Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, насби шиору овезаҳо вобаста ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ба роҳ монда шуда, дар байни муҳассилину донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Санаи 15 марти соли равон дар ҳудуди ноҳия Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» гузаронида шуд. Мутобиқи нақша гурӯҳҳои тарғиботии ноҳия аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар мавзеъҳои аҳолинишин ва ташкилоту корхонаҳои ноҳия сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Рӯзи ягонаи ахбор дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту идораҳои ноҳия бо омодагии ҳаматарафа ва дар сатҳи баланди сиёсӣ гӯзаронида шуд.

 

Санаи 21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки зиёда аз 6000 нафар сокинони ноҳия чорабинии ҷашнӣ ташкил ва  гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати  зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акмалзода Носир Қодир ва раиси ноҳия иштирок намуда, табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббоӣ Аҳмадзода ва раиси ноҳияро ба ҳозирин расониданд.

 

Дар арафаи баргузории рӯзҳои ид бо ташабуси Раиси вилояти Суғд ба 4 нафар собиқадорони ноҳия маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ расонида шуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатманд аёдати як зумра ашхоси ниёзманди аҳолии ноҳияро ба роҳ монданд. Инчунин ба 70 нафар оилаҳои камбизоат ва камбизоаттарин, 11 нафар ятимони кул ва 12 нафар собиқадорони меҳнат маводи хӯрока дастрас карда шуд. Дар ҳамаи дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳия дасторхони идона ороста ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ баргузор гардид.

Дар рӯзи ҷашн барои зиёда аз 400 нафар собиқадорони меҳнат, шахсони баруманд, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, ҷанговарони байналмилал, оилаҳои камбизоат, маъюбон ва ятимони кул дастурхони идона ташкил карда шуд.

Барномаи омоданамудаи аҳли фарҳанги ноҳия таҳти унвони «Пайки Наврӯзӣ» ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшид.

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар ноҳия бо рӯҳияи баланд ва хотирмон баргузор гардид.