат ошкор гардидааст ва мардум медонанд, ки ин аблаҳ барои чи ин қадар талош мекунад. Мақсади аслии Кабирии ватанфурӯш ҳамин аст, ки манфиати худро дар ҳама ҳолат ҳимоя намоянд. Ӯ фақат барои ҷайби худ фикр мекунанд ва мехоҳанд, ки ба курсии давлатдорӣ нишаста, боз ҳам зиёдтар мардумро ғорат кунанду касе онҳоро чизе нагӯяд. Ташкили ПМТ барои Кабирии хоин фақат як лоиҳаи тиҷоратӣ ҳасту халос. Барои ПМТ сухан на аз манфиати динӣ мераваду на аз ҳифзи фарҳангу таърихи миллат. Ин ташкилоти таъсисдодаи хориҷиҳост, ки бар зарари миллат кор мекунад ва аз ин ҳисоб Кабирии палид пул кор мекунад.

Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо иваз намудани симои зоҳирии худ яъне, Паймони миллии Тоҷикистон ба мардум чӣ манфиат меоварад? Дар ин маврид даҳҳо саволҳои дигарро метавон пешниҳод сохт аммо, бояд донист, ки дар қафои андешаҳо ва амалҳои пасипардагии Муҳиддин Кабириву Шарофиддин Гадоеву Сайидюнуси Истаравшанӣ ва чанд тан роҳгумзадагони дигар кишварҳои хориҷии манфиатдор ва инсонҳои зархарид истодаанд. Имрӯз мардуми тоҷик лаънат мефиристад ба ҳар амалҳои хиёнаткорона, ватанфурӯшиву дурӯягӣ ва дурӯғу фитнаангезиҳои ин гурӯҳи ҷинояткорону хоинони ватан...

Паймони миллии Тоҷикистон саропо бофтаву сохта ва пайравони гумроҳшудагон буда, дар ноором сохтани Тоҷикистони соҳибистиқлол даст доранд. Барои ин шахсони ватанфуруш, зану фарзанд, волидайн, оила, ҷомеа ва давлату миллат ҳеҷ арзише надорад. Зеро онҳо ҳақиқатро дида наметавонанд ва ҳар сухан барояшон ҳеҷ аст.

Як нишони бесоҳибиву бемантиқии кори Кабириву ҳаммаслакони террористаш ин гумроҳ кардани ҷавонон мебошад. Зеро террорист ҳаргиз ба манфиату халқу давлат кор намекунад.

Назирҷон Муллоев

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар